Фатвии ҳирсу ғафлати худком
Бар ҷаҳоне ҳалол кард ҳаром!
Абдулқодири Бедил
Барои мо, тоҷикон, Наврӯз ба унвони пайвандгари давру даҳри иҷтимоӣ на танҳо рамзу рози наҷот ёфтани аҷдодамон дар ҷараёни замонҳои сахту сангини гузашта бувад, балки ба яқини комил кафили бақои умри таърихии авлодамон дар оянда низ мебошад.
Аз ин рӯ, ба гунаи иди миллӣ пазируфтани ҷашни Наврӯз, ки дар даврони ба истиқлолияти сиёсӣ расидани ҷумҳурии шӯравибунёдамон сурат пазируфт, дар шоҳроҳи рушду камоли таърихии халқи тоҷик ба унвони миллат (ба маънии ҳозиразамони истилоҳ) тадбири бамавқеъ ва иқдоми саривақтӣ буд.
Ин тасмими ояндасоз аҳамияти бузурги тарбиявӣ низ дошт, зеро иқдоми муҳиммму мубраме буд дар шоҳроҳи барқарор ва устувор кардани истимрори аслҳою наслҳо дар қаринаи тамомияти таърихию фарҳангии тамаддуни эронию туронӣ, ки солхӯрдатарин тамаддуни ҷаҳонист. Ва бад-ин тариқ уфуқи меҳанпарастии тоҷикона аз ҳисоби одату одоби ғании бостониамон васеъ шуд ва ҳамроҳа ваҳдати миллии тоҷикон тобишу ҷилои хоси таърихию маънавӣ пайдо намуд.
Мутаассифона, миёни рӯҳониёни форсизабон ва туркизабон уламое буданду ҳамоно ҳастанд, ки ҷашни Наврӯзро иди хоси зартуштиён пиндошта ва ҳамзамон пайравони кеши зартуштиро оташпараст, яъне бутпараст, хонда таҷлили онро барои мусулмонон маросими “ҳаром” ҳисоб мекунанд. Афсӯс ки ин мавзӯйи илман муҳимму иҷтимоан мубрам ҳанӯз ба ҳадде, ки бояу шояд, мавриди баррасии академӣ қарор нагирифтааст.
1
Сабаб ва муроду мақсади наврӯзситезиҳои кунунӣ худаш чист? Гумон намекунам, ки ин амру амали бархе аз уламои ислом иқдоми мухолифатомезе бо давлати миллӣ ва ё як навъ саъю кӯши худнамоӣ бошад. Аз ин рӯ, рӯҳониёни наврӯзситезро номбар намуда ба қилу қоли мушаххас намепардозам.
Ҳаройина, ман аминам, ки афкори интиқодии наврӯзситезони навбаромад аз сарчашмаҳои қудсии дини ислом барнамеояд. Вале эътиқоди динии мунаққидонро аҳкомпарастона ё тақлидӣ гӯён таън ё танз намекунам. Фақат ба забони Қуръони Карим мепурсам: “Чаро дар он чӣ бад-он илм надоред, муҷодала мекунед? Дар он чӣ бад-он илм доред, муҷодалаатон раво бошад!”
Аммо баъд… агар масъаларо усулан ба миён гузорем, боястӣ ба мояи ихтилоф бо рӯҳониёни салафӣ ба рӯ шудан. Асл ин ҷост, ки дар мавриди мазкур сухан аз дарки дурусти баъзе оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ меравад, ки дар тафсиру таъбири онҳо нақши омили инсонӣ бармалост. “Омили инсонӣ” худаш чист? Дар посухи ин савол ба як фармудаи машҳури Ҷамолиддини Асадободӣ (Афғон) муроҷиат мекунам, ки дар ҳошияи баҳсаш бо исломшиноси маъруфи фаронсавӣ Эрнест Ренан ба забони манзум гуфта:
Ислом ба зоти худ надорад айбе.
Ҳар айбе, ки ҳаст, аз мусулмонии мост!
Ба маънии ин ин байт зеҳн монда дармеёбем, ки Асадободӣ ду мафҳуми ҳамзод: “ислом” ва “мусулмонӣ”-ро аз ҳам фарқ кардааст, ки аҳамияти бармалои методологӣ дорад.
Дар воқеъ, Ислом – муҷассамаи ваҳйи илоҳӣ (Қуръон) ва аҳодиси набавӣ (Суннат) буда бад-ин унвон ҳақиқати азалист. Мусулмонӣ бошад, дарёфти инсонии муқаддамот ва муқаддасоти динист дар заминаи тафсиру таъбири маълумоти сарчашмаҳои мӯътабари ислом (Қуръон ва Суннат), аз ҷумла аз тариқи қиёс ва иҷмоъ.
Аслҳои ҷамеи динҳо дар макону замонҳои мухталиф тағйирнопазиранд, вале таъбиру тафҳими асли динӣ бо мурури замон такмил, тасҳеҳ ва ё таъдил ёфта метавонад. Ва агар ин тавр набуд, магар ҳамон дини ислом ба равияҳо, мазҳабҳо ва фирқаҳои мухталиф тақсим шуда ба майдони ҷанги “72 миллат” табдил меёфт?! Ин вазъияти бӯҳрониро танҳо тавассути афсӯсномаи Мавлоно Балхӣ-Румӣ шарҳ додан мумкин аст, ки гуфта: “Мурдам андар ҳасрати фаҳми дуруст!”
Дар ин росто гуфтугӯи илмиро аз муоинаи рагу решаи масъала сар кардан лозим меояд. Агар ба мабнои ин ё он ҳукми шаръӣ дар бораи “ҳаром”(“бидъат” ё “макрӯҳ”) будани ҷашни Наврӯз назар афканем, баръало мебинем, ки он ҷо ба ғайр аз далелҳои сирф динӣ басе мулоҳизаҳои манфиатҷӯёна ё фурсатталабона низ будаанд, ки рангу раванди идеологӣ, сиёсӣ ва ҳатто иқтисодӣ доштанд.
Даврони Хилофати арабро гирем. Дар қарни аввали ҳиҷрӣ ҷашни Наврӯзро ба унвони расму ойини мушрикон манъ карда буданд. Вале сонитар халифаҳои араб ва идеологҳои дини нав ду чизи барояшон муҳимму муфидро кашф намуданд: якум, анъанаи ҳадякунию ҳадягириҳоро дар Наврӯз, ки махсусан дар боргоҳи маликони Аҷам вусъат доштааст! (Дар омади гап гӯям, Умари Хайём дар рисолаии “Наврӯнома”, ки барои авлоди Маликшоҳи Салчуқӣ ҳамчун як навъ насиҳатнома навишта буд, одати дар рӯзи Наврӯзи Бузург ба подшоҳ овардани наврӯзиҳоро махсус ва муфассал нақл кардааст. Аҷаб нест, инро ба андешае карда бошад, ки мабодо ворисони сиёсии Маликшоҳи туркнажод ба ҷашни Наврӯзи ориётаборон дастдарозӣ накунанд).
Дувум, халифаҳо пай бурдаанд, ки ба ҷойи манъ кардани одату суннаттҳои мардумони ғайримусулмон (аҳли зимма) фоиданоктар он бувад, ки ба онҳо бар ивази пардохт кардани андози иловагӣ (ба истилоҳ ҷизя) ҳуқуқи ба тариқи худашон зиндагӣ кардан (масалан, одату суннаттҳояшонро пос доштан) дода шавад. Аҳамияти хоси чунин сиёсати динӣ аз он иборат буд, ки бад-ин тариқ, аз қавли як ҳикмати тоҷикӣ гӯям, ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид!
Сабаби севумро, ки омили сирф сиёсӣ буд, устод Айнӣ дар мисоли рафтори умарои манғит шарҳ додаанд, ки яқинан бо маслиҳату машварат уламои Бухоро давлатдорӣ мекарданд. “Аз амирони Бухоро он касе, ки иди Наврӯзро аз шакли халқчигӣ бароварда ба вай ранги расмият дод, амир Музаффар буд. Ӯ ҳам ин корро баъд аз шикаст хӯрданаш дар ҷанги Русия кард. Аз рӯйи қавли одамони куҳансоли ҳақиқатбин, ки ба нависандаи ин сатрҳо гуфта буданд, амир Музаффарро баъди шикаст дар ҷанг дар пеши мардум обрӯе намонд. Хусусан баъд аз он ки ӯ мардумро тороҷ карда, хазинаи дар ҷанг холишудаи худро пур кардан хост, нафрати мардум боз ҳам аз вай зиёдтар шуд. Бинобар ин ӯ дар ҳар ҷо, ки манзил кунад, чавкӣ (яъне базми умумӣ) барпо карда мардумро ба тамошои вай машғул мекард, то ки аз кирдорҳои нописандидаи ӯ чашм пӯшанд ва ё ин ки ба дидани он кирдорҳо вақт наёбанд… Амирони охирии Бухоро бошанд, ин идро дар роҳи дуру дароз машғул доштани халқ ба корҳои бефоидаи зарари моддинок истифода карда, ба ин восита худ осуда зиндагонӣ кардан хостанд”.
Бино ба шаҳодати Қуръон ва дигар сарчашмаҳои қудсии исломӣ, манфиатҷӯйиҳои рӯҳониён баъзан то ҳадде расида будаст, ки ҳатто ба Каломи Аллоҳ таҷовуз кардаанд! Дар сураҳои Бақара ва Оли Имрон ишорае сабт шуда, ки басе ҷолиб аст: бархе аз паёмбарони пешин ва пайравони эшон ҳарфҳои Аллоҳро аз худсарона тағйир дода ва таҳрифу тахрибашонро ҳамчун амру амали худи Аллоҳ қаламдод намуда пайваста кӯшидаанд, ки мардумро гумроҳ созанд.
