Шабакаи ҷаҳонии ВВС эълом кард, ки пас аз 83 соли фаъолият, пахши барномаҳои радиои форсии ин шабака қатъ карда шуд. Дар ин бора сомонаи хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи хабаргузорӣ, охирин барномаи форсии бомдодии ин радио субҳи рӯзи якшанбе, 26-уми март пахш шудааст. Барномаи субҳгоҳии “Чашмандоз” аз соати 7:00 то 9:00-и субҳ тавассути мавҷҳои радио ва моҳвора пахш гардидаанд.
Дориюши Раҷабиён, яке аз муҷриёни маъруфи Радиои форсии ВВС дар филми мустанади “Радио меравад: танҳо садост, ки мемонад” дар бораи наздик ба 83 соли фаъолияти ин радио сӯҳбат кардааст.
Шабакаи ҷаҳонии ВВС ҳадаф аз таваққуфи фаъолияти радиои форсии ин шабакаро тамаркузи бештар рӯй платформҳои диҷитол хондааст.
Бояд гуфт, ки Радиои форсии ВВС аз пуршунавандатарин радиоҳо бо собиқаи 83-сола буд, ки пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум роҳандозӣ шуд. Барномаҳои форсии радиои ВВС дар Афғонистон ва Тоҷикистон аз шӯҳрати хоссе бархурдор буд ва алоқамандони зиёде дошт.
Ёдовар мешавем, ВВС аз расонаҳои пурмухотаби ҷаҳонӣ аст, ки ба забонҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла англисӣ, русӣ, чинӣ, форсӣ, пашту, урду ва ӯзбекӣ барнома пахш мекунад.