spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳафт нукта дар бораи ҷаҳонишавӣ. Чӣ бояд кард то тавонмандиҳои миллат боло равад?

Ду рӯз қабл журналисти тоҷик Ҷамолиддин Фахриддин суҳбати хеш бо сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнаморо таҳти унвони “ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИШАВӢ: Миллатҳо аз байн мераванд?” дар YouTube-канали худ нашр кард. Тавре аз унвони барнома бармеояд, мавзӯи сӯҳбат бисёр муҳим – раванди ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои он дар замони муосир мебошад.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик пас аз тамошои барномаи мазкур,  андешаҳояшро оид ба мавзӯи матраҳгардида навишта, дар Telegram-канали худ – “Андешакада” интишор кардааст, ки онро пешкаши хонандагон мекунем.

Мулоҳизаҳо дар бораи барномаи “ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИШАВӢ: Миллатҳо аз байн мераванд?”

Дар фазои иттилоотии мо, бахусус дар шабакаҳои телевизионӣ бештар дар бораи “хатарҳои ҷаҳонишавӣ” суҳбат мекунанд. Ҷолиби диққат он аст, ки меҳмонон дар бораи ҷаҳонишавӣ аз рӯйи меъёрҳои идеологии солҳои 90-уми асри ХХ суҳбат намуда, тамоми паҳлуҳои ин масъаларо фаро намегиранд. Дар суҳбати Ҷамолиддин Фахриддин бо устод Абдуллоҳи Раҳнамо кӯшиш шуд, хати маш ба ҳамин самт бурда шавад, вале нуктаҳое садо доданд, ки зарурати рақобатпазирӣ ва боло бурдани тавонмандиҳои миллиро дар шароити кунунӣ таъкид мекунанд. Дар охири суҳбат Ҷамолиддин аз паҳлуҳои мусбати ҷаҳонишавӣ пурсиданд ва албатта посухи меҳмон низ ҷолиби диққат буд. Аз ин рӯ, баррасии барномаро аз нуктаи охирон оғоз мекунем. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нахуст, худи саволи падидаи мусбат ё манфӣ будани ҷаҳонишавӣ то ҷойе аз мантиқ берун аст. Чунки: 1) тамоми дастовардҳои ҷаҳонишавиро мо имрӯз истифода мекунем ва зиндагии худро бидуни онҳо тасаввур намуда наметавонем (мисоли оддӣ истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ); 2) аз мо касе напурсид, ки оё мо тарафдор ё муқобили ҷаҳонишавӣ ҳастем? Ин як раванди умумибашарӣ аст ва хоҳем нахоҳем дар ин шароит бояд зиндагӣ кунем; 3) ҷомеаи имрӯза ба тамоюлҳои нав рӯ ба рӯ шуда, аллакай таъсири ҳуши маснуъ, ҷомеаи иттилоотӣ ва зеҳнишавии баланди сиёсатро фарогир гардидааст. Бинобар ин, ҷаҳонишавӣ падидаи мусбат ё манфӣ набуда, балки зуҳуроти нейтрал мебошад. Ҷомеаҳое, ки тезтар бо чунин шакл пеш рафтани ҷаҳонро дарк мекунанд, имкони зиёде барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши арзишҳои миллии худро пайдо мекунанд. Он ҷомеаҳое, ки хавфу хатарро мебинанд, мутаассифона, тавонмандиҳои бартараф намуданашро надоранд.

Бояд тазаккур дод, ки нигоҳи манфӣ ба ҷаҳонишавӣ ба муҳити фикрии мо бештар зери таъсири олимони ҷомеашиноси Русия шакл гирифтааст. Чун онҳо падидаи ҷаҳонишавиро бештар ҳамчун абзори эҳёи ҷаҳони якқутба мебинанд ва бо он ихтилоф доранд. Тавонмандиҳои Русия ва ҳар як чунин кишвар бо собиқаи императорӣ ё даъвои абарқудрат будан аз мо бештар аст, вале ба ин нигоҳ накарда, онҳо ҳамгироии худ ва истифодаи дастовардҳои муосирро густариш медиҳанд. Манфиатҳои миллии мо дар шароити ҷаҳонишавӣ чӣ аст ва чӣ гуна бояд ҳифз шавад, баҳси алоҳида мебошад.

Дуюм, меҳмони барнома Абдуллоҳи Раҳнамо ҷаҳонишавиро бо иқтисод ва дастовардҳои он вобаста намуданд. Ин нуктаи зариф аст, вале агар аз ҳамин зовия нигоҳ кунем, саволе ба миён меояд, ки ҷаҳонишавӣ кай оғоз шуд ва кай ба анҷом мерасад? Зеро агар барои пайдо намудани посух нигоҳи ретроспективӣ кунем, пас маълум мешавад, ки бо пайдоиши давлатҳо, иртибот байни онҳо, густариши тиҷорат ва ғайра ҷаҳонишавӣ ҷараён доштаст, вале абзорҳои он гуногун будааст. Яъне, унсурҳои асосии такондиҳандаи ҷаҳонишавӣ бо тағйир ёфтани вазъ ва пайдо шудани нуқтаҳои рушд такмил меёфтааст. Устод Раҳнамо дар бораи осору донишмандони тамаддуни форсии тоҷикӣ сухан ронданд. Ҳамин нукта худаш собит мекунад, ки густариши тамаддуни форсӣ дар паҳнои гуногуни ҷаҳон худ як ҷаҳонишавӣ буд ва ё паҳншавии забони форсии тоҷикӣ дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ дар ҳамон давр ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, агар мо тавонмандиҳои худро беҳтар шиносем ва имрӯз аз он кор барем, шояд шансе барои эҳёи дубораи он пайдо кунем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шералӣ Ризоён