Ҳаройина ишон инро дидаю дониста кардаанд! Аз сӯйи дигар, далели қуръонӣ шаҳодати қудсиест ба як ҳақиқати куллӣ: муфассирони Қуръону Суннат аз зоти фаришта нестанд, пас онҳо низ ба унвони одамизода аз норасоӣ дар фаҳм ва мувофиқан саҳву хато дар тафсир эмин набуданду нестанд. Чӣ расад ба симои маънавии ишон, ки низ унсури назарраси ҳамон омили инсонист! (Муқ. шавад бо гуфтору кирдори онҳое, ки дар Қуръон ҳамчун “мунофиқин” муаррифӣ шудаанд.) Аз ин маънӣ мусулмонӣ ба як ҳисоб инъикоси дараҷаи балоғати фарҳанги рӯҳонии ҷомеа бувад.
Дар пасманзари ин ҳама далелу мулоҳизаҳои куллӣ пурсидан равост, ки ҷашнгирии Наврӯз маҳз ба чӣ мухолиф аст: (1) умуман ба аҳкоми ислом, (2) ба тафсиру таъбири ҳукмҳои ҷудогонаи қуръонӣ ва ё (3) фатвои ҷузвие, ки баъзе аз фуқаҳо ё уламои мусулмон дар шароити мушаххас ё дар иртибот бо ягон масъалаи алоҳида қаламӣ кардаанд ё шифоҳӣ гуфтаанд?
Умдаи мулоҳиза ин аст, ки ягон ақидаи томи муносибати усулии ислом ба иди Наврӯз вуҷуд надорад, ки онро ҳама мазҳабҳо, фирқаҳо ва ё мактабҳои фиқҳи исломӣ (ақаллан дар қаламравии рӯҳонии ду равияи асосии ислом – тасаннун ва ташаййӯъ) ба унвони ҳақиқати кул пазируфта бошанд.
Яке аз сарчашмаҳои наврӯзситезиҳои кунунӣ бошад, осори динии Ҳуҷҷатулислом Абӯҳомиди Ғазолӣ аст, ки номашон дар радифи бонуфузтарин уламои сунигарӣ сабт шудаст . Дар таърихи улуми исломӣ Ғазолӣ на танҳо ҳамчун муаллифи як қатор асарҳои рукнгузор, монанди “Эҳё улумуддин” (дар чаҳор ҷилд) маъруфанд; Эмом инчунин тафаккури интиқодие доштанд, ки ҷиҳати тезиву тундӣ камназир буд. Чунончӣ, Ғазолӣ китоби машҳури “Таҳофутулфалосифа”-ро нигошта ба ҷустуҷӯи осори куфру илҳод дар афкору аъмоли пешаҳдону муосиронашон пардохтаанд, ки ҷо-ҷо ҳатто одоби суннатиро ҳам риоя намекунад!
Зимнан, миёни мутафаккирони барҷастае, ки мавриди танқиду мазаммати шадиди Эмом қарор гирифтаанд, муқаддасоти миллии тоҷикон Абӯалии Сино ҳам буданд: Ғазолӣ на фақат осор, балки рӯзгори Шайхурраисро низ бо ончунон таъну танзи адоватомез муаррифӣ кардаанд, ки аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла аз назари ахлоқу одоби миллиамон, боиси тааҷҷубу таассуф аст.
Гап болои ин ки Эмом худашон аз миёни тоҷикони Хуросон бархоста буданд, вале муҳимтарин бахшҳои мероси гаронбаҳои аҷдодашон, хусусан ҳамонҳоеро, ки акнун дар ганҷдони фарҳанги ҷаҳонӣ шиносномаи дурахшони тоҷику эронӣ дар шумор меоянд, ҷо-ҷо аҳкомпарастона ва ҳатто мутаассибона инкор кардаанд.
Чунончӣ, Ғазолӣ дар китоби машҳурашон “Кимиёи саодат” аз аҳли мусулмон, ба вежа ҷомеаи форсизабонон, қотеъона талаб кардаанд, ки ному нишони ду ҷашни бостонии тоҷикону эрониёни кунунӣ Наврӯз ва Садаро аз лавҳи ёду хотирашон тарошида партоянд: “Изҳори шиори габракон ҳаром аст ва мухолифи шаръ аст… Наврӯзу Сада бояд, ки мундарис шавад [ному нишонаш намонад] ва касе номи он набарад”.
Дар омади гапгӯям, “Кимиёи саодат”-ро Академияи илмҳои ҷумҳуриамон ба алифбои кириллӣ баргардонида интишор додааст, ки худаш ба худаш кори хуб буд. Фақат ҳаминаш мавриди тааҷҷубу таассуф бувад, ки ба китоб ягон тафсиру таъбири академӣ изофа нагардида; хонандагон ғофил аз он мондаанд, ки Ғазолӣ худашон кӣ буданду китобашон чи гуна ҳадафи динӣ дошт, – ҳадафе, ки аз рӯҳи идеологии замонашон бармеомаду ба рӯҳи замонаи мо рост намеояд. Ва ҳол он ки Академияи илмҳо бонии мероси фарҳанги миллӣ ва таъбири дурусти ӯст…
Ҳамзамон бояд алоҳида қайд кард, ки хулосаи Ғазолӣ ба зоҳир дар омади гап, дар ҳошияи нақлу нақди одатҳои ношоистаи (мункарот) бозорҳо дарҷ шудааст. Аввал Ғазолӣ урфи ахлоқан номатлуби савдогарро маҳкум карда барҳақ гуфтаанд: “Бар харида дурӯғ гӯянд ва айби коло пинҳон доранд ва тарозуву сангу чӯби газ рост надоранд…” Аммо баъд… Эмом аз қаламрави ахлоқ рост ба арсаи идеологияи ҷангара қадам мондаанд; ғарази аслии ишон расман манъ кардани таҷлили ҷашнҳойи пешазисломии Аҷам аз мавқеи назари исломи рошидин будаст!
Ҳукми шаръӣ будани қазияи ғайритаърихии Ғазолӣ аз оҳанги қотеъонаи сухани эшон ҳувайдост. Аввал ин ки агар фармудаи Ғазолӣ ҳукме мебуд бо ишораи мушаххас ба ягон ояти Қуръон ё ҳадиси набавӣ, онгоҳ масъала ранги дигар мегирифт: баҳс умдатан перомуни то чӣ андоза айнӣ ё воқеӣ будани тафсири ҳамон оят ё ҳадис мерафту бас. Аммо дар мавриди мазкур сухан аз ҳукме рафта, ки аз сарчашмаҳои қудсии дини ислом мустақиман барнамеояд.
Баръакс, дар ҳадисҳои Паёмбари ислом ва Ахбори Эмомҳои ташаййӯъ нақлҳое ҳастанд, ки аз назари неки Расули Акрам ва пешвоёни шиамазҳабон ба ойину суннатҳои ҷашни Наврӯз дарак медиҳанд.
Дар воқеъ, агар ба таърихи муносибати ислом ба ҷашни Наврӯз аз мавқеи назари васеътар ва умумитар нигоҳ кунем, яъне ақидайи мазҳаби шиаро ҳам ба эътибор гирем, онгоҳ дармеёбем, ки хулосайи баъзе уламойи суннимазҳаби тоҷикистонӣ ва тотористонӣ аслан дуруст нест. Гуфтан кофист, ки бино ба маълумоти андӯхтаи муҳаққиқи муосири эронӣ, ҳамкасби арҷмандам Ризо Шаъбонӣ (ман бо ӯ солҳои ҳаштодуми садаи гузашта дар идораи ЮНЕСКО вохӯрда унс гирифта будам ва ба собит будани маълумоти овардааш шубҳа надорам) беш аз 50 нафар фақеҳи машҳури шиамазҳаб аз тариқи фатво ба таҷлили Наврӯз расман рухсат дода будаанд.
Афзун ба ин фуқаҳои эронӣ дар таъйиди қавли шаръияшон Наврӯзро ба рӯзи мавлуди Муҳаммади Пайғамбар (ва рӯзи интихоби Алӣ ибни Абитолиб ба хилофат) баробар карда эълон додаанд, ки Наврӯз барои мусалмонон “Рӯзи Муборак” аст!
Дигар ин ки агар ба мантиқи ҳукми шаръии Ғазолӣ зеҳн монем, онгоҳ дармеёбем, ки қиёси он кас бар мабнои ду муқаддимаи зерин содир шудаст:
Наврӯз ва Сада сириштан ҷашнҳои зартуштистанд.
Зартуштия кеши ширкист.
Ва ҳол он ки ҳар ду муқаддима ҳам ба ҳақиқати таърихи динӣ рост намеояд. Бинобар ин хулосае, ки онро Ғазолӣ аз муқаддимаҳои мазкур мантиқан баровардаанд (Наврӯзу Сада идҳои барои мусулмонон аслан мамнӯъ мебошанд), бунёдан нодуруст аст!
