Зиёда аз як ҳафта инҷониб дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои солинавии фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал амал мекунанд. Тасмим гирифтем, ки аз номгӯи маҳсулот ва нархи онҳо огаҳӣ пайдо кунем.
Ярмаркаҳо аз 21-ум то 31-уми декабр дар Бозори “Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ), майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва назди Бозори “Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил мешаванд. Дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд.
Мо аз яке аз ярмаркаҳо дар назди боғи “Куруши Кабир” боздид намуда, бароятон суратгузориш таҳия намудем.
Ёдрас мекунем, ки инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда бо нархҳои дастрас фаъолият менамоянд.