spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хуршед Фозилов бо моддаи 307 гумонбар дониста мешавад

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки 6-уми март дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос дастгир шуд, бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар шудааст.

Хуршед Фозилов ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад.

Хушбахт Фозилов, бародари рӯзноманигор имрӯз, зимни суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ӯ ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар аст.

“Бо бародарам дар ҳузури вакили дифоъ чанд дақиқа суҳбат кардам. Аз саломатиаш шикоят накард, ҳамчунин осори шиканҷа ҳам дида намешуд. Мақомот Хуршедро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) муттаҳам кардаанд. Ҳоло вакили мудофеъ машғули ҳимояи ҳуқуқии бародарам аст”, – гуфт Хушбахт Фозилов.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз се то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

То ин лаҳза мақомот қазияи боздошт ва иттиҳоми Хуршед Фозиловро расман шарҳ надодаанд ва кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани шарҳи бештар бесамар анҷомид. То ҳол маълум нест, ки дар кадом замина алайҳи ӯ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Наздикони Хуршед Фозилов бо гузашти се шабонарӯз намедонанд, чаро ӯ боздошт шудааст

Дар ҳамин ҳол, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Ӯро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд.

Қаблан, соли 2022 чор журналисти дигар тоҷик ҳам боздошт ва маҳз бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати аз 7 то 10 сол равонаи зиндон шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...