Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар Душанбе дар бораи Муъмин Қаноат чӣ гуфтанд? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар Душанбе дар бораи Муъмин Қаноат чӣ гуфтанд?

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Гурӯҳе аз шоиру нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе, дар маҳфили ёдбуди Муъмин Қаноат Шоири халқии Тоҷикистон аз эшон ба унвjни воридкунанда ва сарпарасти шеъри нав дар адабиёти шӯравии тоҷик ном бурданд.

Ин маҳфили ёдбуд аз сӯйи Иттифоқи нависандагони рӯзи 27-уми май баргузор карда шуд, ки дар он шоиру навbсандаҳо, устодони донишгоҳҳо ва дигар чеҳраҳои фарҳангу адабиёти кишвар ширкат карданд. 

Дар ин маҳфил аз Муъмин Қаноат ба унвони яке аз шоирони барҷастаи адабиёти тоҷику форс, хусусан достоннависи саршинос ном бурда шуд ва зикр шуд, ки Қаноат ба унвони муовин ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон саҳми бузурге дар рушди адабиёти тоҷик гузаштааст. 

Аз ҷумла Аскар Ҳаким, адабиётшинос ва шоири тоҷик мегӯяд, ки Қаноат дар осораш ба муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти мардуми тоҷик пардохтааст.

 “Агар мо номи маҷмуъаҳои устод Муъмин Қаноатро ба ёд биёрем! Ин “Шарора” “Стиораҳои замин” Мавҷҳои Днепр” “Достони Оташ” “Суруши Столинград” “Масъуднома” “Тоҷикистон исми ман” ва дигарон аст. Аз ҳамаи ҳаминҳо маълум аст, ки ин асарҳо фарогирии муҳимтарин ҷиҳати зиндагии мардуми тоҷик аст”, – гуфт  Аскар Ҳаким.

МЕДИА (YOUTUBE)

Муъмин Қаноат 2-юми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Қалъаи Хум, Дарвози ҳозира ба дунё омадааст. Достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд. Муъмин Қаноат тақрибан дар ҳамаи жанрҳои адабӣ шеър гуфтааст, вале дар достонсароӣ муваффақтар аз ҳар каси дигар дониста шудааст.

Ин шоири маъруф ва достонсарои саршиноси адабиёти тоҷик, чор сол пеш 18 май соли 2018 дар Душанбе аз даргузашт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.