spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Муҳоҷирони тоҷик украиниҳоро дар Лаҳистон иваз карда метавонанд?

Мардони украиниро, ки барои ҷамъоварии ҳосили буттамевагиҳо ва дигар меваҳо ба Лаҳистон (Полша) намеоянд, коргарон аз Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама аз Қазоқистону Ӯзбекистон иваз карда метавонанд. Дар бораи Тоҷикистон ҳоло сухан намеравад.

Нашрияи лаҳистонии Rzeczpospolita менависад, тибқи пешгӯиҳо, садҳо коргарони мавсимӣ аз Украина ба Лаҳистон намеоянд.

Охири моҳи апрел дар ин кишвар қариб 1 млн нафар коргарони хориҷӣ ба қайд гирифта шуда буданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бо маоши 1,5-2 ҳазор фунт стерлинг. Як ширкат тоҷиконро барои кор ба Бритониё даъват кардааст

“Аз чор се ҳиссаи онҳо украинӣ буда, аз ин шумор 132 ҳазор нафарашон паноҳандагон мебошанд ва ба кор оғоз намуданд, – менависад нашрия. – Ба онҳо пур кардани ҷойи ҳудуди 100 ҳазор нафар мардони украинӣ, ки ба ҷанг рафтаанд, душвор аст”.

Камбуди қувваи корӣ аллакай дар истеҳсолкунандагони сабзавоту меваҳо ва ширкатҳои сохтмон ба мушоҳида расидааст.

Януш Пехотсинский, вазири собиқи иқтисод ва феълан президенти Палатаи савдо ва саноати Лаҳистону Осиё мутмаин аст, ки коргарони хубу боинтизом, аз ҷумла мутахассисони камёфт, аз қабили кафшергарону ронандагон ва бинокоронро дар кишварҳои пасошӯравӣ, асосан дар Ӯзбекистону Қазоқистон пайдо кардан мумкин буда, таҳримҳои нисбати Русия ҷоришуда ҳазорон ӯзбекону қазоқон ва арманҳои машғули кор дар ин кишварро бекор монданд.

“Барои дарёфти кадрҳои ҳирфаӣ мо бояд ба Ӯзбекистону Қазоқистон афзалият диҳем”, – чунин мешуморад Пехотсинский.

Ба гуфтаи ӯ, имзои Созишнома бо Вазорати меҳнати Ӯзбекистон, ки барои дарёфти коргарони муносиб барои ширкатҳои Лаҳистон мусоидат мекунад, роҳи ҳалли хубе хоҳад буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Коргари фермаи кишоварзӣ дар Русия

“Дар аввал 2 ҳазор нафар мутахассисони камёфтро даъват кардан мумкин аст ва агар муваффақ шаванд, боз якчанд ҳазор нафари дигарро метавон даъват намуд. Аз тарафи дигар, донишҷӯёни ӯзбеки факултаҳои кишоварзӣ дар доираи таҷрибаомӯзӣ метавонанд ба боғу майдонҳои кишвар оянд.

Палатаи савдо ва саноати Лаҳистону Осиё ба намояндагони ҳукумат пешниҳод намудааст, ки Ӯзбекистон ба рӯйхати шаш кишваре шомил гардад, ки нисбати онҳо расмиёти соддаи қонунӣ кор кардан ва ҳузур дар Лаҳистон (бар асоси эъломия) амал мекунад. Ин расмиёт тӯли чандин сол ҷалби коргаронро аз Украина, Беларус, Гурҷистон ва Арманистон осон мекард. Аз ин пешниҳод Агентиҳои таъмин бо шуғл истиқбол мекунанд.

Ҳарчи бештар ширкатҳо дарк мекунанд, ки бояд роҳҳои алтернативии иваз кардани ҷойҳои холии коргарони Украина ёфта шавад ва илова бар ин, ҳоло маълум нест, ки онҳо пас аз ҷанг бармегарданд, – иброз доштааст Томаш Дудек, мудири иҷроияи Otto Work Force Central Europe.

Айни замон расмиёт барои 200 қазоқистонӣ, ки тибқи қарордод барои корхонаҳои мошинсозӣ ва логистика ба кор гирифта шудаанд, анҷом дода мешаванд.

Дар мавод зикр мешавад, ки расмиёте, ки метавонад то 5 моҳ вақтро гирад, мушкили асосӣ дар кҷалби коргарон аз Осиёи пасошӯравӣ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳоҷирон дар майдонҳои кишоварзии Русия

Муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Лаҳистон рафта метавонанд?

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Лаҳистон дар ҷараёни табодули сафарҳои расмии раисиҷумҳури Лаҳистон ба Душанбе дар моҳи октябри соли 2002 ва сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Варшава дар моҳи майи соли 2003 асос гузошта шудааст.

Дар ҷараёни ин сафарҳо 9 санади муҳими байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг, илму маориф ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба имзо расидааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистон мебошанд.

Айни замон заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Лаҳистон дар ҳоли рушд қарор дошта, аз 18 санади ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун иборат аст.

Ҳукумати Лаҳистон дар доираи барномаи мусоидат ба рушд бо Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Тибқи маълумоти расмии Вазорати маориф ва илми Лаҳистон, айни замон дар мактабҳои олии ин кишвар зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Лекин байни санадҳои имзошуда дар бораи ҷалби муҳоҷирони корӣ созишнома вуҷуд надорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон муҳоҷиронро дар Қатар бо кор таъмин карданист. Лекин коргарон дар он ҷо лозим нестанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши ба Лаҳистон рафтанро доранд, барои гирифтани раводид (виза) бояд ба шуъбаи консулгарии Лаҳистон дар шаҳри Тошканд муроҷиат кунанд.

Моҳи феврали соли равон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дода буд, ки зиёд кардани сафарбарии муҳоҷирони кориро ба Лаҳистон дар нақша дорад.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, он замон ҳудуди 300 нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Лаҳистон машғули кор буданд.

Аммо бидуни сафарбарии муташаккилона, ҳангоми сафар ба Лаҳистон одамон аксар вақт ба мушкилоте чун сохтакории ҳуҷҷатҳо, фиреб дар пардохти маош, бақайдгирии сохта ва шароити номуносиби зист дучор шуда, дар ниҳояти кор ба асорат меафтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...