14 март дар саросари дунё Рӯзи ҷаҳонии дарёҳо таҷлил шуд. Ба ин муносибат барои шумо гузинаи дарёҳои зебои Тоҷикистонро тартиб додем.
Дар маҷмӯъ дар қаламрави Тоҷикистон 600 дарё ва рӯдҳои муваққатӣ мавҷуд аст (тибқи маълумоти дигар, тақрибан 1000), ки ба бузургтарин ҳавзаҳои Омударё ва Сирдарё дар Осиёи Марказӣ дохил мешаванд.
Далели ҷолиб, дарозии дарёҳои Тоҷикистон 28 ҳазору 500 километрро ташкил дода, аз Амазонка 4 маротиба дарозтар аст.