Барои ба дурустӣ дарк кардани маъниву маслаки ҳукми шаръии Ғазолӣ онро дар қаринаи бархӯрди ҳазору чаҳорсадсолаи Арабу Аҷам, ки ҳанӯз ҳам идома дорад, баррасӣ кардан мебояд. Дар набарди рӯҳонии ислом ва зардуштия дине пирӯз шуд, ки аламбардори ҷангҳои истилогаронаи арабҳои бодиянишин буд. Ва чун дар ҳамагуна мавридҳои таърихие, ки нерӯи бақувват аз болои нерӯи беқувват пирӯз шудаст, дар ин маврид ҳам кор бо таънаву таҳқири мағлубон аз тарафи ғолибон анҷом ёфт. Уламои ислом зартуштияро дини бутпарастӣ хонда ҳомилону ҳомиёни бостонитарин кеши монотеистиро расман (аз тариқи ҳукми шаръие, ки ангезаи сиёсӣ дошт!) аз қатори “Аҳли Китоб” бароварда, барои таъқибу таҳқир (“террор” хонед!) роҳро ҳамвор намуданд.
Ангезаи сиёсии ин қиссаи таърихиро ман аз забони диншиноси нуктасанҷ Алии Ҷаъфарӣ дар Лос-Анҷелос шунида будам. Дар саҳнаи таърих зартуштия ва ислом соли 630-и мелодӣ ба ҳам рӯбарӯ шуданд. Вақте ки арабҳо Баҳрайнро забт карданд (арабҳо и онҷойӣ зартуштӣ буданд), аз Муҳаммадпайғомбар пурсиданд, ки бо онҳо чӣ кор кунанд. Паёмбари ислом фармудаанд: онҳоро ҳамчун аҳли китоб бипазиред! Панҷ сол пас аз ин, вақте ки Империяи Сосониён дар ҷанги мусулмонони аъробӣ шикаст хӯрд, эрониёни зартуштиро як муддат ҳамчун аҳли китоб ҳурмат карданд, вале ҳамин ки хилофати араб бақувваттар шуд, зартуштиёнро «кофир» эълон намуда таъқиб намуданд. Аз ин рӯ, бисёрии онҳо аз зулму ситами динию сиёсӣ хору зор шудан нахоста ба Ҳиндустон кӯчиданд. Дар натиҷа пайравони дини бостонии туронию эронӣ дар ватани таърихиашон аз аксарият ба ақалият табдил ёфтанд…
Хусусан ки худи ҳамон замон китобсӯзӣ сар шуд, ки давоми мустақими бедодгариҳои Искандари Мақдунӣ буд; Қутайба низ мисли Александр азму иродаи қавӣ дошт, ки дар ниҳояти кор шуури иҷтимоию таърихии мардуми таҳҷоии сарзаминҳои забкардаашро куллан дигаргун сохта дар зимни ин миёни ҷумла аҷамиён (ба маънии таҳқиоромези “аъҷам”, яъне “гунг”, сиёсати арабсозиро амалӣ намояд. Вай дарставвал сахт кӯшид, ки ба онҳо забону фарҳанги араб, пеш аз ҳама дини исломро таҳмил кунад. Сиёсати зӯроваронаи аъроб дар ҳадди аксари кишварҳои истилошуда ба натиҷаи матлуб расид: араб шуда рафтани сурёниҳо ва қибтиёни қадим, ки аз ҷумлаи мардумони муамаддини аҳди бостон буданд, шаҳодати таърихии ин воқеаи нодираи ҷаҳонист. (Аъмоли зишти мақдуниёну арабҳоро Абӯрайҳони Берунӣ бо як ҷаҳон дарду алам нақлу нақд кардаанд).
Баъзе уламо, фуқаҳо ва удабои намоёни Ҷумҳурии Исломии Эрон (аз қабили устодони номдор Муртазо Мутаҳаррӣ ва Абулҳусайни Зарринкӯб) хеле саъю кӯш ба харҷ додаанд, ки худи воқеаи китобсӯзиҳои ғосибони арабро дар Эрону Турон инкор намоянд, хусусан кирдори нанговари сарбозони Қутайба ибни Муслимро дар Бухоро ва Хоразм нодида гиранд. Ишон ҳатто ба ҳаққонӣ будани хабари таърихие, ки дар “Осор-ул-боқия”-и Абӯрайҳони Берунӣ дарҷ шудааст, шубҳа кардаанд!
Устод Зарринкӯб эътироф намудаанд, ки “фатҳи исломӣ албатта бо ҷанг ҳосил шуд”, аммо ҳамзамон бовар доштаанд ва ҳамагонро ба зӯри эътиқодашон (ба самимӣ будани имону ихлосашон шубҳа надорам) бовар кунондан мехостанд, ки “нашри ислом дар байни мардуми фатҳшуда ба зӯри ҷанг набуд”! Аз хулосаи фарҳангшиноси намоёни Эрон бармеояд, ки аҷдоди мо гӯё ба зудӣ ва қариб ки ихтиёрӣ мусулмон шуда будаанд!
Дар ҷавоби саволе, ки посухи таърихиаш бармалост, чӣ гӯям? Балки аввал хулосаи манзуми Носири Хусрав – яке аз ҳаммазҳабони машҳури оғоюн Мутаҳаррӣ ва Заринкӯб – иқтибосе орам, ки гуфта:
Гуфтанд, ки мавзӯи шариат на ба ақл аст,
Зеро ки ба шамшер шуд ислом муқаррар!
Бо вуҷуди он ки Носири Хусрав ҳамчун ҳакиму шоири рӯҳшинос обрӯю эътибори бузург дорад, ба забони факту далелҳои илмӣ изҳори назар кардан беҳтар ва қавитар будагист. Ҳаройина ақидаи Мутаҳаррӣ ва Зарринкӯб ба ҳақиқати таърихӣ ба ҳеҷ ваҷҳ рост намеояд! Ҳақ ба ҷониби устод Айнӣ аст, ки мавъалаи мазкурро дар зимни таҳлили муқоисавии рафтори ҳамонвақтаи аҷдоди эрониёну тоҷикони кунунӣ тақвиму тақдир кардаанд: “Вақте ки арабон Эронро истило карданд, дар қатори ҳамаи осори Аҷам, забон ва адабиёти Эронро ҳам аз миён бардоштанд. Бузургони ба дарбори араб муқарраршудаи Эрон, ҳатто дар хонаи худ ҳам, бо забони арабӣ ҳарф мезаданд. Аммо ба муқобили ин ҳуҷуми арабон Хуросон ва Мовароуннаҳр хеле истодагӣ кард. Бухориён ҳатто ба забони араб намоз гузарониданро ҳам ба гардан нагирифтанд. Шайхон ва эмомони араб маҷбур шуданд, ки ба бухороиён намозро ба забони тоҷикӣ-форсӣ омӯзанд…”
Як ҷиҳати хоси таърихнависҳои Берунӣ ва умуман арбоби фарҳангии даврони Эҳёи Аҷам ин буда, ки ишон дар баробари сахт маҳкум кардани кирдори мушаххаси ғосибони хориҷӣ (дар ин маврид аъробӣ) фарҳанги онҳо, хосса динашонро инкор накардаанд ё ин ки наҳ назаданд. Гузашта аз ин, маҳз ба шарофати саъю кӯшиши пайвастаи ақлонию ахлоқӣ ва рӯҳонию равонии хосони аҷамӣ ислом аз як кеши қабилавӣ ба дини ҷаҳонӣ табдил ёфт! Лекин то оғози ин табаддулот Арабу Аҷам дар муқобала ва муколамаи таърихии дусадсола қарор доштанд.
Ин ҷо мавриди таҳлилу таркиби доманадори диншинохтӣ нест. Бад-ин сабаб аз ҷузвиёти муносибатҳои хусуматомези ислом ва зартуштия дар замонҳои гузашта ва ҳозира сарфи назар карда хулосаи матлабро мегӯям: ҷашни Наврӯз ба зоти хеш зодаи ягон дин ё мазҳаби машҳур нест – на фақат ислом, ки дини нисбатан ҷавон аст, балки инчунин кеши Зартушт, ки ҳеҷ набуд 1000 сол пеш аз дини Муҳаммадӣ зуҳур кардааст.
Пеш аз он ки ба андарёфти моҳияти масъала шурӯъ намоям, аввал ба як факти таърихӣ рӯ меоварам. Бино ба шаҳодати устод Садриддини Айнӣ, “дар Бухоро (Бухорои садаи нуздаҳӯм дар назар аст) Наврӯзро, ки иди миллии умумии форсизабонон буда, бисёр ҳурмат мекарданд… Муллоён “дар бораи шарафи ин ид” аз номи пайғамбар ҳадисҳо сохта бофта бароварданд”.
Пурсидан равост, ки уламои онвақтаи Бухорои Шариф маъруф ба Қуббатулислом магар аз ҳукми шаръии Эмом Ғазолӣ бехабар буданд?! Чаро дар як шароити хоси истибдодӣ, вақте ки ислом ба унвони нерӯи мутлақаи рӯҳонӣ тамомии ҷомеаи онвақтаро дар панҷаи гирояш нигоҳ медошт, фақеҳону уламои дин на фақат таҷлили иди Наврӯзро манъ накарданд, балки дар маросими ҷашнгирии он худашон ширкат меварзидаанд?! (Чунон ки ҳикмати мардумӣ мефармояд, таърих “агар”-у “магар”-ро намеписандад. Ва агар онҳо издивоҷ кунанд, фарзанде рӯяд “кошки” ном!..)
Дар шарҳу тафсири гуфтаи устод Айнӣ бояд низ афзуд: фақат ниёзи идеологӣ ё ғарази нафсонӣ набуд, ки уламои онвақтаи исломро водор сохт дар иди Наврӯзи Аҷам ширкат варзанд.
