spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Маршировка” бо иштироки 19 ҳазор нафар дар Хуҷанд барои таҷлили Наврӯз

Барои таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд наздики 19 ҳазор нафар ба тамрини барномаи фарҳангӣ ё “маршировка” машғуланд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-плюс” гуфт, ки барномаи фарҳангӣ ва асосии Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола охири моҳи март дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” – и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад ва барои омодагӣ ба он 19 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳудуди 12 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони мактаб  ҷалб шудаанд.

“Роҳбари бадеии чорабинии наврӯзӣ Баҳриддин Раҷабов аст ва аз шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Шурӯъ аз моҳи март тамрин оғоз  гашта, дар чорабинии фарҳангӣ ва театрикунонидашуда расму оинҳои наврӯзӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлолият намоиш дода мешаванд. Барои дар сатҳи баланд баргузор гаштани он ситод ҳам таъсис ёфта, ҳамрӯза корбарӣ мекунанд”, – гуфт манбаъ.

Ба қавли ин манбаъ, ба “маршировка” донишҷӯёну хонандагон аз донишгоҳҳову мактабҳои маркази вилоят ҷалб гардида, аввал дар 4-5 минтақаи шаҳри Хуҷанд тамрин кардаанд ва наздики як ҳафта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” тамрин мекунанд.

“Қариб се ҳафта мешавад, ки ба варзишгоҳ меоем.  Ин ҳафта аз шаҳру ноҳияҳо низ иштирокчиён омада истодаанд ва ҳоло мо дар ин ҷо аз саҳар то бегоҳ тамрин менамоем. Моро аз дарс озод кардаанд ва гуфтанд, ки дар вақти санҷишу имтиҳон дастгирӣ мекунем. Аз ҳар факултету мактаб омӯзгорону устодон масъул шудаанд ва онҳо  ҳамроҳи мо омада, назорат мекунанд”, – зикр намуд як нафар донишҷӯ, ки дар “маршировка” ширкат дошт.

Ба ғайр аз донишҷӯёну хонандагон дар ин  барномаҳои фарҳангӣ ҳамчунин, кормандони  соҳаи фарҳанги шаҳру ноҳияҳо низ иштирок доранд.

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Ин ҳама омодагӣ барои таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Санаи дақиқи баргузории ҷашн гуфта намешавад, аммо тибқи маълумоти Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 29 то 31-уми март ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард. Ӯ аз 20 то 25-уми март ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби СММ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карда буд.

Бояд гуфт, ки баҳси ҷалби донишҷӯён ба тамринҳои идона ё “маршировка” чандин сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Донишҷӯён даъво доранд, ки онҳоро иҷборан ба тамрин меоранд ва дар ҳолати саркашӣ кардан, бо хориҷ кардан аз донишгоҳу мушкил бар супоридани санҷишу имтиҳонот таҳдид мекунанд. Масъулини ташкили ин гуна чорабиниҳо, аз ҷумла вазоратҳои маорифу бошад, ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ро амали маъмулӣ ва афзояндаи ҳисси ватандӯстии ҷавонон медонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...