Дар Душанбе фаъолони маҳфили дарозумрии “Ҳамдилон Опима” ба саҳна (подиум) баромада, нишон доданд, ки дар ҳама гуна синнусол ҳаёт метавонад ҷолибу шавқовар бошад.
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар пойтахт рӯзи 15 июн намоиши мӯди сарулибоси миллӣ барои занон доир гардид. Ҷолибии ин намоиш дар он буд, ки моделҳо занони калонсол буданд.
Маҳфили дарозумрии фаъол “Ҳамдилон-Оптима” гуруҳи ташаббускорест, ки барои нафақахӯрон ташкил шудааст ва онҳоро ба иштироки фаъолона дар зиндагӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим ташвиқ мекунад.