Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Эрдуғон ба наҷотдиҳандагони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон изҳори сипос кард - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Эрдуғон ба наҷотдиҳандагони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон изҳори сипос кард

Asia-Plus

Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон рӯзи 20 феврал дар ҷараёни боздид аз Хатой бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз наздик ошно шуд.

“Зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 феврал, пас аз се рӯзи заминларзаи мудҳиш дар Туркия Тоҷикистон 50 наҷотдиҳандаи касбиро ба ин кишвар фиристод. Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин заминларза дар Туркия беш аз 41 ҳазор нафар ва дар Сурия ҳудуди 5,8 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

Имдодгарони тоҷик аввал дар вилояти Қаҳрамонмаръаш ба кор пардохта, 18 феврал дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон барои баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ ба шаҳри дигари Туркия – Хатой рафтанд.

Дар давоми 10 рӯзи корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ имдодгарони тоҷик се нафар – тифли 6-моҳа ва падари ӯ, инчунин писарчаи 3-соларо аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳамчунин онҳо ҷасадҳои 214 нафар ҳалокшудагонро аз зери вайронаҳо дарёфт ва берун гирифтанд.

Ба ҷуз имдодгарон, Тоҷикистон ба Туркия ҳудуди 25 тонна кумаки башардӯстона ирсол намуд. Шаҳрвандони қатории Тоҷикистон низ барои кумак ба осебдидагон аз заминларза ба сафорати Туркия дар Тоҷикистон сарулибоси гарм, пойафзол, дорувории тиббӣ, бозичаҳо барои кӯдакон ва дигар лавозимоти зарурӣ оварданд.

Бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Сурия низ дар ҳаҷми 55 тонна кумаки башардӯстона фиристода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед