spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Намояндагони Омбудсмен то ҳол бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода вонахӯрдаанд

Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудмен) дар Тоҷикистон то ҳол бо блогер ва рӯзноманигори маҳкумшуда Абдусаттор Примуҳаммадзода, ки  қаблан дар бораи истифода шудани шиканҷа нисбаташ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) хабар дода буд, вонахӯрдаанд.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 2 феврал дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Муқим Ашӯров хабар дод, ки Омбудсмен ният дорад, ки ин далелро дар давоми моҳи феврал месанҷад.

Лекин имрӯз, 6 март дар вохӯрӣ бо хабарнигори “Азия-Плюс” Муқим Ашӯров ва ҳамкорӣ ӯ Ҳусниддин Нидоев изҳор доштанд, ки бо рӯзноманигори маҳкумшуда вонахӯрдаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Додгоҳи олӣ гуфт, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тасдиқ нашуд

Ба савол дар бораи бо кадом сабаб барпо нашудани вохӯрӣ посухи равшану возеҳ надоданд. Ба савол дар бораи он, ки оё ният доранд, ки бо ӯ вохӯранд, онҳо зикр карданд, ки ҳоло дар ин хусус чизи мушаххасе гуфта наметавонанд.

“Инро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳал мекунад. Метавонед доир ба ин масъала ба мо дархости хаттӣ фиристед, посух медиҳем”, – гуфт Муқим Ашӯров.

Зикр мебояд кард, ки вохӯрии хабарнигори "Asia-Plus" бо намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ташаббуси ин ниҳод баргузор шуд.

Дар ҳамин ҳол, Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфтааст, ки рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷикро аз боздоштгоҳе дар Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд бурдаанд.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки "интиқоли хабарнигор рӯзи шанбе, 4-уми март, сурат гирифт. Ба пайвандон хабар доданд, ки ӯ бояд дувоздаҳ рӯз дар карантин истад”.

"Дар зиндони Хуҷанд будани Абдусаттор барои пайвандон, бахусус ҳамсару фарзандонаш сахт аст, зеро роҳ дур асту зуд-зуд хабар гирифта намешавад”, – иброз доштааст Абдукарим Пирмуҳаммадзода.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро аз боздоштгоҳ дар Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд бурдаанд. Бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтааст, интиқоли хабарнигор рӯзи шанбе, 4-уми март, сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 17 феврал намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд, ки дар Муасисаи ислоҳии ЯС3/4 ё маъруф ба “Якум Советский” бо чанде аз журналистони маҳкумшудаи тоҷик, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ вохӯрда, аз шарту шароити нигоҳдории онҳо пурсон шудаанд.

Сармутахасиси Раёсати ҳифзи давлатии озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Омбудсмен Зилола Икромова бо онҳо суҳбат кардааст.

Ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” доир ба санҷида шудани изҳороти Пирмуҳаммадзода ӯ зикр кард, ки бо ин рӯзноманигор шахсан вонахӯрдааст ва телефони ҳамкорашро дод, ки ба саволҳо посух гуфта метавонад.

Рӯзи 2 март корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳам аз муаррифии худ ва ҳам аз пешниҳоди маълумот тариқи телефон худдорӣ кард. Лекин ваъда дод, ки рӯзи 6 март зимни вохӯрии рӯ ба рӯ ба саволҳо ҷавоб хоҳад дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Имкон надорам”. Вакили дифоъ аз ҳимояи Абдуллоҳ Ғурбатӣ даст кашидааст

Аз ин рӯ, имрӯз рӯзноманигори “Азия-Плюс” аз дафтари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон боздид намуда, лекин ба саволҳои худ посух гирифта натавонист.

Ёдрас мекунем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, аз ҷумла барои даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳангоми дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор доштанаш мактубе навишта (он аз ҷониби як манбаи ба тафтишот наздик ба Радиои Озодӣ расонида шуд), дар он хабар дод, ки аз рӯзи аввали боздошташ зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор гирифтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...