Соли ҷорӣ моҳи Рамазон дар Қирғизистон 23 март фаро мерасад. Дар ин бора хабаргузории “Kabar” бо истинод ба Раёсати маънавии мусалмонони Қирғизистон хабар медиҳад.
Дар ин ниҳод гуфтанд, эҳтимоли таъхири якрӯза мавҷуд аст.
Бояд гуфт, Қирғизистон аввалин давлат дар Осиёи Марказӣ аст, ки санаи фарорасии моҳи Рамазонро эълон кард. Дар кишварҳои дигари минтақа ҳоло дақиқ накардаанд, ки моҳи Рамазон кай фаро мерасад.
Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳоло мушаххас нашудааст, ки оғози моҳи Рамазон кай аст.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки “санаи дақиқи фарорасии моҳи Рамазонро ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар муайян мекунад”.
Моҳи Рамазон бо рӯзагирӣ фаро мерасад ва маъмулан 30 ё 29 рӯз давом мекунад. Мусалмонон дар ин моҳ аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хурдану ошомидан худдорӣ меварзанд.