Насриддини Нуриддин, ҳунарманди театр ва кино, яке аз иҷрокунандагони нақши асосӣ дар саҳнаҳои ҳаҷвии гуруҳи “Лаҳзаҳои гуворо” берун аз саҳна ба тарбияи наберагони худ машғул аст. Ӯ мегӯяд, пас аз кори зиёди эҷодӣ ва наворбардориҳои дурудароз наберагони дӯстрӯякаш ягона манбаи рафъкунандаи хастагиаш мебошанд.
“Наберагонам зеҳни хуб доранд, ҳарфҳоро мешиносанд ва хонда ҳам метавонанд. Вақте барои ба мактаб рафтани наберагон муроҷиат кардем, аз мо шаҳодатномаи таваллуд талаб карданд, аммо он лаҳза фаҳмидам, ки наберагонам дар қайди расмӣ гузошта нашуда будаанд”, – мегӯяд ҳунарманд.
Насриддини Нуриддин нақл мекунад, ки бе шаҳодатномаи таваллуд наберагонашро ба мактаб қабул накардаанд ва ӯ пас аз сарсониҳо ва ҷарима супоридан тавонистааст, ки барои наберагонаш шаҳодатнома гирад.
Дар навори зерин Насриддини Нуриддин ҳодисаи воқеиро нақл карда, ба сокинон маслиҳат медиҳад, ки кӯдакони навзоди худро саривақт ба қайди расмӣ гиранд: