Пагоҳ, 23 март моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Ба ин муносибат паёми шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон ба мардуми кишвар нашр шуд.
“Ба ин муносибат тамоми сокинони кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода тансиҳатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям. Моҳи шарифи Рамазон тибқи таълимоти дини мубини ислом моҳи нузули Қуръон, айёми хайру баракат, тоату ибодат ва парҳез аз кинаву адоват мебошад”, – зикр мешавад дар паём.
Ӯ аз ҳар як мусулмон даъват кард, ки дар ин моҳ бояд аз ҳама гуна аъмоли зишту нораво худдорӣ карда, дигаронро низ ба роҳи росту дуруст, анҷом додани амалҳои хайру писандида, сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ даъват намояд.
“Бо дарназардошти он ки ҳадафи дини мубини ислом тарбияи инсони солеҳ аст, моҳи Рамазон беҳтарин фурсат ва накӯтарин мактаби ахлоқӣ дар роҳи расидан ба ин мақсад мебошад”, – иброз дошт президент.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки имсол моҳи шарифи Рамазон ба давраи саршавии мавсими киштукори баҳорӣ рост омада, аз ин рӯ, бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода ва корҳои кишоварзиро вусъат дода шавад.
“Барои ин истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот лозим аст”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки ҳангоми гирифтани рӯза, қабл аз ҳама, талаботи ахлоқӣ ва инсондӯстиву иҷтимоии он бояд ҷиддӣ риоя шавад.
“Ба зоҳирпарастиву худнамоӣ роҳ надиҳем, зеро Худованди мутаол хоксорӣ, сарфакорӣ ва накӯкориро дӯст медорад, – гуфт ӯ. – Мо бояд сариштакор бошем, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем ва талаботи қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ»-ро ҳатман риоя намоем”.
Сарвари давлат ба хонадони ҳар яке аз ҳамватанон файзу баракат, зиндагии орому осуда, хушрӯзӣ ва иқболи нек орзу кард.