spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Довталабони тоҷик кадом мактаби оливу чӣ гуна ихтисосҳоро интихоб мекунанд?

Имсол ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ 43 998 нафар довталаб, ба коллеҷҳо бо маълумоти синфи 11-ум – 15 740 ва бо маълумоти асосии умумӣ (синфи 9-ум) – 7 745 довталаб дохил шуданд.

Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, самтҳои талабгорашон нисбатан камтар барои довталабони тоҷик ихтисосҳои кластери якум ва дуюм (табиӣ-техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия) буда, нисбатан серталаб кластери панҷум (тиб, биология ва варзиш) мебошад.

Писандидатарин самтҳо барои тоҷикистониёни ҷавон “Эпидемиология”, “Андозбандӣ” ва “Ташхиси судӣ” буда, озмун дар ин самтҳо барои 1 ҷой мутаносибан 364 нафар, 388 нафар ва 364 нафарро ташкил додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, аз рӯи шумори довталабон ихтисосҳо дар бахши тиббӣ пешсафанд: “Кори табобатӣ” – зиёда аз 16 ҳазор нафар, “Педиатрия” – беш аз 12 ҳазор нафар.

Ҳамчунин дар таҳсили пулакӣ интихоби довталабон бештар ба таҳсили рӯзонаи риштаи “Кори табобатӣ” – 8 252 нафар рост омадааст.

Қобили зикр аст, ки бо назардошти дархостҳои довталабон ба ихтисосҳо, сокинони Тоҷикистон бештар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупоранд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Чанде пеш”Азия-Плюс” дар кӯчаҳои пойтахт дар мавриди кадом кишварҳои хориҷиро интихоб кардани довталабони тоҷик барои таҳсил назарпурсии видеоӣ гузаронид. Тавре ки интизорӣ мерафт, дар зинаи аввал Русия қарор гирифт. Довталабони мо инчунин дар Олмон, ИМА, Кипр ва Ӯзбекистони ҳамсоя низ таҳсил кардан мехоҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...