Дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2022 дар зарфи ду моҳи соли равон кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои мададрасон 6,4 баробар кам шудааст.
Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 6,7 млн доллар ин гуна кумак ворид шудааст.
Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда қариб 43 млн долларро ташкил дода буд.
Давоми ду моҳи имсол ба Тоҷикистон аз 23 кишвари саросари ҷаҳон 2,4 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ирсол шудааст.
Ба сегонаи кишварҳои асосии мададрасони ҷумҳурӣ Чин (42,1% аз ҳаҷми умумӣ), Туркия (14,3%) ва ИМА (12,2%) дохил шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ниҳоят зиёд кумаки башардӯстона расид, ки маблағи умумии он ҳудуди 141 млн долларо ташкил дод.
То ин дам кумаки башардӯстонаи ҳаҷмаш нисбатан зиёд аз рӯи арзиш соли 2013 (87,4 млн доллар) ва начандон назаррас – соли 2015 (44,8 млн доллар) ба ҷумҳурӣ ирсол гардида буд.
Мақомот дар бораи чӣ гуна тақсим шудани кумаки башардӯстона байни эҳтиёҷмандон ба ВАО маълумот намедиҳанд.