Муҳимтарин нукта ин аст, ки камоли матлуби ҷашни дунявии Наврӯз ҳатто дар сурати зойида ва парваридайи маздаясно буданаш ҳам, аслан ва воқеъан ба рӯҳи муҳити фарҳангии араб бегона ё мухолиф набувад. Аввал ин ки аъроб бо ҷашни Наврӯз пеш аз аҳди ислом улфат гирифта буданд. Дар воқеъ, фарҳанги ориёӣ ба муҳити маънавии соминажодон хеле пеш аз оғози аҳди ислом нуфуз карда буд. (Нишонаҳои ин нуфузи таърихӣ пеш аз ҳама дар Тавроти яҳудӣ, ба истилоҳ Аҳди Қадим, ҳувайдостанд.) Чунончӣ, иди солинавии эронию турониро дар шаҳре ид мекарданд, ки дар суннати исломӣ Мадинаи Мунавара гӯянд. Дар ин бора ҳадиси дар ҳамон ҷо ба гоҳи Наврӯз ба Ҳазрати Муҳаммад ҳадя шудани ҳалвои аҷамӣ (аз ҷониби бобои Абӯҳанифа) шаҳодат медиҳад. Ашрофи илму адаби араб бошанд, Наврӯзи Аҷамро ҳамчун як падидаи нодираи фарҳангӣ васфу тамҷид кардаанд. Чунончӣ, муаррихони адабиёти араб шоирони қадиму ҷадиди араб, хосса Абӯнавос, Бухтурӣ, Ибнулмӯътаз, Ибнуррумӣ ва дигаронро номбар мекунанд, ки ҷашни Наврӯзро бо қасидаҳои идона васфу тараннум намудаанд.
Дигар ин ки одоби ҷашни Наврӯз бо идеалҳои рӯҳонию ахлоқии дини ислом ҳамсоз аст. Дар таърихномаи машҳури Муҳаммади Табарӣ, ки онро Абӯалии Балъамӣ дар аҳди Сомониён бо ислоҳу иловаҳойи худаш аз арабӣ ба тоҷикӣ баргардонидааст, дар бораи ҷашни Наврӯз ва ҳикмати он қиссайи ҷолибе ҳаст. “Ҷамшедшоҳ донишваронро гирд оварда пурсид: “Чист, ки мулкро пояндаву боқӣ дорад? Гуфтанд: дар миёни мардум адлу дод густурдан. Пас, ӯ адлу дод бигустурд ва донишмандонро бифармуд: он рўз ки ман додрасӣ бинишинам Шумо назди ман бошед, то ҳар чӣ дар адлу дод бошад, бинамоед, то ман он кунам. Ва нахустин рўз, ки Ҷамшед ба додрасӣ бинишаст, рўзи Ҳурмузд буд аз моҳи Фарвардин. Пас, он рўзро Наврўз ном карданд ва бар мо акнун суннатт гашт”.
Пурсидан равост, ки адлу дод магар камоли матлуби танҳо аҳли маҷус ё авлоди тоҷику эронист? Адолатхоҳию додгустарӣ идеали иҷтимоии ҷумла соҳибназарони ҳама наслҳо ва асрҳо буда бад-ин унвон орзую ормони ҳам азалӣ ва ҳам абадии хонадони Одам аст!
II
Акнун масъаларо мушаххастар ба миён мегузорем. Вақте ки бархе аз уламои ислом замоне мегуфтанду баъзеҳо акнун ҳам мегӯянд, ки аъмоли Наврӯз аз назари ислом ҳаром, бидъат ё макрӯҳ аст, пеш аз ҳама боястӣ пурсидан: ҷашнгирии Наврӯз маҳз ба чӣ мухолиф аст: ба аҳкоми ислом ва ё ба фатвои баъзе аз фуқаҳо ё уламои мусулмон, ки дар заминаи тафсири инфиродии оятҳои “Қуръон” ё ин ки фармудаҳои Суннат қаламӣ шуда ё шифоҳӣ интишор ёфтааст? Агар гӯянд, ки “ба аҳкоми ислом”, дигар як саволи куллӣ ва усулӣ пеш меояд: ҷашнгирии Наврӯз маҳз ба фармудаҳои кадом “ислом” мухолиф аст? Балки ба фармудаҳои “ислом” дар таъбиру талаққии Уммавия, Уссома Бинни Лодан, мулло Муҳаммад Умар ё салафиҳои навбаромад?!
Умдаи мулоҳиза ин аст, ки ягон таъбири теологии муносибати усулии ислом ба иди Наврӯз вуҷуд надорад, ки ба ҷумла мазҳабҳо, фирқаҳо ва ё мактабҳои фиқҳи исломӣ муштарак бошад (ақаллан барои ду равияи асосии ислом – тасаннун ва ташаййӯъ).
Зоҳиран, ҳамаи онҳое аз аҳли тасаннун, ки куллан аз номи ислом гап мезананд, пеш аз ҳама ба Қуръон ва Суннат такя мекунанд. Вале дарки фармудаи ҳар яке аз ин сарчашмаҳо тавъам ба тафсири муайян аст, ки дар бунёдаш дастур ё пиндори таҳтуззеҳние дорад, ки ба иллатҳои мухталиф аз тарафи ҳамагон пазируфта намешавад.
Масалан, ду мактаби фиқҳии тасаннун – ҳанифия ва ҳанбалия, – бо вуҷуди ин ки ба як сарчашмаи қудсӣ (Қуръон ва Суннат) такя мекунанд, ҳангоми ҳаллу фасл кардани масъалаи муносибати ислом ба Наврӯз ба як хулосаи муштарак омада наметавонанд. Дар ҳоле, ки яке (ҳанифия) ба урфу одатҳои мардумии аҷамиён арҷ гузошта ба назар гирифтани онҳоро раво мебинад, дигаре (ҳанбалия) чунин амру амали шаръиро усулан маъқул накарда бечуну чаро риоя намудани аҳкоми исломи расмии давраи “хулафои рошидин”-ро ба таври қотеъ талаб мекунад. (Зимнан, пешвоёни ҳар ду мактаби фиқҳӣ худашон зотан ориётабор буданд!)
Агар масъаларо куллитар ба миён гузорем, онгоҳ ба таъриху назарияи муносибати ислом ба маздаясно ва расму маросимҳои қадимтарин дини Аҷам рӯ овардан мебояд. Дар қаринаи матлабе, ки ҳадафи гуфтугӯйи кунунист, як фармудаи қуръонӣ ҷолиб аст: “Ҳамоно Худо миёни касоне, ки имон овардаанд, ва касоне, ки яҳудӣ шудаанд, ва собииён ва тарсоён ва габрон ва мушрикон рӯзи қиёмат ҳукм хоҳад кард. Ба дурустӣ, ки Худо бар ҳар чиз Огоҳ аст”.
Аз ин оят ду хулоса бармеояд. (1) Габрон (маҷусиён, зартуштиён) аз ҷумлаи мушрикон нестанд (муқоиса шавад: “габрон ва мушрикон”); онҳо дар радифи яҳудиён ва тарсоён номбар шудаанд, ки дар суннати исломӣ ҳамчун аҳли китоб муаррифӣ мешаванд. (2) Дараҷа ё амиқии эътиқоди мӯъмин – чӣ габру мусулмон ва чӣ тарсою яҳуд – дар рӯзи бозхост аз ҷониби худи Аллоҳ муайян карда мешавад.
(Зимнан, ин огоҳонии рӯҳонӣ роҳнамои бисёр муҳим аст ва онро ҳангоми арзёбӣ кардани муборизаҳои мутақобили динҳо ва мазҳабҳои онҳо ба назар гирифтан даркор аст.)
Яқинан ба ҳамин суннатти қуръонӣ такя намуда Абӯрайҳони Берунӣ кушоду равшан, дар ихтилоф бо талқини муосирони рошидашон зартуштиёнро «аҳли китоб» хонда талқину таъкид кардаанд: «Аҳли китоб, яъне яҳудон, насоро, маҷус ва гурӯҳи мухталифи онҳо».
Дигар ин ки дар Қуръон ба Наврӯз ягон ишорайи мушаххас нест. Дар аҳодиси набавӣ баъзе ишораҳо ҳастанд, вале, бино ба ҳадисҳои саҳеҳ, паёмбари ислом ҷашнгирии Наврӯзи Аҷамро шаръан манъ накардаанд; фақат ду иди сирф исломиро (Фитр ва Азҳо ё Қурбон) ба унвони идҳои “беҳтар аз он” номбар кардаанду бас!
III
Бино ба далолатҳои илмӣ, ҷашни Наврӯз замонҳои пеш аз аҳди зуҳури ислом ҷорӣ буд ва бад-ин сабаб ба дини мусулмонӣ на ин ки аз ҷиҳати ташаккул, балки фақат ҷиҳати таҳаввул робита дорад. Лекин ҳамзамон далели дигарро ҳам ба назар гирифтан мебояд: бар хилофи ақидаи маъмул, ҷашни Наврӯз зодаи дини зартуштия низ набуд. Наврӯз ва зартуштия аз рӯйи санаи зуҳури таърихиашон аз ҳам ҷудостанд: дар солномаи замину замон Наврӯз аввал сабт шудаасту зартуштия сонӣ.
