Чанде пештар дар маркази шаҳр сайр мекардам, ки ҷавоне ба ман наздик шуд ва худро бечораҳол нишон дода, аз ман кӯмак хост. Гуфтам гадо ҳастӣ, посух дод, ки не, коре надорад ва ба муҳтоҷи пул аст. Ҷавон саломат менамуд. Вақте аз ӯ такроран пурсидам, ки чаро кор намекунӣ, зери лаб чизе гуфт, ки нашунидам. Чун дид, ки барояш пул доданӣ нестам, аз наздам рафт ва нафари дигареро пайдо карда, ба гадоии худ давом дод.
Ин воқеа маро ба суроғи чор зане бурд, ки дар наздикии бозори шаҳри Турсунзода хонаеро иҷора гирифтаву ба кори душвор машғуланд, то зиндагии худро обод кунанд ва фарзандони хешро ба воя расонанд.
Хушбахтии фарзанд, орзуи ягона
Ҳадича Холиқова яке аз он чаҳор занест, ки дар ин хона зиндагӣ мекунад. Чор сол пеш, вақте ӯ 41 сол дошт, шавҳараш вафот кард. Баъди марги шавҳар зиндагӣ дар назараш торик гашт. Дар оғоз бо ғаму ғуссаи худ овора буд, аммо бо гузашти андак муддат, зиндагӣ водор намуд, то пайи дарёфти рӯзии хеш бошад.
Ӯ соли 2019 деҳаро тарк карду ба пойтахт, барои кор омад. Дар чанд корхона ҳамчун фаррош кор кард. Аз ҷумла, дар Беморхонаи марказии шаҳри Душанбе низ чанд муддат фаррошӣ намуд, аммо бинобар гаронии нархи иҷораи манзил маҷбур шуд ба шаҳри Турсунзода баргардад.
Ӯ мегӯяд, дар деҳаи дурдасти шаҳри Турсунзода хоане дорад, ки аз шавҳараш мондааст, аммо онҷо наметавонад зиндагӣ кунад, чун аз марказ дур аст ва коре марои машғул шудан наметавонад пайдо кунад.
“Ҳамин тавр, ин кулбаро пайдо кардам. Ҳоло дар ин ҷо ҳуҷраеро ба иҷора мегирам, зеро муҳити сокит ва бароям мувофиқ дорад”, – мегӯяд Ҳадича.
Ҳоло Ҳадича кор низ пайдо кардааст. Ӯ ба коркарди бодом машғул аст. Яъне, бодомро бо анбӯр боз мекунад ва барои ҳар килограмм бодоми бозкардааш 3 сомонӣ дастмузд мегирад.
“Дар як рӯз ба ҳисоби миёна то 15 кг бодомро боз мекунам. Агар, сахт кӯшиш кунам ва дар як рӯз 25 кг бодомро боз кунам, он рӯз хушбахтарин нафар хоҳам буд”, – бо ханда иброз медорад Ҳадича.
Ӯ мегӯяд, новобаста ба ин ҳама душворӣ, ба зиндагӣ бо назари нек менигарад ва ба ояндаи беҳтар умед мебандад.
“Ин ҳама душвориҳо дар назари одам ҳеҷ аст, агар хушбахтии фарзандонро бубинад. Ман ҳам бо умеди хушбахтии фарзандон зиндагӣ мекунам”, – мегӯяд Ҳадича.
Бояд гуфт, ки духтари Ҳадича шавҳар кардаву ҷудо аз модар зиндагӣ мекунад, писари хурдиаш бошад, тахминан 16 сол дошта, ба модар кӯмак мерасонад.
“Кош ҳунари бештар медоштам”
Манзура Юсупова зани дигарест, ки дар ин хона иҷора мешинад. Ӯ барвақт шавҳар кардаву дар 22-солагӣ, баъди хушунати зиёди хонаводагӣ, аз шавҳар ҷудо шудааст.
