spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистониён барои мардуми аз заминларза осебдидаи Туркия кумак ҷамъоварӣ мекунанд

Сокинони Душанбе даъвати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро дастгирӣ намуда, аз дирӯз ба сафорати Туркия, ки дар он ҷо нуқтаи ҷамъоварии кӯмак боз шудааст, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ба ҳамаи тоҷикистониён барои хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминҷунбӣ дар кишвараш изҳори сипос кард.

“Ин кумакро дар хотир медорем ва дар дил сабт мекунем. Мо самимона умедворем, ки на Туркия ва на Тоҷикистон дигар шоҳиди чунин офатҳои табиӣ нахоҳанд шуд. Аммо, бо вуҷуди ин, мехоҳем зикр кунем, ки агар Тоҷикистон зарурат эҳсос кунад, Туркия ҳамеша дар паҳлӯи мардуми тоҷик хоҳад буд”, – изҳор дошт сафир.

МЕДИА (YOUTUBE)

Субҳи рӯзи 6 феврал дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 балла ба амал омада, ба гуфтаи президенти ин кишвар, ин сахттарин аз соли 1939 мебошад.

Бино ба маълумоти ахир, теъдоди ҳалокшудагон аз ин ҳодиса то ҳудуди 7 ҳазор нафар ва ҷароҳатбардоштагон –  то 37 ҳазор нафар расид.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия эълон кард, ки дар даҳ вилояти кишвар, ки аз заминларзаи харобиовар бо марказаш дар музофоти Қаҳрамонмараш осеб диданд, реҷаи ҳолати фавқулодаи семоҳа ҷорӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар наҷотдиҳандагон мефиристад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...