Вале бо вуҷуди ин Наврӯзро парваридаи маънавии зартуштия хондан айни ҳақиқати таърихӣ бувад: одобу ойинҳои ҷашни солинавии Аҷам дар муҳити рӯҳонии Маздаясно ба камоли маънавӣ расидааст. Дар ин бора дар “Осор-ул-боқия”-и Абӯрайҳони Берунӣ ишораи ҷолиб ҳаст. Алломаи шаҳири хоразмӣ пайдоиши ҷашни Наврӯзро аз забони устураю ривоятҳо қисса карда зимнан аз худ далеле афзуда, ки дар контексти културологии он чизе, ки поёнтар собит кардан мехоҳам, хеле муҳим аст: “Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Тахмурас, собиа ошкор шуданд. Ва чун Чамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».
Агар масъаларо дар заминаи навиштаҳои Умари Хайём таҳлил карда бароем, онгоҳ хулосаамон андар таърихан аз дини зартуштӣ дида барвақттар пайдо шудани ҷашни Наврӯз қавитар мешавад. Дар “Наврӯзнома” чунин омада: “Чун аз подшоҳии Гуштосп сӣ сол бигзашт, Зартушт берун омаду дини габрӣ овард ва Гуштосп дини ӯ пазируфт ва бар он мерафт”. Агар ба назар гирем, ки дар силсилаи подшоҳони пешдодӣ Гуштосп пас аз Ҷамшед ҷой мегираду баъди гузаштани андаряк ду ҳазор сол подшоҳӣ карда (муқоиса шавад: ба қавли Хайём, “аз гоҳи ҷашни Офаридун нӯҳсаду чиҳил сол гузашта буд”, то фаро расидани аҳди Фаридун бошад, Заҳҳок ҳазор соли тамом ҳукумат дошт), бостонитарин ҷашни ориёӣ будани Наврӯз бароямон баръало мешавад.
Инак, ҷашни Наврӯз ва динҳое, ки вай бо онҳо дар ҷараёни таъсири мутақобил қарор дошт, дар давраҳои гуногуни таърих ба вуҷуд омадаанд. Аз маълумоти илмие, ки то кунун андӯхта шудаст, метавон хулосаи зерин баровард: муосири воқеии ҷашни Наврӯз ойини меҳрпарастӣ будаст мавсум ва машҳур ба митроия. Ва ин таворуди таърихӣ бесабаб нест: ҳар ду (Наврӯз ва меҳрпарастӣ) зойида ва парваридаи муҳити тамаддуни зироатӣ мебошанд. Ялдо – ҷашни зодшаби Меҳр=Митро – барҷастатарин нишонаи таърихии ҳамон дини бостонист, ки дусад сол пеш аз зуҳури таърихии ислом ба Аврупо сар дароварда масеҳиятро қариб танг карда бароварда буд.
Воқеияти таърихист, ки дар муҳорибайи идеологии дини масеҳӣ ва кеши меҳрпарастӣ насрониён пирӯз шуданд. Вале сабаби пирӯзии онҳо омили рӯҳонӣ набуд, сиёсӣ буд. Идеологҳойи дини ғолиб бошанд, ба нияти мустаҳкам кардани мавқейи нави рӯҳониашон тақлидан ба ҷашни зодшаби Меҳр ҷашни мавлуди Исои Масеҳро таъсис дода онро ҷойгузини Ялдо карданд. Ва ҳол он ки солу рӯзи таваллуди Исо ҳанӯз ҳам муқаррар нашудааст…)
Нақши кеши меҳрпарастӣ дар “Наврӯзнома”-и Хайём ҳам бармалост. Ба қавли ӯ, бо хости Яздони Гаргар Офтобро дар силсилайи маротиби ҳастӣ волотарин мақом насиб шуда. Бад-ин сабаб Ӯ Офтобро дар низоми кайҳониаш аз ду ҷиҳат имтиёз додааст. Аввалан, ҷиҳати таквини олам: “Дар офариниши Офтоб эзиди таъолоро иноят беш аз дигарон будааст”. Аз ин рӯст, ки “Эзади таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳо ва заминҳоро бад-ӯ парвариш дод”. Сониян, ҷиҳати “таърихӣ”: ”Эзиди табораку таоло фармон фиристод, ки [Офтоб] сабот баргирад, то тобишу манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасад. Офтоб аз сари Ҳамал бирафту осмон ӯро бигардониду торикӣ аз рўшноӣ ҷудо гашту шабу рўз падидор шуд ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро”.
Наврӯз аз зартуштия ва хусусан ислом дида ба маротиб қадимитар аст. Ин далели қавии таърихист дар тасдиқи хулосаи илмие, ки ишорааш гузашт: миёни куҳантарин дар ҷаҳон иди соли нав, аз як тараф, ва динҳои зартуштӣ ва мусулмонӣ, аз тарафи дигар, ҳамбастагии таърихӣ вуҷуд надорад.
Тафсиру таъбири динии пайдоиши ҷашни Наврӯз ва тағйиру таҳаввули расму ойинҳояш мутобиқан ба вазъу шароити мушаххаси таърихӣ (хосса муҳити идеологӣ) гапи дигар аст. Ҳаройина, ҳар ду дини расмии Аҷам (зартуштия дар замонҳои салтанати Ҳахоманишию Сосонӣ ва ислом дар даврони Хилофати араб) ба суннаттҳои иди миллиамон асар гузоштаанд; нақши ислом дар сурати Наврӯз ва нуфузи зартуштия дар сирати он бармалост.
Дар воқеъ, зартуштия ва Наврӯз дар як замини маънавӣ (фарҳанги ориёӣ) рӯйидаанд, лекин, чунон ки гуфта омад, бар хилофи гумонҳои маъмул (бархе динӣ ва бархе ҳатто илмӣ), онҳо падидаҳои ҳамзамон набуданд. Аз ин санади таърихӣ даставвал як хулосаи муҳимми куллӣ бармеояд: миёни ҷашни Наврӯз ва дини зартуштӣ пайвастагии азалӣ нест, яъне ки зартуштия танҳо падархонди ҷашни Наврӯз буду бас, гарчанде ки иди солинавии аҷдодамон маҳз дар қаламрави рӯҳонии Маздаясно маъниву маслаки хос ва тамомияти фарҳангӣ пайдо намуд.
Ҳароина факти таърихист, ки дар яке аз марҳилаҳои қадимтарин замонҳо Маздаясно ва ҷашни Наврӯз бо ҳам вохӯрданд; яқинан бо ибтикори кеши зартуштӣ, ки мехост ҷашни машҳури мардумиро барои ниёзҳои рӯҳонию иҷтимоиаш истифода барад. Ва чун зартуштия ва Наврӯз ду ҳалқаи як занҷири фарҳангии ориён буданд, бархӯрдашон бар асари ҳусни тафоҳум сурат пазируфт ва баройи ҳар ду ҷониб судманд буд.
IV
Аллома Берунӣ ҷашнҳои мардумиро ба ду навъ – идҳои динӣ (“ҷашнҳо аз ҷиҳати кеш”) ва дунявӣ (“аз падарон ёфта”) ҷудо карда ҳар якеро алоҳида-алоҳида шарҳу тафсир додаанд. Наврӯз ва Меҳргон – айнан аз ҷумлаи идҳои меросмонда аз падарон, яъне ки ҷашнҳои зотан дунявӣ мебошанд.
Бӯрайҳон дар ягон асарашон Наврӯзро ҳамчун иди хоси зартуштӣ ё маҷусиён муаррифӣ накардаанд; аз ҷумлаи “расмҳои порсиён” хондаанду бас. Иди хоси зартуштиро бошад, алоҳида ном бурдаанд. Чунончӣ, дар “Осор-ул-боқия” ҳангоми қисса кардани ҷашнҳои суғдиён дар моҳҳои хеш гуфтаанд:“Навсард – Рӯзи аввали он Наврӯзи суғдиён аст, ки Наврӯзи Бузург бошад”. Дар айни замон аллома хабар медиҳад, ки иди дигар низ ҳаст, ки ба кеши маҷусият хос бувад, валекин вай дертар, дар охири ҳамон моҳ, ҷашн гирифта мешавад:“Ва рӯзи бисту ҳаштӯми он зартуштиёни Бухороро идест, ки “Ромиши Оғом” меноманд. Ва дар он ид дар оташкадае, ки наздики қаряи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин Оғомҳо назди онон азизтарини идҳо аст”.
Нахустин муаррихи Бухоро Наршахӣ низ дар таърихномааш ду навъ ҷашни аввали баҳор – “Наврӯзи кишоварзон” ва “Наврӯзи муғон”–ро аз якдигар фарқ карда зимнан афзудааст, ки дар Бухоро аввал “Наврӯзи кишоварзон”-ро ҷашн мегирифтанд, сонӣ “Наврӯзи муғон”-ро.
Наврӯз зотан ва сириштан табиитарини ҷашнҳои ҷаҳонист, чаро ки оғозгоҳаш табиат асту анҷомгоҳаш тамаддун. Аввал ин ки ҷашни солинавии мо бар замини як ҳодисаи сирф табиию мавсимӣ машҳур ба эътидоли баҳорӣ (баробар шудани шабу рӯз, ки ба 21/22 моҳи марти солшумории хуршедӣ рост меояд) бунёд афкандааст, ки баҳори ҳар сол бе дахолат ё далолати ягон нерӯи берун аз табиат ба амал меояд ва ба ин маънӣ ягон ҷанбаи динӣ надорад.
