Бо қарори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Деваштич, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ ҷойгир аст, ба ифтихори рӯзи зодрӯзаш ба номи Дамирбек Олимов, овозхони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Дар ин бора Бобоҷон Зокиров, яке аз пайвандони овозхон ба “Asia-Plus” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маросими расмии бозкушоӣ ва номгузории ин мактаби бачагонаи мусиқӣ бо ширкати намояндагони фарҳанг аз вилоят ва ҷумҳурӣ ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
"Дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич аз 8-уми сентябри соли 2022 таҳти рақами 794 "Дар бораи номгузорӣ намудани Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Деваштич ба номи Дамирбек Олимов" дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ гардид", – гуфт Бобоҷон Зокиров.
Қаблан Бобоҷон Зокиров ба “Asia-Plus” хабар дода буд, ки пешниҳоди мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли сипаришуда бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.
Ҷасади Дамирбек Олимовро зуҳри ҳамон рӯз дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич ба хок супориданд. Марҳум 33 сол дошт ва аз сарояндагони соҳибистеъдоди рӯз ба ҳисоб мерафт.