spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инљо меорем.

Чаҳоршанбеи охирон

Омодагӣ ба Наврӯз дар Тоҷикистон сари сол шурӯъ мешавад, вале тайёрии ниҳоии он чаҳоршанбеи охирини соли куҳан ҳисоб меёбад, ки он дар фарҳанги наврӯзӣ ба истилоҳи «Чаҳоршанбесурӣ» маълум аст. Дар байни тоҷикон ин маросим «Чоршанбеи охирон» ном дошт ва дар баъзе минтақаҳо онро «Чоршанбесурук» ё «Чоршанбеи моҳи сафар» меномиданд, ки дар рӯзи чоршанбеи охирони сол пеш аз иди Наврӯз гузаронида мешуд.

Дар асрҳои гузашта тољикон ҳангоми иҷрои маросими Чоршанбесурӣ косаву табақ, кӯза ва дигар зарфҳои лабшикастаю ҷағовардаро мепартофтанд. Мардум қабл аз фарорасии Соли нав на танҳо хонаю дар ва ашёву анҷоми хонаро тоза мекарданд, балки тавассути обпошӣ ва аз оташ ҷаҳидан рӯҳан худро тозаю озода менамуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷуфтбаророн

Ин маросим аз қадимтарин ойниҳои наврӯзӣ ба шумор меравад, зеро Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст. Ба қавли пажӯҳишгари тоҷик Дилшод Раҳимов, то солҳои панҷоҳуми қарни гузашта дар ноҳияҳои минтақаи Суғду Хатлон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз маросими «Ҷуфтбаророн» барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехӯрданд ва дар ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуову фотиҳа мехонданд. Сипас онҳо ба сари замин рафта, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд ва ба сару гардани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Фолгирии наврӯзӣ

Ойини дигар, пешбинӣ кардан бо роҳи сабзонидани дувоздаҳ навъи ғалла: гандум, ҷав, нахӯд, боқило, зағир, наск, мош ва ғайра мебошад. Ѓалларо дар зарфҳои гуногун дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату сифати сабзиши онҳо фол мегирифтанд, ки кадом навъи ғалла дар ин сол нашъунамои хуб карда, ҳосили фаровон хоҳад дод.

Маросими обрезон

Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёӣ ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав– Наврӯз мардум шустушӯй намуда, худро поку озода мекарданд. Тибқи навиштаи фолклоршиноси маъруфи тоҷик Рӯзӣ Аҳмад, сардори оила субҳ пеш аз баромадани офтоб ба даст кӯза ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё рӯди об мерафт. Баъди шустушӯй зарфро пури об карда, сипас аз болои об се маротиба ҷаҳида: «Ҳарчӣ дарду бало дорам, об бибар»,–мегуфт.

Ойинҳои мазкур ба он далолат мекунанд, ки об дар маҷмӯи ҷашни Наврӯзи мардуми тоҷику эронӣ аз даврони бостон ба ғайр аз корбурди маишӣ, инчунин, мазмунҳои асотирию рамзӣ доштааст. Обро мардум дар қатори оташу бод ва хок ҳамчун як унсури муқаддаси табиат, дорои неруи поккунандаи айбу гуноҳон, нопокиҳо ва зиштиҳо медонистанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Афрӯхтани оташ

Ҳангоми маъракаи оташафрӯзӣ дар ҷашни Наврӯз қоидаҳои зерин риоя карда мешавад: Гулхан бо ҳезуми хушк, хоса хушбӯй, аз ҷумлаи чӯбҳои зардолу, тут, бурс, заранг ва ирғай афрӯхта мешавад; оташ ҳарчӣ бештар забона занад, ҳамон қадар равшанӣ ва гармӣ падид меояд, торикию хунукӣ дуртар меравад; оташ бояд дуд накунад, ба истиснои лахчаҳое, ки дар он афзору анҷоми куҳна ва фарсуда сӯхта мешавад; оташи тезу баландзабона ҳам гармӣ медиҳад, ҳам ба ҷойи чароғ муҳитро равшан мекунад; азбаски базми оташафрӯзӣ аз шом то субҳ, яъне то баромадани Офтоб тӯл мекашад, наврасон бо ҳидояти калонсолон ҳезумро аз ҳезумхонаҳо бароварда, дар наздикии гулхан захира мекунанд, то суръати афрӯхтани оташ суст нашавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Суманакпазӣ

Асоситарин неъмати Наврӯз суманак аст, ки он аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Дар вақти суманакпазӣ занону духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд, зеро тибқи боварҳои мардумӣ ҷашни Наврӯз агар бо хандаву хурсандию шодмонӣ певоз гирифта шавад, ҳамон сол соли бофайзу баракат ва хушу хурсандӣ мегардад. Бинобар ин, дар маросими суманакпазӣ хурду калон ва пиру ҷавон шодию хурсандӣ мекунанд ва ҳамдигарашонро бо кушодарӯйӣ шодбош мегӯянд ва муборакбод менамоянд. Ҳангоми кофтани дег таронаи мардумии «Суманак дар ҷӯш»-ро ҳамагон ҳамовоз гардида месароянд.

Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандозанд, ки он рақам ҳафт фариштаи ҳафт табақи осмонро ифода мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гулгардонӣ

Дар деҳоту шаҳракҳои Тоҷикистон пайки наврӯзӣ бачаҳою духтаронанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар даст гулдастаҳои баҳорӣ, гули қоқу, сияҳгӯш, наврӯзӣ давидаю хандида, субҳи барвақт назди дарвозаи хонаҳо омада, суруди дилхоҳашонро замзама мекунанд. Соҳибхона онҳоро бо самимияту хушҳолӣ ба хона даъват мекунад ва ширинӣ, обҳои ранга, меваи хушку тар, пул ҳадя медиҳад.

Сайри наврӯзӣ

Дар айёми Наврӯз мардумон ҷашни баҳорро дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рӯдхонаҳо, ки бо номҳои «идгоҳ» ва ё «сайргоҳ» маъруф буданд, таҷлил мекарданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ ва зебоиписандӣ таҷлил намудани Наврӯз дар пойтахти мамлакат, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку маҳаллаҳо наврӯзгоҳҳо муқаррар карда мешаванд. Бо ин мақсад варзишгоҳҳо, боғҳои фарҳанг, фароғат, хиёбону майдону гулгаштҳо, толорҳои калони болокушода, заминҳои тахту ҳамвори домани талу теппаҳо, соҳили дарёҳои атрофи шаҳру ноҳияҳоро истифода мекунанд, вале онҳоро ба тарзи дилхоҳ, вобаста ба талаботи ҷашнвора, аз нав сохта, таҷҳизонида, аз дидгоҳи касбӣ ороиш медиҳанд

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бозиҳои суннатии варзишӣ

Як бахши муҳими ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар аёми Наврӯз мусобиқаҳои паҳлавонон дар навъҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ баргузор мегарданд, аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ гуштигирӣ аст, ки хеле роиҷ ва маъмул мебошад.

Бузкашӣ як навъ варзиши маъмулӣ буда, дар айёми Наврӯз бо тантана барпо мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...