spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Афзоиши муҳоҷират дар Суғд. Аз кадом шаҳру ноҳия ва чанд нафар ба муҳоҷират рафтаанд?

Дар вилояти Суғд тамоюли муҳоҷират назар ба соли гузашта афзоиш ёфта, дар давоми 10 моҳи соли равон аз шаҳру навоҳии вилоят 193 ҳазору 684 нафар ба муҳоҷрати меҳнатӣ рафтаанд. Ин нишондод назар ба соли қаблӣ 54 ҳазору 301 нафар зиёд аст. Дар ин бора Диловар Муродов, сармутхассиси Раёсати хадамоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи Муродов, раванди муҳоҷирати занан ба кишварҳои хориҷа низ афзоиш ёфта, танҳо аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазору 919 зан бештар ба муҳоҷират рафтаанд.

Аз рӯи маълумоти ироашуда, дар 11 моҳи соли равон 193 ҳазору 684 нафар аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоти Суғд ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин теъдод 56 ҳазору 747 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Таносуб муҳоҷирати мардону занон дар 11 моҳи солҳои 2021 ва 2022-ро дар графикаи “Азия-Плюс” бубинед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамин тавр, дар миёни шаҳру навоҳии ин вилоят аз рӯи афзоиши муҳоҷират шаҳри Конибодом дар мақоми аввал истода, дар давоми 11 моҳи соли равон аз ин шаҳр 21 ҳазору 283 нафар ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд. Ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта 2 ҳазору 942 нафар зиёд дониста мешавад.

Дар миёни минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд дар Кӯҳистони Мастчоҳ муҳоҷирати камтарин ба қайд гирифта шудааст, аммо ин ҳам нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Таносуби муҳоҷирати сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғдро дар солҳои 2021 ва 2022 дар графикаи “Азия-Плюс” бубинед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Беш аз 150 ҳазор баргашт

Дар баробари ба муҳоҷират рафтан, инчунин, омори аз хориҷа баргаштагон низ дастраси “Азия-Плюс” шуд. Ба гуфтаи Диловар Муродов дар давоми 11 моҳи соли равон 150 ҳазору 476 нафар аз тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан аз хориҷа ба кишвар баргаштаанд.

Аз ин теъдод 98 ҳазору 256 нафар мардон ва 52 ҳазору 212 нафар занон дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, танҳо дар солҳои 2019-2020 аз сабаби паҳн шудани бемории коронавирус шумораи муҳоҷирон кам шудааст. Аммо омори ин солҳо дастрас нест.

Бояд гуфт, чанде пеш Моёншо Маҳмадбекзода, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, гуфта буд, назар ба соли 2010 муҳоҷирати меҳнатӣ дар 9 моҳи соли 2022 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон коҳиш ёфта, вале сафи занҳои муҳоҷири тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст.

Ӯ гуфта буд, аз саросари Тоҷикистон дар соли 2010 – 736 ҳазору 466 нафар (79 ҳазору 632 нафар зан) муҳоҷир буданд ва ин нишондод дар 9 моҳи соли 2022 ба 534 ҳазору 258 нафар (92 ҳазору 826 нафар зан) расид.

Ёдовар мешавем, ки расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти кишварҳои “Осиёи марказӣ + Русия” дар шаҳри Остона бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки ҳамасола беш аз 2 млн нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд. Ӯ афзуда буд, аз ин теъдод танҳо 600 ҳазор нафарашон муҳоҷири меҳнатӣ буда, 140 ҳазор нафари боқимонда “ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...