Аз назари илми муосир “табиитарин” муродифи “ҳамагонитарин” мебошад, ки яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳуснафзои чеҳраи таърихию фарҳангии иди Наврӯз аст.
Худи номи ҷашни солинавиамон ба табиӣ будани аслу асосаш далолат мекунад: ҳар ду калимаи таркибии ин истилоҳ (“рӯз” ва “нав”) сифати замон ҳастанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар нахустин рисолаи илмии тоҷикиашон “ат-Тафҳим-ул-авоили саноат-ут-танҷим” ҷашни Наврӯзро айнан ба ҳамин рангу оҳанг таъриф намудаанд: “Наврӯзи нахустин аввалрӯзест аз замона ва бад-он фалак оғозид гаштан”.
V
Рагу решаи иди солинавии ориён рӯҳонӣ нест, табиӣ аст. Вай аз сарчашмаи қадимзамоне об мехӯрад, ки оғози онро дар илми муосири табиатшиносӣ Инқилоби неолитӣ хонанд. Ин воқеаи бузурги таърихӣ дар ҳазораҳои VI-III то оғози солшумории мелодӣ, яъне ба ҳисоби миёна 7-8 ҳазор сол пеш ба амал омадааст. Ҳосили таърихии ин дигаргунии бунёдӣ ташаккули тамаддуни зироатӣ буд, ки худи ҳастии таърихиаш куллан ва мушаххасан ба Офтоб вобастагӣ дошт. Ҳадафи тамаддуни мазкур ободонии табиат буда дар водиҳое, ки обу иқлими мусоид доштанд, аз зироаткорӣ ё деҳқонӣ оғоз шудаст. (Зимнан, тасодуфӣ нест, ки яке номҳои мустаори тоҷик деҳқон буд. Ва он дигар – озода.)
Аз ин маънӣ дар илми тамаддуншиносӣ инқилоби неолитӣ ҳамчун зинаи махсуси инкишофи таърихӣ муаррифӣ мешавад, ки гузариши инсониятро аз иқтисоди тасарруфӣ (ҷамъоварии буттамеваҳо, моҳидорӣ ва шикор) ба иқтисоди тавлидӣ (кишту кор ва чорводорӣ) таҷассум мекунад.
Кашоварзӣ бошад, оғозгаҳи дигаргунсозиҳои муҳити зист буда бад-ин унвон рамзи ба неруи мустақили ҷуғрофию экологӣ табдил ёфтани банӣ-Одам аст.
Инқилоби неолитӣ якбора дар чанд ҷойи рубъи маскун сар зад, вале илми муосир оғозу анҷоми ин воқеаро бештар дар мисоли таърихи Осиёи Ғарбӣ, ба вежа Байнайннаҳрайн, шарҳу тафсир дода метавонад. Сухан аз як табаддулоти куллии иқтисодию иҷтимоие меравад, ки симои ҷаҳони онвақтаро ба куллӣ тағйир дода буд. Яке аз дигаргуниҳои умда ва муҳимме, ки дар рафти табаддулоти неолитӣ ба амал омад, гузаштан аз тақвими қамарӣ ба тақвими шамсӣ буд. Сурати ин тағйиротро иваз шудани як тариқи солшуморӣ (аз рўйи даврзании Моҳ) бо дигараш (аз рўйи ҳаракати Офтоб) муҷассам мекард. Сирати тағйироти мазкур бошад, амиқтар буд: дар натиҷаи табаддулоти мазкур худи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии одамизод бунёдан тағйир ёфт, ки неруи такондиҳандааш дин набуд.
Наврӯзро зойида ва парваридаи таърихии ҳамин замони фархундаи инқилобӣ ҳисоб кардан баёни воқеъ мебуд. Тасодуфӣ нест, ки ойинҳои ҷашни Наврӯз ҳам дар оғоз замина ё сабабҳои сирф табиӣ ё иҷтимоӣ доштанд. Ойинҳои машҳури наврӯзӣ – оташдаргиронӣ, обпошӣ ва ба якдигар шакар ҳадя фиристоданро мисол овардан кофист, ки ҳар се ҳам зотан ягон ҷанби рӯҳонӣ ё мазҳабӣ надоранд.
Аз ойини оташдаргиронӣ сар кунем. Ин одат, агар аз рӯйи таърихи ривоятиаш ҳукм кунем, бо ойини оташпарастӣ алоқа надоштааст. Берунӣ зимнан гуфта: «Сабаб ин ки дар ин шаб оташ бардошта мешавад, ин аст, ки чун Заҳҳок қарор гузошта буд, ҳар рӯз ду нафар биёваранд ва барои море, ки ба дўши ў буд, димоғи онҳоро ғизо қарор диҳанд. Ва шахсе, ки пас аз омадани Заҳҳок ба Эрон муваккал ба ин кор буд, Измоил ном дошт. Ва ин муваккал яке аз ин дуро озод мекард ва тўшае мебахшиду ўро амр мекард, ки ба қисми ғарбии кӯҳи Дамованд сокин шавад. Ва дар он ҷо бираваду барои худ хонае бисозад. Ва дар ивази ин шахси озодшуда ба ду мори сари китфи Заҳҳок димоғи кӯчқоре мехўронид. Ва ин димоғро бо димоғи як нафари дигар, ки кушта мешуд, махлут мекард. Ва чун Фаридун Заҳҳокро гирифт, Измоилро ҳозир кард ва хост, ки ўро «подош бахшад». Измоил ашхосеро, ки аз қатл боздошта буд, Фаридунро хабардор кард. Ва як расул аз Фаридун хост, ки ба кӯҳи Дамованд биравад, ки то ҳақиқати масъаларо ба Фа ридун бирасонад. Ва чун Измоил ба кӯҳи Дамованд расид, озодшудагонро амр кард, ки бар пушти бомҳои худ ҳар яке оташе биафрўзанд, то шумораи эшон зиёд ба назар ояд. Ва ин воқеа дар шаби даҳӯми баҳманмоҳ буд”.
Аллома Бӯрайҳон ҳангоми маънидод кардани ойини оташафрӯзӣ ҳам ба сабаби сирф табиатшинохтӣ ишора карда ба забони ривояти халқӣ гуфтаанд: писари Шопурпаҳлавон Ҳурмуз рӯзи иди Наврӯз оташро ба ҷойҳои баланд қарор дода, то ки ”ҳарорати он ҷавро пазонад ва ашёи касифаро бисӯзонад. Ва мояи фасодоварро ин ҳарорат нобуд намояд”.
Ин масъала ҷиҳати куллитар ҳам дорад. Кеши маҷусият – сириштан ва куллан ойини оташпарастӣ нест, гарчанде ки меҳрпарастӣ аз ҷумлаи пешаҳдон ва хешовандони маънавии ин кеш аст. (Бино ба гумони Берунӣ, Зартушт ҳам қаблан меҳрпараст будаст.)
Бутсозӣ набудани оташпарастӣ аз таъриху табиати ин суннати фарҳангӣ бармеояд. Дар воқеъ, аз болои чизе, ки маҳалли таъзиму парастиш бувад, ҷаҳида гузаштан (ин одат ҳанӯз ҳам боқист) амру амале мебуд сахт разилона, яъне одати берун аз қаламрави ахлоқу одоби суннаттии Аҷам!
Масъаларо куллан баррасӣ намуда ба ду ҷиҳати он таваҷҷӯҳ кардан мебояд. Аввал ин ки қадимтарин аҷдоди мо ба оташ ҳамчун яке аз чаҳор унсури ҳастӣ (дар радифи обу замину ҳаво) арҷ мегузоштанд. Дигар ин ки оташ ду унсури бунёдӣ дорад: яке нор (гармӣ) асту ва он дигар нур (равшанӣ). Қадимтарин гузаштагони мо нору нурро ба унвони мояи зиндагӣ мепарастиданд, ки одати бутпарастӣ набуд.
Зимнан, ин ҷиҳати нозуки эътиқоди динии аҷдоди бостониамонро файласуфи ҷаҳоншумули олмонӣ Ҳегел дар ғояти зиракӣ пай бурда буд. Дар замоне, ки рангу раванди афкори шарқшиносии Аврупоро “ориентализм” ном як ҷаҳонбинии хос (нодида гирифтани дастовардҳои ақлонию рӯҳонии машриқиён, ба хусус аҳли мусулмон) муайян мекард, ӯ ба хулосае омада буд, ки инқилобӣ хондан муҳобот нест: «Дини форсӣ бутпарастӣ нест; мӯътақидони вай ашёи мушаххаси табиатро не, балки чизеро мепарастанд, ки ҳамагонитарин бувад. Нур, ба ҷуз чизи табиӣ будан, маншаи маънавӣ ҳам мебошад; вай намоди хайр ва ҳақиқат бувад…”
Пайдоиши одати обпоширо низ Берунӣ ба забони омилҳои сирф табиӣ шарҳ додаанд: “Сабаби ин ки эрониён дар ин рӯз об ба ҳам мепошанд, ин аст, ки чун дар зимистон тани инсонӣ ба касофати оташ аз қабили дуду хокистар олуда мешавад ва ин обро барои тоза кардан аз он касофат ба ҳам мерезанд. Ва дигар ин ки аз тариқи обпошӣ ҳаворо ҳам латифу тоза мекунанд ва намегузоранд, ки дар ҳаво вабо ва бемориҳо тавлид шаванд”.
