Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар арафаи ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 26 автобуси мусофирбари замонавӣ тақдим намуд. Дар ин бора Ғолиб Ниятбеков, сардори шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ додааст.
Ба иттилои номбурда, инчунин ду мошини ёрии таъҷилӣ низ ба вилоят тақдим гардид, ки алакай ба шаҳри Хоруғ расиданд.
Бояд зикр намуд, ки аз автобусҳои тақдимнамуда 5 адад барои шаҳри Хоруғ ва 3 – тоӣ барои ноҳияҳои вилоят дода шуданд.
Тақдими мошинҳо дар ҳолест, ки чанде пештар, баъди чандин солҳо ба ВМКБ парвози нахустини ҳавопаймо ба маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ низ сурат гирифт. Ҳавопаймои L410NG рӯзи 28-уми феврал парвози санҷишӣ анҷом дод.
Аз ҳукумати ВМКБ ба “Азия-Плюс” иттилоъ додан, ки то охири моҳи март ҳавопаймои мазкур парвозҳои санҷишӣ анҷом медиҳад ва аз моҳи апрел парвозҳои мунтазам ба роҳ монда мешавад.