spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Барои пахши як суруд дар телевизионҳои давлатӣ чанд пул талаб мекунанд ва гонорар чаро пардохт намешавад?

Дар Тоҷикистон чанд сол инҷониб баҳси мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” барои овозхонони тоҷик вирди замонҳо мечархад. Телевизион ва радиоҳои давлатӣ садову симои бархе чеҳраҳои шинохтаи санъатро пахш намекунанд. Сарояндагон аз мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” нигаронӣ доранд, вале масъулин мегӯяд, “рӯйхати сиёҳ” вуҷуд надорад, пул диҳанд – минбар медиҳем”.

Охири соли гузашта Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии СССР дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз пахш нашудани сурудҳояш дар телевизион ва радиоҳои давлатӣ ибрози нигаронӣ кард.

Чанд рӯз пеш, Мастона Эргашева, овозхони саршиноси тоҷик низ дар як сӯҳбаташ ба ифтихори Рӯзи модарон гулагузорӣ кард, ки “маро ба телевизион роҳ намедиҳанд”.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ахири худ гуфт, “ҳар сарояндае маблағи эфирро пардозад, метавонад, аз минбари шабакаҳои телевизионӣ истифода барад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нуриддин Саид

“Ба касе “не” нагуфтем. Танҳо ба ансамблҳои давлатӣ хидматрасонии бемузд дорем. Шахсоне, ки аз ансамблҳои давлатӣ берунанд, марҳамат, маблағро супоранд, майдон аз далер аст”, – афзуд раиси Кумита.

Дар робита ба ин, мо нархи эфирро дар ТВ ва радиоҳои давлатӣ муайян намуда, аз сарояндагони тоҷик пурсидем, оё ҳозиранд, пул дода, минбар гиранд?

Нархномаи хидматрасониҳои ТВ ва радио

Нархи эфир ва реклама дар ҳама телевизион ва радиоҳои давлатии Тоҷикистон дар “Нархномаи хидматрасониҳои пулакии Кумитаи телевизион ва радио”, ки нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” шуд, як хел тасдиқ шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазири фарҳанг: Нуриддин Саид назари худро дорад, аммо аз марги бузургон бояд гуфт

Арзиши як дақиқаи эфир дар телевизионҳои давлатӣ, бо муайян кардани вақти пахш, аз 180 то 300 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши як дақиқа пахш дар радиоҳои давлатӣ бошад, 84 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Манобеи мо аз ТВ “Тоҷикистон” мегӯянд, “тибқи оиннома ТВ “Тоҷикистон” барои пахш кардани суруд бо сарояндагон шартнома намебандад ва пахши сурудҳо ба зиммаи ТВ “Сафина” ва ТМТ “Шаҳнавоз” вогузор шудааст”.

Ба гуфтаи манобеи мо аз телевизионҳои давлатии “Сафина” ва “Шаҳнавоз”, нархи ҳар суруд дар доираи мавзӯву муҳтаво ва давомнокии он кам ё зиёд карда мешавад.

Масъулини ТМТ “Шаҳнавоз” мегӯянд, ҳар суруд пеш аз ҳама аз Шӯрои бадеии Кумитаи телевизион ва радио мегузарад ва иҷозаи пахшро мегирад ва пас аз он, телевизион бо овозхонон шартнома мебандад. Аммо ин манбаъ, нарх  ва шарти ин шартномаро ба мо маълум накард.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи мо бидуни зикри ном аз ТВ “Сафина” гуфт, “нархи 1 дақиқа эфир 200 сомонӣ бошад, пас барои як маротиба пахш шудани суруде, ки аз 3 дақиқа иборат аст, 600 сомонӣ маблағ муқаррар мешавад. Бо ҳамин меъёр, ҳар суруди дигар бо вақти пахш ва дақиқаи он нархгузорӣ мегардад”.

Аз сӯи дигар, манбаъи дигари мо, ки барои таҳия ва пахши рекламаҳо дар телевизионҳои давлатӣ машғул аст, назари масъулини телевизионро тасдиқ карда, гуфт, нархи як маротиба пахш шудани суруд аз 600 сомонӣ сар мешавад.

Овозхонони тоҷик ҳозиранд, ки ба ивази маблағ минбар гиранд?

Сарояндагони мардумиву шинохтаи кишвар, ки солҳо ба ин сӯ сурудҳояшон дар телевизион ва радиоҳои давлатии кишвар пахш намешавад, аз ин амалкарди масъулин нигаронӣ доранд ва мегӯянд, ин шеваи бархӯрд хуб нест.

