spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Маҳфили 90-солагии Муъмин Қаноат ба далели марги Меҳмон Бахтӣ ба вақти дигар гузошта шуд

Маҳфили шеъру суруд ба ифтихори 90-солагии шоири саршиноси тоҷик Муъмин Қаноат, ки қарор буд, соати 14.00-и имрӯз, 20-уми май дар Иттифоқи Нависандагон баргузор шавад, ба далели марги Меҳмон Бахтӣ, раиси собиқи ин ниҳод ба вақти дигар гузошта шудааст.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки дар мавриди кай баргузор шудани маҳфили ёдбуди устод Муъмин Қанот, ин ниҳод иловатан хабар медиҳад.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз бунёдгузорони шеъри нав  ва аз сардамдорони шеъри миллӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик аст, ки соли 2018 дар сини 86-солагӣ даргузашт. 

Муъмин Қаноат солҳои зиёде дар Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон  ба унвони муовини раис дар замони Турсунзода ва ба сифати раиси ин ниҳод пас аз марги Турсунзода то поёни Шӯравӣ кор мекард. Ӯ дар поёни умри Шӯравӣ вакили маҷлиси ИҶШС буд.

Маҷмӯаҳои ашъори Қаноат –«Шарора»,«Ситораҳои замин», достонҳои «Мавҷҳои Днепр» (ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), «Оташ» (бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак), «Суруши Сталинград» (корномаи қаҳрамонони Ҷангои Ҷаҳонии Дувум), «Тоҷикистон – исми ман» (даъват ба бедории миллӣ), «Гаҳвораи Сино»,«Ситораи Исмат», «Масъуднома» дурдонаҳои адабиётанд.

Мӯъмин Қаноат аз пурнашртарин шоирони тоҷик дар тамоми ҷаҳон аст. Намунаи осори ӯ борҳо ба русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испанӣ, муғулӣ ва забонҳои дигар нашр шуда ва ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳм гузоштааст.

Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи Улуми Тоҷикистон буда, чандин мартаба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...