spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Русия барои никоҳи қалбакӣ метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд

Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи бекор кардани шаҳрвандӣ, ки бар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ дода шудааст, ворид шуд. Санади лоиҳаи аз ҷониби маҷлиси қонунгузории вилояти Калуга воридшуда дар пойгоҳи палатаи поёнии парлумони нашр шудааст, хабар медиҳад РБК.

Дар лоиҳаи қонун пешниҳод мешавад, ки бастани никоҳи қалбакӣ, инчунин пешниҳоди гувоҳномаҳои сохта дар бораи донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия асос барои бозхонди шаҳрвандӣ шуморида шавад. Дар санад зикр мешавад, ки далели истифодаи ҳуҷҷатҳои сохта ё дидаву дониста пешниҳод шудани маълумоти бардурӯғро бояд суд муайян кунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ақди никоҳи расмӣ ва динӣ. Тафовут ва бартарият

Тибқи омори аз ҷониби муаллифони лоиҳаи қонун пешниҳодшуда, соли 2022 дар вилояти Калуга 203 ҳолати эҳтимолии баста шудани ақди никоҳи қалбакӣ ва 501 ҳолати додани гувоҳномаи донистани забони русӣ ба шахсоне, ки онро намедонистанд, ошкор шудааст.

Моҳи январ ВКД Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намуд, ки мувофиқи он хориҷиён аз имкони қонунӣ кардани будубоши худ дар ин кишвар тариқи никоҳҳои қалбакӣ ва қалбакӣ муқаррар кардани падарӣ метавонанд маҳрум карда шаванд. Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорат Ирина Волк дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ мақомоти ВКД ҳудуди 400 ҳуҷҷати қаблан ба хориҷиён додашударо барои иқомат дар Русия бекор кардаанд.

Моҳи марти соли гузашта дар ВКД хабар дода буданд, ки онҳо масъалаи ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҷиноиро барои сабти никоҳҳои қалбакӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ барои қонунигардонии ҳузур дар Русия баррасӣ мекунанд. Вазорат бар ин назар аст, ки чунин амалҳо яке аз омилҳои таҳдидкунанда дар соҳаи муҳоҷират мебошанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Издивоҷи шумо қалбакист”. Дар Калуга 2 ҳазор нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд

Мувофиқи қонун “Дар бораи шаҳрвандӣ”, шаҳрвандони кишварҳои дигар ва шахсони бешаҳрвандӣ агар бо зан ё марди шаҳрванди Русия ба муҳлати на камтар аз се сол дар ақди никоҳ бошанд, ба қабули соддашудаи шаҳрвандиии Русия довталабӣ карда метавонанд. Агар дар оила фарзанди умумӣ бошад, риоя кардани ин муҳлат ҳатмӣ нест.

Дар Тоҷикистон мансабдорон мегӯянд, никоҳҳои қалбакӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба афзоиши азҳампошии оилаҳо дар кишвар боис мегарданд.

Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, сабабҳои аслии азҳампошии оилаҳо мушкилоти маишӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нофаҳмӣ ва ихтилофҳо дар оила аст.

“Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани сокинон мебошад. Яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд”, – шарҳ дод ӯ инро зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2022.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар вилояти Хатлон бо мақсади гирифтани шаҳрвандии Русия 804 оила, дар Рашт – 103 оила ва ноҳияи Ванҷ – 31 оила ақди никоҳашонро бекор кардаанд.

Ба сурати умум, соли 2022 дар Тоҷикистон 70 ҳазор никоҳ сабт шудааст, ки 5,4% камтар нисбат ба соли пешин (соли 2021) аст. Дар ҳамин ҳол, соли 2022 дар ҷумҳурӣ 14 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки 2,9% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...