Пас аз чанде бори дигар ба шавҳар бародааст, аммо ин навбат ҳам бахт ба рӯяш нахандида, шавҳараш Русия рафтаву бо гузашти инак 12 сол барнагаштааст.
Баъди ин Манзура тасмим мегирад, ки зиндагиашро мустақилона пеш барад.
“Бисёр душвор аст, махсусан ба зани шарқӣ, ки бахти худро наёбӣ. Дар баробари душворӣ, фишори ҷомеа низ ҳамеша эҳсос мешавад, ангуштнамо мегардед. Дар чунин ҳолат, танҳо иродаи қавӣ метавонад ба зан кӯмак кунад ва аз ҳар гуна андешаҳои носолим дур нигоҳ дорад”, – мегӯяд Манзура.
Вақте шавҳари дуюми Манзура низ бедарак шуд, ӯ хост ба хонаи падар баргардад, аммо наздиконаш қабул накарданд. Худи ӯ ҳам дигар нахост бори гароне ба дӯши бародаронаш бошад.
Ҳамин иродаи мустаҳкам кӯмак намуд, ки Манзура тақдири худро ба дасти хеш гирад ва ба ин кулба омада, аз пайи пайдо кардани кор ва таъмини зиндагиаш гардад.
Ҳоло духтараш ба шавҳар баромадаву писараш дар синфи панҷум мехонад.
“Дар бозори шаҳр ба шустушӯи зарфҳои ошхонаҳои ҷамъиятӣ машғулам. Дар як ҳафта се рӯз зарф мешӯям ва барои ҳар рӯзи корӣ 35 сомонӣ музд мегирам. Як паҳлӯи зиндагиамро пеш мебарад”, – бо қаноатмандӣ зикр мекунад Манзура.
Ӯ қаблан гӯшае аз хонаи иҷораашро барои пухтани самбӯса мувофиқ карда буд ва то вайрон шудани тафдон самбӯса пухта, мефурӯхт.
Ҳоло низ, рӯзҳои фориғ аз зарфшӯӣ бошад, ба пухтупаз машғул мешавад. Ӯ хонум (хӯроке монанди манту) мепазад ва мефурӯшад.
“Бо харҷи 10 сомонӣ, дар як рӯз 30 хонум мепазам ва ҳар яки онро 1-сомонӣ мефурӯшам. Агар ҳамаи хонумҳои пухтаам ба фурӯш раванд, 20 сомонӣ фоида мебинам, аммо мутаассифона наҳамеша тамоми хонумҳоро мехаранд”, – мегӯяд Манзура.
Ӯ аз он пушаймон аст, ки ҳунареро наомӯхтааст, зеро дар чунин шароит метавонист барояш мушкилкушо бошад. Аммо бо ин ҳам аз аз зиндагӣ дилмонда нест.
“Гурусна мегардам, аммо гадоӣ намекунам”
Фотима Холмуъминоваи 46-сола бошад, аз аввалин занҳое аст, ки дар ин хонаи иҷора бо писари 13-солааш зиндагӣ мекунад. Ӯ низ тақдири талхе дорад.
Фотима дар хонаи барои кӯдакони бепарастор ба воя расидаву дар хонаи шавҳар низ рӯз надидааст. Шавҳараш ба машрубот рӯй овардаву ба зиндагии оилавии худ ҳеҷ таваҷҷуҳе намекард. Фотима барои таъмини зиндагии духтару писари худ корҳои хонаи ҳамсояҳоро иҷро мекард.
Баъди вафоти шавҳараш, бародарони шавҳар ӯро бо ду фарзанд аз хона берун карданд. Аз ҳамон лаҳза, ӯ ба ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ аз партов машғул аст ва ба ин роҳ, зиндагиашро таъмин мекунад.
