Аллакай даҳ сол инҷониб дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ансамбли рақсии “Зумрад” фаъолият дорад. Дар ин ҷо бархилофи одатҳои маъмулӣ, ки гӯё рақсидан барои духтарони боиффат ҷоиз нест, балетмейстери маъруф Гавҳар Мирҷумъаева санъати рақси классикиро ҳифз мекунад. Лекин бо кадом баҳо?