Сурайё Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз овозхонони маъруфи тоҷик, ки сурудаҳояш дар ТВ ва радиоҳои давлатӣ пахш намешаванд, мегӯяд, “ин тарзи муомила бо сарояндагоне, ки як умр дар хидмати халқ буданд, хуб нест, ноҳурматӣ ва қадрношиносист”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сурайё Қосимова

Қосимова мегӯяд, мухлисонаш сабаби пахш нашудани сурудҳои наву пешинаи ӯро дар ТВ ва радиоҳои давлатӣ зиёд пурсон мешаванд, вале сабаби ин монеаро намедонад ва боре ҳам дар ин бора аз масъулин пурсон нашудааст.

“Дар ҳама муддати фаъолиятам барои пахш кардани ин ё он сурудам маблағе надодаам. Имрӯз бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ин ҳама хидматҳои ба миллату давлат кардаам, боз барои пахши сурудҳоям пул диҳам?”, – мепурсад овозхон.

Сурайё Қосимова бо ибрози нигаронӣ мегӯяд, “бовар дорам, рӯзе масъулин дарк хоҳанд кард, ки хато кардаанд”.

Меҳринигори Рустам, овозхони дигари тоҷик, ки чанд сол боз сурудҳои ӯ ҳам дар ТВ ва радиоҳои давлатӣ пахш намешаванд, мегӯяд, барои пахши ҳеҷ кадом сурудаш маблағе пардохт намекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳрнигори Рустам

Ин овозхон ҳам сабаби пахш нагардидани сурудҳояшро намедонад, вале мегӯяд, “сурудҳои маро солҳои пеш дар ТВ ва радиоҳои давлатӣ пахш мекарданд, вале барои ҳеҷ кадомаш маблағе пардохт накардаам. Акнун ба эфир намедиҳанд ва ман ҳам намехоҳам, ки ба кадом ниҳоде пул пардохт намоям”.

Зулайхо Мамадшоева, овозхони дигари тоҷик бошад, мехоҳад суруду клипҳояш ба таври ройгон дар телевизион ва радиоҳои давлатии кишвар пахш шаванд.

Мамадшоева ба ин назар аст, ки “имрӯз барои реклама ва ба мухлисон расонидани сурудҳояш канали Ютуб ва шабакаҳои иҷтимоӣ кифоякунанда аст”, вале агар масъулини телевизион ба барномаҳои телевизионӣ даъват кунанд, ҳозир аст ширкат намояд ва агар сурудҳояшро пахш кунанд, шод мешавад.

“То имрӯз барои пахши ин ё он сурудам ба кадом як телевизиони давлатие нарафтаам ва аз ман маблағ ҳам талаб накардаанд. Ҳамчунин, ман намехоҳам, ки барои пур кардани эфири телевизион маблағ пардохт кунам. Бигзор ройгон пахш намоянд”, – иброз медорад Зулайхо Мамадшоева.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зулайхо Мамадшоева

Гонорар куҷо меравад?

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” расона барои контент ба муаллифи асари мусиқӣ бояд ҳаққи қалам (гонорар) ҷудо кунад.

Дар моддаи 13-и қонуни мазкур гуфта мешавад, ки “ҳангоми иҷрои оммавии асари аудиовизуалӣ муаллифи асари мусиқӣ (бо матн ва бидуни он) ҳуқуқи худро ба ҳаққи қалам барои иҷрои оммавии асари мусиқиаш нигоҳ медорад”.

Яъне, тибқи муқаррароти ин банди қонун, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар ҳолати пахши суруди сароянда, ба ӯ бояд ҳаққи қалам – маблағ пардохт кунанд. Аммо ҳамаи сарояндагоне, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, таъкид намуданд, ки ҳеҷ гоҳ барои пахши сурадашон аз телевизион ё радио гонорар нагирифтаанд.

Акнун маълум нест, ки қазияи печидаи пахши сурудҳо дар телевизион ва радиоҳои давлатии Тоҷикистон бо чӣ хулоса хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 15 шабакаи телевизионӣ ва 10 радиои давлатӣ фаъолият мекунанд. Миёни инҳо, ТМТ “Шаҳнавоз” – телевизиони мусиқии Тоҷикистон, ки соли 2017 ба фаъолият оғоз кард, махсус барои пахши барномаҳои консертӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...