Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Бозёфтҳои давраи Сомониён дар осорхонаи як муаллим аз Кӯлоб

Абдураҳмон Қурбонов 70 сол дорад ва зодаи деҳаи Зарқалъаи шаҳри Кӯлоб аст. Беш аз 40 сол мешавад, ки ӯ ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунад. Дар деҳа хурду бузург ба ӯ “муаллим” гуфта муроҷиат мекунанд ва мегӯянд, боре ҳам ӯро бекор надидаанд.

“Муаллим нафақат ба тарбияи насли наврас машғуланд, балки ҳамеша дар фикри ободиву навгонӣ дар деҳа низ ҳастанд”, – мегӯяд яке аз сокинони Зарқалъа.

Муаллими осиёбдору боғпарвар

Абдураҳмон Қурбонов аввалин нафаре буд, ки соли 2007 дар як гӯшаи хонааш осиёби барқӣ насб кард ва зиёда аз 500 тонна гандумро орд намуд. Қаблан, аксари сокинони деҳа ҳосили гандуми аз саҳро ҷамъвардаро ба дигар деҳаҳо бурда, орд мекарданд. Осиёби сохтаи муаллим бошад, зиндагии сокинони деҳаро хеле осон намуд, зеро ҳам вақт сарфа мешуд ва ҳам маблағ.

Пас аз 7 сол бо сабаби саломатӣ кори осиёбро қатъ кард ва барои бунёди боғ камари ҳиммат баст. Боғи бунёднамудаи ӯ то ҳол самар медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдураҳмон Қурбонов

Соли 2013 Абдураҳмон Қурбонов бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ биноеро бунёд кард ва дар мувофиқа бо Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб, занони деҳаро ба бофандагӣ ва қолинбофӣ ҷалб намуд. Занони касбомӯхта то имрӯз ба бофандагӣ машғуланд ва аз ин ҳисоб даромади иловагӣ ба даст меоранд.

Муаллим Қурбонов дар вақти холигии худ ба расмкашӣ низ машғул мешавад, чун ин шуғли писандидааш аст.

Ва ин ҳамаро Абдураҳмон Қурбонов бидуни қатъи фаъолияти омӯзгорӣ роҳандозӣ намуд, зеро содиқ ба касби хеш аст.

Ташаббускориҳои муаллим Қурбонов

Ӯ ҳоло ҳам дар макбати деҳа кор мекунад ва ба насли наврас сабақ меомӯзонад. Дар баробари ин, бо розигии роҳбарияти мактаб, осорхонаи мактабӣ низ ташкил намудааст. Дар осорхонаи бунёдкардаи муаллим Қурбонов дастовардҳои муасссисаи таълимӣ аз соли 1950 то имрӯз гирд оварда шудааст.

Дар баробари ин ҳама, ӯ мехост бо тиҷорат низ машғул шавад, аммо ташкили осорхонаи мактаб ба Абдураҳмон Қурбонов ангезаи нав бахшид.

“Охирҳои соли 2018 раисиҷумҳур эълон кард, ки солҳои 2019-2021 дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Ман, ки он замон дар хусуси тиҷорат андеша мекардам, ба хулосае омадам, ки беҳтар аст осорхона бунёд кунам”, – мегӯяд Абдураҳмон Қурбонов.

Дар оғоз ғояи ташкили осорхона дар деҳа аз ҷониби ҳамдеҳагонаш ҷиддӣ қабул нагардид, аммо муаллим Қурбонов мисли ҳамеша, дар мавқеи худ устувор монд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Осорхонаи Абдураҳмон Қурбонов

“Ҳар касе аз нияти ман огоҳ мешуд, таъкид мекард, ки ин сарфи беҳудаи вақт аст. Ҳеҷ кас тавсия намедод, ки осорхона ташкил кунам, аммо ман аз фикри худ нагаштам ва барои ташкили осорхона камари ҳиммат бастам”, – таъкид мекунад Қурбонов.

Бозёфтҳои давраи Сомониёнро гирд овард

Ҳамин тавр, бо кӯмаки фарзандон осорхона бунёд ёфт. Баъди он, масъалаи асосие, ки пеши муаллим меистод, ин ҷамъоварии ёдгориҳои таърихӣ барои осорхона буд.

“Ҳангоми бунёди хонаҳо мардуми деҳа ҳар гуна ёдгориҳои таърихӣ дарёфт карда, онҳоро нигоҳ доштаанд. Бостоншиносон бозёфтҳои деҳаро ба асри 10-и пеш аз мелод, яъне ба давраи Сомониён рабт медиҳанд. Тамоми деҳаро пурсуҷӯ карда, қисме аз бозёфтҳоро ройгон ва қисми дигарро харида ба осорхона овардам. Дар оғоз воқеан душвор буд, аммо ба оҳистагӣ осорхона пур шуд. Ҳоло дар осорхона беш аз 2 ҳазор бозёфтҳои таърихӣ гирд оварда шудааст”, – бо ифтихор мегӯяд муаллим Қурбонов.

Сокинони деҳа мегӯянд, осорхонаи ташкилнамудаи муаллим Қурбонов мавзеи диданӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ аст.

Дар китоби қайдҳои осорхона номи сайёҳони хориҷии зиёдро аз давлатҳои Чин, Ҳиндустон, Амрико, Канада, Италия, Олмон, Булғористон, Русия, Шветсария дидан мумкин аст. Метавон гуфт, ки осорхонаи муаллим Қурбонов ба яке аз маконҳои муаррификунандаи таърихи минтақаи Кӯлоб табдил ёфтааст.

Дар баробари ин, муаллим Қурбонов баъзе мушкилиҳо низ дорад. Ӯ мегӯяд, осорхонаро бояд таъмири хушсифат намояд ва барои кор роҳбаладу фарош пайдо кунад.

Ду нияти неки муаллим

Ба замми ин, ӯ ният дорад, як ҳуҷраи дигари биноро ба толори фарҳангӣ ва як ҳуҷраро ба китобхона табдил диҳад. Ӯ бовар дорад, ки мақомоти кишвар, махсусан дар минтақаи Кӯлоб ин ғояи ӯро ҷонибдорӣ менамоянд ва барояш кӯмак мекунанд. Зеро ташкили толори фарҳангиву китобхона метавонад чанд нафарро бо ҷойи кор таъмин намояд.

“700 китоб ҷамъоварӣ намудаам ва мехоҳам теъдоди он бештар шавад. Кӯшиш мекунам, шогирдонам аз китобҳо истифода баранд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда, муваффақиятҳоро соҳиб гарданд.

Яке аз шигирдони Абдураҳмон Қурбонов мегӯяд, ки “агар муаллим чунин ҳадафро пеши худ гузошта бошанд, ҳатман амалӣ хоҳанд кард”.

Воқеан, дар синни 70 бо чунин ҷӯшу хурӯш зистан ва ҳадафҳои барои ҷомеа манфиатбахшро пеши худ гузоштан иродаи мустаҳкамро талаб мекунад. Дар ин роҳ, муаллим Қурбонов намунаи ибрат барои ҳамагон аст.

ГАЛЛЕРЕЯ (17)

















Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...