Одати дар рӯзи Наврӯз ба якдигар шакар фиристоданро низ Берунӣ ба забони ривояти ғайримазҳабӣ маънидод кардаанд: “Найшакар дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз ёфт шуд. Ва пеш аз ин касе онро намешинохт. Ва худи Ҷамшед рӯзе наеро дид, ки каме аз обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд. Ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз вай шакар созанд. Ва онгоҳ дар рӯзи панҷум шакар ба даст омад ва аз роҳи табаррук ба он мардум барои якдигар шакар ҳадя фиристоданд”.
Берунӣ ду маросими пешазисломии ҳамқавмонашон (хоразмиён)-ро, аз ҷумла иди оғози солро, ки Новсорҷӣ мегуфтаанд, як ба як шарҳ дода зимнан афзудаанд:
“Аммо идҳою айёми онон ба дини эшон алоқа надорад”.
Халифаҳои араб дар оғози ҳукумати сиёсию рӯҳониашон дар Аҷам ҳар дуи ин ойин (оташафрӯзӣ ва обпошӣ)-ро манъ карда буданд. Вале, бино ба маълумоти андӯхтаи диншиносон, истилогарон бо андеша аз вокуниши зердастонашон ба зудӣ аз номи Ҳазрати Муҳаммад эълон карданд, ки Амиралмӯъминин оташ афрӯхтан ва ба ҳам об пошиданро дар рӯзи Наврӯз раво донистаанд.
Наврӯз иди Эътидоли Баҳорӣ аст, ки худ ҳодисаи сирф табиӣ бувад иборат аз дигар ҳодисаи сирф табиӣ – вуруди Офтоб ба бурҷи Барра (Ҳамал) ҳангоми сайри солонааш дар доираи бурҷҳо (минтақатулбуруҷ). Пас, ягонтои ин ҳодисаҳо ба зоти хеш ба дину мазҳаб алоқае надорад. Ва агар минбаъд Наврӯзро бо матоҳои рангоранги дину мазҳабҳо (адён) ва ривояту устураҳо ороста бошанд, аслу мағзи табии худи ҷашн тағйир наёфтааст.
VI
Агар ба бунёди фалсафии Наврӯз рӯ оварем, онгоҳ ба як саволи муҳимму матлуб ҷавоб додан даркор аст. Чаро маҳз лаҳзаи баробар шудани шабу рӯз дурахшонтарин идҳои Аҷам – Наврӯз (эътидоли баҳорӣ) ва Меҳргон (эътидоли тирамоҳӣ)-ро ҳусни оғоз бахшидааст?
Барои ба ин савол ҷавоби илмӣ ёфтан аз доираи танги таърихнигорӣ (историография) берун баромада ба қаламрави фарохтари фарҳангшиносӣ (културология) ворид шудан мебояд, зеро аввал меъёру мизонҳойи одоби суннаттиамонро баррасӣ кардан лозим аст. Куллан бигирем, тамоми ҷаҳонбинӣ ва тафаккури асили ориёни муқиминишин дар замини маънавие бунёд афкандааст, ки метавон ҳикмати эътидол унвон кард. Ҳаким Умари Хайём дар таъйин ва таърифи ҳикмати мазкур гуфтаанд: “Ин олам, ки ба пой бувад, ба эътидол бар пой бувад”.
Дар воқеъ, ахлоқи суннаттии мо чӣ тафрит ва чӣ ифротро баробар рад мекунад. Вай миёнҷӯию миёнравиро камоли ақлу адл медонад. Аз ин маънӣ дар “Кобуснома» омада, ки «эътидол ҷузвест аз ақли кул».
Минбаъд мутафаккирони сӯфимашраб ин эътиқоди фалсафиро ба як рукни муҳимми одоби волои инсонӣ табдил доданд: танҳо дар гуфтору кирдор, балки ҳатто дар афкор ҳам аз ҳадди эътидол берун рафтан набояд ва нашояд. Меъёри эътидол бошад, андозашиносист, ки риояи онро ахлоқи суннаттии мо барои ҳар як шахс фарз медонад. Шоири забардаст Манучеҳрӣ фармудааст: “Андозашиноси ҳадди худ бояд буд”.
Ин меъёри волои ахлоқу одоби Аҷам, ки ҷашни Наврӯз парвардаи ӯст, ба суннати рӯҳонии ислом мухолиф ё ҳатто бегона нест. Аз ин ҷост, ки дар Қуръон ҳам ба эътидол ишора рафтааст. Аллоҳ мефармояд: “Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо Китоб ва тарозуро низ нозил кардем, то мардум ба адолат амал кунанд”.
Дар як радифи рӯҳонию ахлоқӣ омадани “Китоб” (Қуръон) ва “тарозу” ба ҳусни тасодуф нест: тарозу рамзу аломати ба эътидол даровардани афкору кирдору пиндори ҳар як фарди мӯъмин бувад, ки Қуръон ба унвони сарқонуни ҳамагонии ахлоқу одоб муқаррар кардааст. Ин меъёр дар меъмории исломӣ низ риоя мешавад: эътидол меъёри ҳам устуворӣ ва ҳам зебоӣ ба шумор меравад. Ҳаким Умари Хайём низ зимнан фармудаанд: “Оростагӣ ҳамвор бо эътидол аст”.
Бино ба сарчашмаҳои қудсии динӣ, Аллоҳ эътидолдориро фақат аз бандагонаш тақозо надоштааст. Худаш ҳам тибқи меъёри эътидол ҷаҳон офарида будаасту аз рӯйи ҳамин меъёр ҷаҳондорӣ мекардааст. (Дар як паёми илоҳӣ омада: “Мо одамиро дар некӯтар эътидоле офаридем”.) Аз ин мебарояд, ки эътидол як навъ асли куллӣ ва ҳамагонии тамоми Коинот будаст.
VII
Устод Рӯдакӣ мунодии эҳёи таърихии мо буданду ҳастанд. Ва ишонанд, ки ба ворисонашон ба унвони насиҳат фармуда:
Замона аспу ту ройиз ба ройи хешат тоз
Замона гӯйу ту чавгон баройи хешат боз.
Бо вуҷуди ин ки минбаъд гузаштагонамон на ҳамеша ба ин насиҳат гӯш карда зиндагӣ кардаанд, моро эҷоди фарҳангу тамаддуни ҷаҳоншумуле муяссар шудааст, ки ба забони манзуми ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ гӯям, “на гашти замона бифарсоядаш” ва “на чун мо табоҳӣ пазирад ҳаме”! Ҷашни Наврӯз яке аз дастовардҳои рукнгузори ҳамин тамаддуни умрвару ғанӣ буда акнун, дар айёми ҷаҳонисозӣ, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда шаъну шукӯҳе андӯхтааст бесобиқаву беназир…
Ҳангоме, ки дар Амрико будам, ман шоҳиди як воқеаи таърихӣ шудам: дар Маҷмаи Куллии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Тоҷикистон, Озарбойҷон, Эрон ва дигар аъзои Созмони Конфронси Исломиро дар бораи Рӯзи байналмилалӣ эълон намудани Наврӯз ҷумла кишварҳои араб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, ки бонии исломи суннӣ аст, дастгирӣ карданд. Зеро ки ҳамагон дарёфтанд, ки Наврӯзи Аҷам зотан иди қавмӣ, мазҳабӣ ё табақотӣ нест; ҳам ба сурат ва ҳам ба сират иди ҳамагонист, ки ба дӯши худ як ҷаҳон маъниву рамзҳои инсондӯстӣ, яъне ҳумонистӣ, дорад!
Дар асотир (мифология)-и Юнони аҳди бостон дар борайи Антей ном як қаҳрамона афсонавӣ ривояти аҷаб муассире ҳаст. Рамзу рози ҳунарнамоиҳойи фавқулодаи ӯ ин буда, ки худи Замин ҳамчун волида ба унвони бонӣ ва такягоҳу такондеҳ барояш хидмат мекардааст: ҳар боре, ки Антей дар ҷанги тан ба тан бо ҳарифонаш бемадор мешуд, ба Модар-Замин даст расонда қуввату илҳоми нав мегирифт ва онҳоро мағлуб мекард…
Иди Наврӯз барои мардуми тоҷик танҳо яке аз ҷашнҳои қадиму қоими ориёӣ дар шумор намеояд; иди оғози соли нави хуршедӣ ба зоти хеш ҳам рамз ва ҳам рози бақои таърихии ҷумла ориётаборони эронизабон аст! Наврӯз баройи мо, тоҷикону эрониён, ба сони ҳамон Модар-Замини барӯманди афсонавист.
Муборизаи идеологӣ бо ҷашни Наврӯз дар садаи бистӯм низ идома дошт. Ин набарди беамонро болшевикони Русия оғозиданд: онҳостанд, ки соли 1926 Наврӯзро ҳамчун “иди исломӣ” (!) расман манъ кардаанд. Ришханди таърихро бинед, ки дар даврони истиқлолият бархе аз рӯҳониёни тоҷик ва тотор Наврӯзро ҳамчун “ҷашни ғайриисломӣ” маҳкум мекунанд!
Дар замони мо, ҳатто миёни онҳое, ки ба иди мушрикон будани Наврӯз бовар доранд, масъала ба тариқи куллӣ ва усулӣ, яъне ҷашн гирифтан ё ҷашн нагирифтани ин иди мардумӣ, ба миён гузошта намешавад. Вале бархе аз ойинҳои қадимзамони Наврӯз, ки муҷассамаи рӯҳи хоси ӯстанд, то ҳоли ҳозир дар мадди назари интиқоди шаръӣ қарор доранд. Яке аз онҳо ойинест мавсум ва маъруф ба “Чоршанбесурӣ”. Акнун онро ҳамчун зуҳуроти бутпарастӣ қаламдод карда истодаанд, ки ягон шаҳодати таърихӣ ё ин ки заминаи илмӣ надорад!
