Рӯзи 11-уми январ дар таваллудхонаи вилоятии Хуҷанд шашгоникҳо ба дунё омаданд. Тавре манбаи «Азия-Плюс» иттилоъ дод, навзодон 2 писар ва 4 духтар мебошанд.
Гуфта мешавад, ки вазъи саломатии кӯдакон ва модарашон Муборак Соҳибова хуб арзёбӣ мешавад ва вазъи кӯдакон аз 600 то 700 граммро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки таваллуди шашгоникҳо дар Тоҷикистон як ҳодисаи нодир буда, бори нахуст таваллуди шашгоникҳо ба қайд гирифта мешавад.
Қаблан дар кишвар таваллуди сегоникҳо, чоргоникҳо ва панҷгоникҳо ба қайд гирифта шуда буд. Дар Тоҷикистон қонун дар бораи ҳавасманд кардани заноне, ки беш аз се фарзанд таваллуд кардаанд, вуҷуд надорад. Аммо мақомот ва шаҳрвандони алоҳида ба ин гуна модарон ёрии моддӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи Соли нави 2021 сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова, ки аллакай ду фарзанд дошт, якбора панҷ фарзанд – 2 писару 3 духтар – ба дунё овард.