“Зарфҳои пластикӣ, либосҳои кӯҳна ва қоғазҳоро ҷамъоварӣ карда, ба нуқтаҳои қабули чунин маҳсулот месупорам ё мефурӯшам ва ба ин тариқ, ҳар моҳ аз 400 то 550 сомонӣ маблағ меёбам. Аз ин маблағ, 300 сомонӣ барои иҷора пардохт мекунам”, – мегӯяд Фотима.
Бояд гуфт, ки Фотима ҳамчунин, писари 13-солаашро тарбия мекунад ва барои лавозимоти ӯ низ маблағ сарф мекунад. Духтараш ба шавҳар баромадаву бо ду фарзандаш ҷудо аз модар зиндагӣ мекунад.
Фотима мегӯяд, ҳамеша танқисии маблағро эҳсос мекунад, аммо ягона роҳи таъмини зиндагӣ ва фарзандаш, сарфа дар хароҷот барои хӯрокворӣ аст.
“Барои ман муҳимтар аз ҳама таъмини фарзанд ва сер кардани ӯ мебошад, бештар аз инро тасаввур ҳам карда наметавонам. Баъзан худ гурусна мегардам, аммо ҳеҷ гоҳ гадоӣ намекунам”, – зикр мекунад Фотима.
Саволи асосие, ки ҳоло Фотимаро дар ташвиш гузоштааст, ин ояндаи фарзандаш аст. Ӯ бо чашмони пурнам мегӯяд, бо чунин зиндагии душвор, намедонад, ки фарзандашро чӣ интизор аст.
Беморӣ боиси танҳоӣ
Гулнора Ҳусейнова низ бо писари 11 сола дар ин хона иҷора мешинад. Ӯ дар хонаи бибӣ калон шудааст ва 25 сол мешавад, ки аз бемории диқи нафас (астма) азият мекашад.
“Вақте шавҳар кардам, хушбахттарин инсон будам, аммо рӯзҳои хушбахтиам дер давом накард. Чун беморӣ зуд-зуд хуруҷ кард, шавҳарам аз ман ҷудо шуд. Ҳамин тавр, дубора шуруъ гардид дарбадарии ман”, – мегӯяд Гулнора.
Ҳамакнун, ӯ ба фаррошӣ машғул аст ва хоҷатхонаи назди Бозори марказии шаҳри Турсунзодаро покиза нигоҳ медорад. Барои меҳнати худ ҳар рӯз аз 40 то 60 сомонӣ музд мегирад. Ҳар моҳ 300 сомонӣ барои иҷорапулӣ ва пардохтҳои хидматрасониҳои иҷтимоӣ сарф мекунад.
“Нархи доруҳо рӯз то рӯз гарон мешавад. Маблағе, ки пайдо мекунам, танҳо барои хӯрокворӣ, дафтару ручкаи писарам ва доруҳоям мерасад. Тобистон даромадам кам мешавад, чун одамон кам ба ҳоҷатхона мешаванд. Намедонам дар ин мавсим чӣ тавр пули доруҳоямро ҷудо мекунам”, – бо парешонӣ қайд намуд Гулнора.
Онҳо камбизоат нестанд?
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳеҷ яке аз ин занҳо дар рӯйхати оилаҳои камбизоат сабт нашудаанд ва аз давлат кӯмакпулӣ дарёфт намекунад. Ҳарчанд, шароити зиндагии онҳо душвор буда, тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонун, бояд аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбанд.
Аммо ин чор зан бори гарони зиндагиро ба танҳоӣ, душворӣ, аммо бо сари баланд ва умед ба ояндаи нек мекашанд. Хушҳолкунанда ин аст, ки ҳар кадоми онҳо орзуҳои худро доранд ва аз душвории зиндагии хеш дилмондаву ноумед нашудаанд.
Бо фарқ аз ҷавоне, ки кор кардан нахоста ба гадоӣ машғул аст, ин занҳо ҳеҷ гоҳ назди касе сар хам накардаанд. Меҳнат ва мубориза барои зиндагии хуб ва бахти фарзандон – ин аст шиори онҳо.