Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки ба 9 сентябри соли 2026 рост меояд, тасдиқ намуд.
Дар қарори ҳукумат гуфта мешавад, тадбирҳо бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашн, таблиғу тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва беҳтарин арзишҳои миллӣ андешида мешаванд.
Гуфта мешавад, хароҷот ба ҷашн аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ гардидаанд, таъмин карда мешавад.
Дар Нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла тайёр кардани лавҳа, тамғаву нишон, медалу тангаҳои хотиравӣ, ташкили конфронсҳои байнулмилалӣ, гузашти низомӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
То ҷашни 35-солагии истиқлолият дар саросари кишвар сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 568 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар қаламрави Ноҳияҳои тобеи марказ сохтмони 145 иншоот, шаҳри Душанбе – 136, вилояти Суғд – 129, вилояти Хатлон – 116 ва ВМКБ – 42 бинову иншоот дар назар аст.
Дар ин давра кӯдакистону мактаб, муассисаҳои тиббиву марказҳои варзишӣ, биноҳои нави мақомоти давлатӣ, меҳмонхона, роҳҳои мошингард, марказҳои логистикӣ, IT-паркҳо ва дигар бинову иншоот сохта хоҳанд шуд.