Телевизиони вилояти Хатлон дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба пахши рақамӣ гузашт. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштироки раиси вилоят студияҳои замонавӣ барои бахши барномаҳои телевизион мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҷлил гардид.
Ин бор рӯзноманигорони вилоятро раиси вилоят Давлаталӣ Саид сазовор табрик намуд. Ӯ студияҳои муосири сабти барномаҳои Телевизионӣ Хатлонро ифтитоҳ кард.
Студияи мазкур барои сабти барномаҳои сиёсии фарҳангӣ пешбинӣ гаштааст.
Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба пахши рақамии барномаҳои телевизиони вилоятии “Хатлон” оғоз бахшида, ин дастовардро ба аҳли эҷод таҳният гуфт.
Гуфта шуд, ки телевизиони “Хатлон” пахши рақамии барномаҳои худро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва талошу заҳматҳои роҳбарияти идора Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб роҳандозӣ кардааст.
Телевизиони Хатлон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, дар фазои иттилоотии кишвар, барои барқарории сохти конститутсионӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва инъикоси рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ҷумҳурӣ нақши бориз гузоштааст.