Даргузашти Меҳмон Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон

Меҳмон Бахтӣ, шоир, нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик ва раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бар асари беморие, ки дошт, дар синни 81-солагӣ даргузашт.  Дар ин бора фарзанди шоир Сарвар Бахтӣ шаби 19-уми май дар Фейсбук хабар дод. Меҳмон Бахтӣ аз насли дувуми шоирону адибони шӯравии тоҷик буд. Ӯ хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд.  […]

Меҳмон Бахтӣ, шоир, нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик ва раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бар асари беморие, ки дошт, дар синни 81-солагӣ даргузашт.  Дар ин бора фарзанди шоир Сарвар Бахтӣ шаби 19-уми май дар Фейсбук хабар дод.

Меҳмон Бахтӣ аз насли дувуми шоирону адибони шӯравии тоҷик буд. Ӯ хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. 

Солҳои зиёде дар дар телевизиони Тоҷикистон, "Тоҷиктелефилм" ва Театри Лоҳутӣ кор карда, муаллифи филмнома ва намоишномаҳои зиёде мебошад.

Меҳмон Бахтӣ пас аз Аскар Ҳаким дар соли 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд, ки то соли 2015 ин масъулиятро ба дӯш дошт.  Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ буд.

Меҳмон Бахтӣ соли 1941 дар ноҳияи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навободро хатм карда буд. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) низ таҳсил кардааст.

Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё» буд. 

Қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Се соати даҳшатбор", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин" ва маҷмӯаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", "Оҳанги хаёл" ва дигаронро навиштааст.

Намоишномаҳои "Фирдавсӣ", "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" ва "Тилисми Сайҳун" ("Нангбардори Хуҷанд") низ ҳосили заҳматҳои ӯст. Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" даргузашти шоиру нависандаи тавоноро ба ҷомеаи фарҳангиву адабии кишвар ва ба хонаводаи муҳтарами эшон таслият арз мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.
 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.