Дар воқеъ, ҳатто дар оғози устувор шудани ҳукумати рӯҳонию равонии ислом дар Аҷам ойини “Чоршанбесурӣ”-ро манъ накарда буданд! Гузашта аз ин, ҳатто баъди фоҷиае, ки ҳангоми яке аз оташбозиҳои наврӯзӣ дар Бухоро рух дод! Бино ба хабари нахустин муаррихи Бухоро Абӯбакри Наршахӣ, дар замони ҳукумати Сомониён, мушаххасан аҳди Мансур ибни Нӯҳ, ҳангоми маросими “Чоршанбесурӣ” дар пойтахти Сомониён вақте ки ”оташи азим афрӯхтаанд, порае оташ биҷаст ва сақфи сарой (манзур кохи Амир аст – А. Т.) даргирифт ва дигарбора ҷумла сарой бисӯхт”.
Бино ба ровиёни ахбори таърихӣ, ҷашни Наврӯз дар Эрону Турони бостонӣ ҳамчун маросими вежаи динӣ таҷлил намешудаст. (Акси ҳолро мо дар таҷлили соли нав дар суннати рӯҳонии масеҳӣ ва ё уславонӣ мебинем.) Аз ин ҷиҳат ба хусус шаҳодати Ҳаким Умари Хайём ҷолиб аст. Дар “Наврӯзнома” ягон ишорае нест, ки маросими ҷашнгирии расмӣ ё мардумии Наврӯз рангу раванди сирф зартуштӣ дошт. Дар исботи ин нукта зикри як худи хабари зерини Хайём кофист: фақат дар рӯзи шашӯми ҷашн (Наврӯзи Хосса ё Наврӯзи Бузург), ки барои подшоҳон ихтисос дода шудаст, Мӯбади мубадон ба саҳнаи маросими идона ворид мешавад – зимнан, дар қатори дигарон ва ба унвони “нахуст кас аз мардумони бегона”.
Акнун як ба мазмуни паёми ӯ (“Офарини мубади мубадон”) таваҷҷӯҳ кунед, ки аз қавли Умари Хайём мегуфтааст:“Шаҳо, ба ҷашни Фарвардин ба моҳи фарвардин озодӣ гузин бар дону дини Каён; суруш оварад туро доноӣ ва пӯёӣ ба кордонӣ ва дер зию бо хӯйи хажир; ва шод бош бар тахти заррин; ва анӯша хӯр ба Ҷоми Ҷамшед; ва расми ниёкон дар ҳиммати баланду некӯкорию варзиш доду ростӣ нигаҳ дор; сарат сабз бод ва ҷавонӣ чу хавид, аспат комгор ва пирӯз, ва теғат рӯшану корӣ ба душман, ва бозат гиро (ва) хуҷаста ба шикор, ва корат рост чун тир ва ҳам кишваре бигир нав, бар тахт бо дираму динор, пешат ҳунарию доно гиромӣ ва дирамхор, ва сароят обод ва зиндагонӣ бисьёр”.
Чунон ки ҳувайдост, гуфтаҳои Мӯбади мӯбадон ба як ҳисоб насиҳати сиёсию ахлоқист, на ин ки воҷиботи сирф динӣ. Ба ҳар ҳол дар табрику таҳнияти ӯ ба маросими хоси зартуштӣ будани ҷашни Наврӯз ишорае нест. Рост, як бор “дини Каён“-ро ба забон овардааст, вале агар контексти куллии гуфтаҳои саррӯҳонии зартуштиро ба назар гирем, онгоҳ бароямон маълум мегардад, ки худи мафҳуми “дин” ғолибан ба маънии расму ойин омадааст, то маънои кеш. Хусусан ки худи Умари Хайём қиссаашро “ойини мулуки Аҷам аз гоҳи Кайхусрав то ба рӯзгори Яздигурди шаҳриёр, ки охири мулуки Аҷам буд, чунон будаст” гуфта сар мекунад ва бад-ин тариқ ба табиию таърихӣ будани решаи ойинҳои наврӯзӣ илман далолат мекунад.
Дар ин қаринаи фарҳангӣ бесабаб нест, ки Хайём мӯбадонро на ҳамчун рӯҳониён, балки ба унвони донишмандон муаррифӣ кардааст: “Чун Кайумарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба авали дақиқаи Ҳамал омада, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадони Аҷам, ки доноёни он рўзгор будаанд, ҷамъ омаданду таърих ниҳоданд”.
VIII
Бар хилофи он ки баъзе диншиносони идеологиязадаи Аврупою Амрико мегуфтанду ҳанӯз ҳам мегӯянд, камоли матлуби ислом ба истилоҳ одами тақдирпараст (фаталист) нест; дар таърихи афкори динию фалсафии ислом ҷабария ҳеҷ гоҳ аз қадария дида нуфузи бештар надошт. Мӯъмини мусулмон ҳам аз азал ба кори бунёдкорона таъйин шудаст. Гуфтан кофист, ки даъвати “аз ту (бандайи мӯъмин) ҳаракат, аз Ман (Аллоҳ) баракат” яке аз зарбулмасалҳои машҳури тоҷикист. Зарурати тараддуди иҷтимоиро ислом низ ба таври возеҳ ва мушаххас ба миён гузоштааст. Чунончӣ, дар Қуръон (сураи Раъд) чунин омада: «Худо чизеро, ки азони мардуме, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд».
Дар сарчашмаҳои мӯътабари дини мусулмонӣ на фақат воҷиб будани такомули маънавии шахсият, балки инчунин худи воситаи чунин такомул низ таъйид ва таъкид шудаст; муассиртарин воситаи худсозии фарди одамиро аз забони Муҳаммади пайғамбар ҷиҳоди акбар унвон кардаанд. (Дар муқобили “Ҷиҳоди Асғар”, ки маъниаш “ҷанг дар роҳи дин” аст.)
IX
Ҷашни Наврӯз – ойинаи қаднамойи тамаддуни зироатзоди Аҷам буда занҷири пайванди аслҳои маънавию наслҳои одамиро ҳусни оғоз бахшидааст. Ниҳоли ин солхӯрдатарин тамаддун, чун ҷумла падидаҳойи нодирайи таърихӣ, кӯчатӣ набуд, –
худрӯст. Вале замини маънавие, ки ба реша гирифтану гул-гул шукуфтанаш мусоидат кардааст, ба шарофати дар чорсӯйи серодами Ховару Бохтар, дар буридангоҳи шоҳроҳои бузурги тиҷорӣ ва фарҳангӣ қарор доштанаш макони додуситади ҷаҳонӣ буд.
Ва агар Наврӯзро, ки қадимтарин ва ҳамагонитарин иди солинавист, дар ҷараёни таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ куллан таҳлилу тааммул карда бароем, ба натиҷае мерасем, ки онро аз қавли ҷомеашиноси маъруфи эронӣ Алии Шариатӣ (ӯро яке аз идеологҳои маъруфи Инқилоби исломӣ мехонанд) баён кардан айни муддаост: “Наврӯз ҳама вақт азиз будааст, дар чашми муғон, дар чашми мӯбадон, дар чашми мусалмонон… Ислом, ки ҳамаи рангҳои қавмиятро зудуд ва суннаттҳоро дигаргун кард, Наврӯзро ҷилои бештар дод, шероза баст ва онро бо пуштивонае устувор аз хатари завол дар даврони мусулмонии ориён масун дошт”.
Хулосаи калом, Наврӯзро ба забони мафҳумҳои такзибу такфиромези “бидъат”, “ҳаром”, “мамнӯъ” ва ё “макрӯҳ” маҳкум кардан бар хилофи на фақат воқеияти таърихӣ, балки инчунин суннати исломӣ ҳам мебуд!
Беҳтар он бувад, ки ба ҷойи эҳёи наврӯзситезиҳои уламои пешини исломӣ – бигузор онҳо мисли Ғазолӣ донишмандони оламшумули улуми динӣ бошанд! – суннатҳои ҳумонистии худи ҷашни Наврӯзро муаррифӣ намоем, ки маҳз ба хотири гиромидошти онҳо Наврӯз Рӯзи Байналмилалӣ эълон шуд.
Аз ин мавқеи назар ҳамон се рукни “расми ниёкон” басе ҷолиб аст, ки зикраш дар “Наврӯзнома” гузаштааст. Онҳоро ба ҷумлагӣ як навъ дархости наврӯзӣ хондан аз мантиқи ҳикмати Аҷам бармеояд. Ба қавли Умари Хайём, фармудаҳои мазкур, ки сириштан тақозоҳои сирф ахлоқистанд, дар ойини маликони Аҷам“ҳиммати азим” будаанд: (1) аз рӯйи ойини адлу дод ҳукумат кардан, (2) дониш андӯхтану ҳикмат варзидан ва (3) доноёнро гиромӣ доштан.
Чунон ки мебинем, ягонтои ин фармудаҳо ҷанби хоси динӣ надорад; ҳамагон аз ҷумлаи шаҳсутунҳои маънавии иморати одоби волои сиёсӣ буда, хусусан дар айёми сохтумони давлатҳои миллӣ дар ҳавзаи фарҳанги Наврӯз аҳамияти вежае пайдо мекунанд…