spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Барқи тоҷик”: “Лимит”-и барқ боқӣ мемонад

Маҳдудияти интиқоли барқ ё “лимит” бо омадани баҳор ва гарм шудани ҳаво ҳам бардошта намешавад ва ба эҳтимоли зиёд, қисме аз аҳолии кишвар то Наврӯз бебарқ хоҳанд монд. Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, имрӯз, 1-уми март, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарёи Вахш боло равад ва тавлиди нерӯи барқ талаботро қонеъ кунад.

“Ҳоло маълум нест, ки то ҷашни Наврӯз маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон бардошта мешавад ва ё на”, – гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан, Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” зимни нишасти матбуотии рӯзи 16-уми феврал гуфта буд, “бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши ҷараёни об маҳдудияти барқ лағв мегардад”.

Бояд гуфт, имсол расман аз 1-уми феврали соли равон, ба гуфтаи “Барқи тоҷик”, “бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии нерӯи барқ ва пайомадҳои манфии он” дар кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ карда шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Барқи тоҷик": "Лимит"-и барқ расман ҷорӣ мешавад

Ин ширкат бо такя ба таҳлили мутахассисонаш он вақт навишт, ки вазъ ташвишовар аст ва “дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии неруи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад”.

Новобаста аз ин, аҳолии кишвар аз нимаи дуввуми моҳи октябри соли 2022 аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2022 истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд.кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешин наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар сол дар фасли зимистон дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон ҷорӣ мегардад, ки мақомот на ҳамеша ва саривақт эътироф мекунанд. Имсол низ ҳанӯз охири тирамоҳ дар манотиқи гуногуни кишвар маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ гашт, аммо новобаста ба шикоятҳои пайиҳами сокинон, ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли барқро эътироф накард. Танҳо пас аз таъкиди раисиҷумҳури кишвар зикр намуд, ки аҳолиро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, аммо бо гузашти чанд муддат расман эътироф намуд, ки дар ҷумҳурӣ маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...