Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд

Asia-Plus

Рӯзи 26 июн дар майдони 800-солагии Маскав дар Душанбе Ҷашнвораи анъанавии 10-уми автомобилҳои қадима ва ретро-мусиқӣ  (Retro auto & Retro music Fest 2022)  баргузор шуд. Дар ҷашнвора ҳудуди 80 автомашинаи нодиру қадимаи истеҳсоли солҳои гуногун, модел ва навъҳои мухталиф ба маърази тамошо гузошта шуд.

Автомашинаҳои қадимае чун «Победа», «Москвич», «Волга», «Запорожец», «Лада», «Chevrolet», «Ford», «Mercedes-Benz», «Pontiac» ва «Volkswagen» мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифтанд.

Яке аз автомашинаҳои сабукрави истеҳоли замон шӯравӣ ЗИС-110 ҷолиб буд, ки бо он Хрушёв дар кӯчаҳои Душанбе равуо карда буд. Автомашина барои маъюбон – “СМЗ" бошад, аз филми фильми «Операция «Ы» и другие приключения Шурика» ба ҳамагон шинос аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба сурати умум, ҳар кадоме аз автомобилҳои дар намоишгоҳ пешниҳодгардида намунаи шоистаи нақлиёти замони худ буд. Дар ҳамин ҳол, ҳамаи автомашинаҳо хеле тозаву озода буданд. Ҳолати онҳо хеле хуб буд, чунки моликони онҳо барои дар чунин ҳолати хуб нигоҳ доштани “аспҳои оҳанин”-и худ хеле зиёд кӯшиш ба харҷ медиҳанд!

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи автомобилҳои қадима танҳо як қисмате аз Фестивал буд. Қисмати дигари он консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик шуд, ки бо суруду мусиқии гузаштаву муосири худ табъи тамошобинонро болида гардониданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар толори Фестивал ин шом гуруҳи “Авесто”, Ҳаётой Муминова, Хуҷаста, Мубориз Усмонов, Ҳабиб Ҳакимов ва Зафар Абдуалимов, овозхонони ҷавон – иштирокчии даври финалии озмуни Central Asia`s Got Talent Фаррух Ҳасанов ва ғолиби озмнуи вокалии Battle Of The Bands Фарахноз Саидова ҳунарнамоӣ карданд. Ҳозирини майдон ҳунармандони дӯстдоштаи худро бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол намудаву бо онҳо ҳамовозиву рақс карданд!

Дар танаффусҳо байни таронаҳо тамошобинон бо ровиёни радиои “Азия-Плюс” (107FM) – Орзу Исоев ва Андрей Соколов фаъолона муколама доштанд. Онҳо озмунҳо баргузор намудаву ҷоизаҳо тақдим намуданд ва меҳмононро ба толор даъват мекарданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (15)















Дар умум Фестивал шавқовару ҷолиб сурат гирифта, баргузории он ба туфайли дӯстони мо муяссар шуд. Шарики кулли Фестивал низоми интиқоли маблағи Contact мебошад. Ба туфайли ин низом садҳо ҳазор нафар тоҷикистониён имкон доранд, ки маблағи худро ба наздикони худ дар Тоҷикистон хеле осону қулай равон кунанд.

Шарики расмӣ шабакаи Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпромнефт” мебошад, ки ба мизоҷонаш дар сатҳи баланд хидматрасонӣ пешниҳод мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.