spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Вазорати дифои Тоҷикистон иддао дар бораи он ки дар баъзе коммисариатҳои ҳарбӣ  квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ ба охир расидааст рад кард ва гуфт, барӯйхатгирӣ барои ин навъи хидмат баъди 1-уми апрел шуруъ мешавад.

Баъди нашри хабари “Азия-Плюс” дар бораи адо кардани хидмати ҳарбии пулакии ҳазор ҷавони тоҷик бо пардохти тақрибан 27 млн сомонӣ, баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли худ бо ин масъала муроҷиат карданд, вале онҷо гуфтанд, квота тамом шудааст.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, аз Вазорати дифоъ пурсад, ки квота чӣ гуна ҷудо карда мешавад, оё воқеан он тамом шудааст ва барӯйхатгирӣ ба ин навъи хидмат кай оғоз мегардад?

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ гуфт, квота ё нақша барои хидмати ҳарбии пулакӣ дар асоси қарори махсус то оғози мавсими даъвати ҳарбӣ, муайян шуда, бо Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мувофиқа мегардад.

Ӯ гуфт, нақша вобаста ба муроҷиати аҳолӣ дар ҳар мавсими даъват каму зиёд мегардад.

“Вақте шаҳрванд ба коммисариати ҳарбӣ муроҷиат мекунад, мебинанд, ки ӯ қобили хидмат аст ё не. Омӯзиш мегузаронанд. Масалан, баъзеаш донишҷӯ аст, қисми дигар беморанду ҳуққуқи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро доранд. Баъд мувофиқи квотае, ки барои комиссариати ҳарбӣ муайян шудааст, аввал нақша муайян мешавад. Масалан, дар даъвати баҳории соли 2023 1000 нафар ё зиёда аз он ба хидмати пулакӣ ҷалб карда шавад. Ҳамин рақамро дар 28 комиссариати ҳарбии шаҳу навоҳии кишвар вобаста ба теъдоди аҳолӣ тақсим мекунанд”, – шарҳ дод Маҳмадализода.

Номбурда гуфт, ҳоло дар комиссариатҳо танҳо аризаро барои хидмати пулакӣ қабул карда, дар баррасӣ мегузаронд. Чунки айни ҳол нақша муайян нест ва квотаи комиссариатҳо ҳам маълум нест.

Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки муроҷиат карданд, вале квота нарасид, метавонанд, дар даъвати оянда ба хидмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.

“Масалан, агар дар як комиссариати ҳарбӣ 20 квота муқаррар шуда бошад, вале 30 нафар муроҷиат кунанд, 20 нафар дар даъвати баҳорӣ ҷалб мешаванд, 10 нафари дигар аллакай барои даъвати тирамоҳӣ ҷалб мешаванд”, – гуфт Фаридун Маҳмадализода.

Ин масъули Вазорати дифоъ иттилоъ дод, ки онҳо пойгоҳҳои таълимиро зиёд карда истодаанд ва марҳила ба марҳила квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ ҳам зиёд карда мешавад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фаридун Маҳмадализода

Аз “А” то “Я”-и хидмати пулакӣ

Ёдовар мешавем, ки 20 январи соли 2021 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро қабул кард. Тибқи тағйиру иловаҳо, минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ (18-27-сола) метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Хидмати ҳарбӣ дар даъвати захираҳои сафарбарӣ ё хидмати пулакӣ чист?

Ин гузаштани омӯзиши якмоҳаи ҳарбӣ аст. Пас аз хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ҳамчун як қисми захираҳои сафарбаркунӣ, шаҳрванд аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод мегардад.

Кӣ метавонад ба ин тарзи хидмати ҳарбӣ ҷалб шавад?

Ҳамаи даъватшавандаҳо, муҳим маблағ пардохт гардад.

Барои хидмати ҳарбии пулакӣ ба куҷо ва кай бояд муроҷиат кард?

Дар асоси қарори мазкур, даъватшавандагонро зарур аст, ки бо ариза ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомати худ муроҷиат намоянд.

Қабули ариза дар як сол ду маротиба дар мавсими даъват амалӣ мешавад: аз 1 апрел то 31-уми май ва аз 1-уми октябр то 30 ноябр. Дар ҳамин давра шаҳрвандоне, ки ба рӯйхат ворид мешаванд, ҳаққи хидмати ҳарбии пулакиро пайдо мекунанд.

Агар маблағро пардохт кунам, вале дар рӯйхйт ворид нашавам, чӣ бояд кард?

Қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.

Масалан, агар дар ноҳияи Сино 25  квота муқаррар шуда бошаду дар даъвати тирамоҳӣ аз шумораи муқаррагардида зиёд муроҷиат кунанд, шаҳрвандони боқимонда дар даъвати баҳорӣ барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати даъвати захираҳои сафарбарӣ фиристода аз рӯи муҳлати муроҷиаташон фиристода мешаванд. Квотаи як минтақа метавонад вобаста ба теъдоди аҳолӣ ва муроҷиатҳо кам ё зиёд шавад.

Арзиши хидмати ҳарбии якмоҳа чанд аст?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
200 нафар камтар. Ҳазор ҷавон бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд

Арзиши маблағи пардохт барои хидмати пулаки 420 нишондиҳанда барои ҳисоб мебошад. Як нишондиҳанда барои ҳисоб айни замон 68 сомониро ташкил медиҳад. Бо зиёд гардидани нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи хидмати пулакӣ ҳам зиёд мешавад.

Маблағро дар куҷо ва чӣ гуна бояд супорид? Оё мешавад қисм ба қисм супорид?

