Имрӯз гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс дафтарашро дар Душанбе расман боз кард. Дар маросими боз шудани дафтари "Азия-Плюс" намояндаҳои мақомоти шаҳрдории Душанбе, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳо, доираҳои тиҷоративу корӣ, шарикон, расонаҳо, кормандони собиқ ва ҳамчунин хонандагону шунавандагон ва корбарони ҳамаи пойгоҳи «Азия-Плюс» ширкат карданд.
Меҳмонон ба шароити кору эҷоде, ки барои кормандон фароҳам шудааст, ошно шуда навори видеои марбут ба таърихи таъсиси гурӯҳи расонаҳо ва кори ҳамрӯзаи он аст, тамошо карданд.
Мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Азия Плюс" Умед Бобохонов дар маросим таъкид кард, ки ифтитоҳи дафтари нав барои тими кории мо руйдоди муҳимест.
"Аз ин ба баъд, ҳамаи бахшҳои гурҳи расонаҳои мо – нашрия, хабаргузорӣ, радио дар як ҷой ҳастанд. Чанде пештар мо 25-солагии таъсиси худро таҷлил кардем ва амн умедворам, ки дар рушди он марҳилаи тоза оғоз мешавад",-гуфт он.
Ба гуфтаи Умед Бобохонов хеле муҳим аст, ки на танҳо худи фаъолияти корӣ барои коргар фароғат биоварад, балки шароите, ки он вақти кории худро мегузаронад бояд роҳатбахш бошад.
«Кор дар шароити роҳат муассир аст ва натиҷаи мусбат дорад. Умедворам дар ин деворҳо идеяҳо ва тарҳҳои нави халлоқонае таваллуд ва татбиқ мешаванд. Мо дар дафтари худ барои ҷавонон фазои махсус эҷод кардем – омӯзишгоҳи расонаӣ (MediaLab), ки ин ҷо ҷавононе, ки мехоҳем ба ҳамкорӣ ҷалб кунем, омӯзиш мебинанду эҷод мекунанд. Бовар дорем, ки онҳо беҳтарин суннатҳои рӯзноманигории тоҷикро дар шароити нави марҳилаи диҷитол идома медиҳанд», – зикр кард Бобохонов.
Пас аз маросими расмӣ меҳмонон сари як пиёла чой (фуршет) бо ҳам дар мавриди роҳи тайкардаи "Азия-Плюс" ва дигар мавзуъҳои барои якдигар ҷолиб суҳбат карданд.