Роҳбари “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” шикоят дорад, ки ҳаҷми андозро барои замин ва амволи ғайриманқули марказ зиёд кардаанд. Мақомоти андози шаҳр мегӯяд, ки маркази мазкур дар асоси талаботи қонунгузории кишвар андозбандӣ шудаву, маблағро бояд пардохт кунад.
Акрам Бобокалонов, директори “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” даъво дорад, ки “то соли 2022 аз пардохти андоз барои амволи ғайриманқул озод буданд”, аммо пас аз ин, мақомоти андози шаҳр аз онҳо талаб кардаанд, ки барои амволи ғайриманқул низ андоз пардохт намоянд.
“Айни замон андози солона барои корхонаи мо 240 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Семоҳаи аввал 60 ҳазор сомонӣ пардохт кардем, аммо барои минбаъд чӣ кор мекунем, намедонам”,- мегӯяд Акрам Бобокалонов.
Ба қавли директори ин марказ, айни ҳол дар замини корхона 5 соҳибкор иҷоранишин ҳаст, ки 4-тои он саривақт маблағи иҷораро пардохт мекунанд, аммо як ширкати дигари иҷоранишин аз имзои шартнома худдорӣ кардааст.
“Филиали ширкати “Ист Рай Трейдинг”, ки аз соли 1999 дар ҳудуди корхона фаъолият карда, 1,8 га заминро ба иҷора гирифта буд, то соли 2022 барои як метри мураббаъ 2,8 сомонӣ иҷорапулӣ месупорид. Соли 2023 Кодекси нави андоз қабул шуд ва ҳамакнун, онҳо намехоҳанд барои як метри мураббаъ 16, 2 сомонӣ иҷорапулӣ пардохт кунанд. Яъне, сарчашмаи асосии даромади корхона ва пардохти андоз дигар бо мо кор кардан намехоҳад ва мо дар пардохти андоз ба мушкил гирифтор шудаем”, – гуфт Акрам Бобокалонов.
Роҳбари корхона мегӯяд, мушкили аслии онҳо дар ҳисоби масоҳати замин аст. Ба қавли Акрам Бобокалонов мақомоти андоз аз онҳо барои 3,8 га замин андоз меситонанд, аммо вақте намояндагони идораи замин санҷиш гузарониданд, замини корхона 2 га баромадааст.
“Андози умумии корхонаи мо соли 2021 дар умум 105 ҳазор сомонӣ буд. Соли 2023 бошад аз мо 220 ҳазор сомонӣ андоз талаб доранд”, – мегӯяд Акрам Бобокалонов.
“Ин талаботи қонун аст”
Изатулло Мансурзода, роҳбари нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо мо гуфт, талаби онҳо барои пардохти андоз аз “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” қонунӣ аст ва мушкили аслӣ миёни ин марказ ва иҷоранишинҳо мебошад.
Ба қавли Изатулло Мансурзода объектҳои ғайриманқули муассисаҳои давлатӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои оиннномавӣ истифода мешаванд ва фаъолияти онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мегардад, объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо Қаҳрамонони Иттидоди Шӯравӣ, меҳнати сотсиалистӣ, иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони бо онҳо баробар, иттиҳодияҳои диние, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд ва ба ин монанд объектҳо, ки дар моддаи 347 Кодекси андоз муқаррар шудаанд, андозбандӣ карда намешаванд.
“Корхонаи нобиноёни Хуҷанд 100% аз андоз озоданд, танҳо иҷорапулии соҳибкорон ё корхонаҳое, ки дар замини онҳо нишастаанд, бояд пурра пардохта шавад. Ин талаботи қонун аст. Айни замон барои як метри мураббаъ 32,6 сомонӣ иҷорапулӣ муқарар шудааст. Агар филиали ширкати “Ист Рай Трейдинг” барои ҳар метри мураббаи иҷорашиштааш моҳона 32,6 сомонӣ супорад, ба 4763 метри иҷорааш ҳар моҳ ба “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” 155, 2 ҳазор сомонӣ мепардозад. Ин ҷо мушкил байни корхона ва андоз нест, муаммо байни корхонаи нобиён бо иҷорашинҳояшон аст”, – афзуд Мансурзода.
Акрам Бобокалонов мегӯяд, барои ҳалли мушкили корхонаи зери роҳбариаш ба даҳҳо сохтори давлатӣ мактуб навиштаанд, аммо то ҳол натиҷае ҳосил нашудааст.
“Аз Кумитаи андоз ва дигар мақомоти муроҷиаткарда посух гирифтем, ки андозро пардохт бояд кунем”, – иброз дошт Акрам Бобокалонов.
Бояд гуфт, ки айни ҳол “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи милли нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” 475 нафарро муттаҳид кардааст ва аз ин теъдод, 35 нафар дар корхонаи мазкур кор мекунанд.