Маблағи пешбинишуда ба суратҳисоби махсуси Вазорати дифоъ тавассути “Амонатбонк” супорида мешавад ва расиди он бояд дар муҳлати 5 рӯзи корӣ баъди супоридани ариза ба комиссариат пешниҳод гардад. Ҳамаи маблағро якбора бояд супорид.

Муҳим! Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани расид оид ба пардохти маблағи пешбинишуда ва ё насупоридани маблағ шахс ба рӯйхат ворид карда намешавад ва барои адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок сафарбар мегардад.

Маро огоҳ мекунанд, ки дар рӯйхат ҳастам, вале квота ҳанӯз нарасидаанд?

Агар аз рӯи хулосаи Комиссия ба рӯйхати захираи ҳарбии даъватӣ шомил шавед,  дар захираи ҳарбӣ пешниҳод карда мешавад, шуморо аз рӯйхати даъватшудагони хизмати ҳатмии муҳлатнок дар комиссариати маҳаллӣ берун мекунанд. Мутаносибан, ҳеҷ кас ҳақ надорад шуморо ба хидмати ҳатмии муҳлатнок даъват кунад.

Нусхаи расид барои пардохти хидмати захиравӣ  (пулакӣ) метавонад асос барои даъват нашудан ба хидмати муҳлатнок бошад. Дар сурати зарурӣ метавонед, ки ба комиссариат муроҷиат кунед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбута

Дар рӯйхат чанд сол метавон буд?

Рӯйхат аз ҷониби комиссияи шаҳр ё ноҳия тасдиқ гардида, нусхаи он ба комиссариати вилоятӣ равона карда мешавад. Ин барои назорат кардани рӯйхат ва пешгирии ҳолатҳои фасод анҷом дода мешавад.

Агар шумо як маротиба дар рӯйхат дохил карда шуда бошед, пас бешубҳа ба хидмати ҳарбии пулакӣ даъват карда мешавед.

Дар кадом сурат маблағ баргардонида мешавад?

Маблағи супоридашуда дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби  Вазорати дифои Тоҷикистон бозпас гардонида мешаванд:

– ғайриқобили хизмати ҳарбӣ эътироф шудани даъватшаванда;

– фавти даъватшаванда;

Дар ҳолатҳои дигар маблағҳои супоридашуда баргардонида намешаванд.

Ин маблағҳо ба куҷо сарф мешавад?

Маблағе, ки барои хизмат дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати дифоъ гузаронида мешаванд, пеш аз ҳама, барои таъмини амволи шайъӣ, маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар намуди таъминот, ки ҳангоми гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбии саҳроӣ пешбинӣ гардидааст, истифода мешавад.

Ҳамзамон, сарфи маблағи мазкур барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.

Онҳо дар куҷо хизмат мекунанд?

Гуфта мешавад, ки даъватшавандаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он таълимоти ҳарбиро дар минтақаи худ адо карда, шаҳрвандони  ВМКБ  дар маркази таълимие, ки дар вилояти Хатлон мавҷуд аст, хизмати ҳарбии якмоҳаро адо менамоянд.

Ҷавонон хидмати ҳарбиро дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд адо мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Хидмати ҳарбии пулакӣ. 1200 ҷавон бо пардохти беш аз 32 млн. сомонӣ ба аскарӣ рафтанд

Баъди як моҳи хидмат ба онҳо билети ҳарбӣ дода мешавад?

Онҳое, ки чунин намуди хидматро мегузаранд, баъд аз як моҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ соҳиби билети ҳарбӣ мешаванд.

Баъди адои хидмат онҳо дар куҷо кор карда метавонанд?

Ҷавононе, ки чунин хидматро адо мекунанд ҳамчун хизматчии ҳарбӣ ба кор қабул карда намешаванд ва онҳо наметавонанд, ки дар мақомоти қудратӣ кор кунанд.

Донишҷӯён ҳам хидмат мекунанд?

Бале, вале ба донишҷӯён ҳуқуқ дода мешавад, ки то хатми донишгоҳ хидмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд.

Донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунанд, бояд як сол хидмат кунанд ва рутбаи то сержантро мегиранд. Ҳамзамон, донишҷӯён низ ҳуқуқ доранд хидмати ҳарбии пулакиро гузаранд.

Магистрон, аспирантон ва докторантҳоро ҳам ба хидмат даъват мекунанд?

Муҳассилини риштаи магистратура, аспирантура ва докторантура ҳам ҳаққи ба таъхир гузоштани хидматро надоранд. Аммо ҳангоми даъват давраи таҳсилот ва шартномаи пардохтшаванда ба донишгоҳ ҳифз мешавад.

Дар даъвати тирамоҳии соли 2023 чанд ҷавон ба хидмати пулакӣ ҷалб шуданд?

Аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки моҳи январи соли равон 1 ҳазор ҷавони тоҷик бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дастури қатъии вазири дифоъ барои ҷалби фарзанди мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ

Ин ҷавонон дар ду баст ба хидмат ҷалб гардиданд: як қисм аз охири моҳи декабри соли 2022 то 18-уми январи соли 2023 ва қисми дуввум аз 20-уми январ то 10-уми феврал хидмати ҳарбиро адо карданд ва соҳиби билети ҳарбӣ гардиданд.

Қаблан, дар давъати тирамоҳии соли 2021 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ ва дар даъвати баҳории соли гузашта 1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро анҷом дода буданд.

Ҷавонон дар як сол чанд маротиба ба артиш даъват мешаванд?

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...