Сеюм, дуруст аст, ки дар шароити имрӯза, бинобар тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ дар назди давлатдории миллӣ хавфу таҳдидҳои нав ба вуҷуд омадаанд. Аз назарияи арзёбии хавф ва таҳдидҳо маълум аст, ки онҳо боз ду унсури дигар доранд: осебпазирӣ ва фурсат. Яъне ҳамаи таҳдидҳо дар натиҷаи будани осебпазирӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва ҳамзамон фурсатҳоро ба вуҷуд меоранд. Ё ҳамаи фурсатҳо барои давлатдории миллӣ дорои осебпазирӣ ва ҳамчун натиҷа таҳдиду хавфи муайянро тавлид мекунанд. Аз ин рӯ, вақте хавфу таҳдид ҳаст, пас осебпазирӣ мавҷуд асту фурсат барои ислоҳи он низ арзи ҳастӣ мекунад. Ба ибораи дигар, вақте яке аз ин чор падида: “хавф”, “таҳдид”, “осебпазирӣ” ва “фурсат” ба назар мерасад, сеи дигар низ вуҷуд доранд. Чун онҳо дасти ба даст бо ҳам пайдо мешаванд ва таъсир мерасонанд. Бо назардошти нуктаҳои боло – ҳар таҳдиде, ки ҷаҳонишавӣ барои давлатдории миллӣ ба вуҷуд меорад, ҳамзамон осебпазириро муайян мекунад ва фурсате барои ислоҳи онҳо пайдо мешавад. Бинобар ин, роҳи аз ҳама дуруст ин рақобатпазир намудани арзишҳо ва боло бурдани тавонмандиҳои миллӣ аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Баррасии масоили рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар АИ

Гузашта аз ин, аксари кулли анъанаҳое, ки мо ба “қадима” будани онҳо бовар дорем, шояд як аср пеш эҷод шудаанд. Давлатдорӣ ҳамеша ба анъанасозӣ эҳтиёҷ дорад. Масалан, агар соли 1923 зани тоҷикро бо 8-уми март табрик мекарданд, вай моҳияти лутфро намефаҳмид. Ё соли 1923 дар даҳаи охири моҳи декабр касеро бо Соли нав муборакбод мегуфтанд, ӯ низ мутаҳайир мешуд. Чун касе 8-уми март ва Соли навро он вақт ҷашн намегифт, баръакс Навруз шаҳомати дигар ва зиндатар дошт… Дар маҷмуъ, дар суҳбат ишораҳои зиёде дар ин бора рафт ва яке аз тезисҳои устод Раҳнамо ин “аз ватаншиносии иттилоотӣ гузаштан ба ватаншиносии воқеӣ” аст, то ҳамватанони мо шинохту тасаввуроти дурусте аз худи Тоҷикистон ва минтақаҳои он дошта бошанд.

Чорум, нуктаҳои ҷолибе перомуни забон ва қудрат садо доданд. Устод Раҳнамо хело олӣ таъкид карданд, ки забони инглисӣ аз он сабаб забони яки ҷаҳон мебошад, чун аз паси вай қудрат, яъне давлатҳои тавонманд истодаанд. Агар давлат заиф шавад, забон ва тамаддуни он низ ба ҳошия меравад. Нуктаи мазкур сабақҳои зинда ва воқеиро барои мо – соҳибони забони форсии тоҷикӣ нишон медиҳад. Чун бо дарназардошти омили ҷаҳонишавӣ мо тадрис ва таълими забони модарии худро бо шеваҳои муосир роҳандозӣ накунем, танҳо дар бораи хатару таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ суҳбат кунем, пас ба ҷойе намерасем. Дар ин бора дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд гуфтанд ва навиштанд, ки таваҷҷуҳ ба таълими фарзандон ба забони форсии тоҷикӣ нисбат ба забонҳои дигар камтар аст. Дар ин бора бояд андеша кард, чун “заиф шудани забон сабаби ба ҳошия рафтани он мешавад ва арзишҳои мардуми кишвари қудратманд ҷаҳонишавӣ мешаванд”. Албатта, дар замони худсолории Тоҷикистон нақшу мақоми забони форсии тоҷикӣ хеле дигар шуд ва имруз забони сиёсат аст ва тамонмандиҳои аслии худро эҳё кард. Вале барои қудратманд намудани забон бояд таълим бо он дар авлавият бошад…

Панҷум, дар назарияи равобити байналмилал дар бораи мегатамоюлҳои сиёсати ҷаҳонӣ пажӯҳишҳо анҷом медиҳанд. Ҷаҳонишавӣ ва ақибгардҳои ҷаҳонишавӣ (зиддиҷаҳонишавӣ) аз ин мегатамоюлҳо ҳастанд. Дар суҳбат хело мисолҳои хуб оварда шуд, ки дар ҳамаи давлатҳо унсури авлавият додан ба худ дар афзоиш аст, вале мегатамоюл ва ақибгарди он ҳамеша вуҷуд доштааст (нуктаи мазкур баррасии васеъи илмиро талаб мекунад ва онро ба вақти дигар мегузорем). Ба ҳар сурат, баррасии гуфтумони мазкур дар фазои иттилоотии кишвар барои шинохти воқеияти ҷаҳони муосир мусоидат мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шариф Раҳимзода: “Шеъру сурудхонӣ кофист. Ояндаи миллатро андеша мебояд кард”

Шашум, нуктаи зарифе дар бораи мутафаккирони мо садо дод, яъне онҳо шоир буданд ё донишманд? Посух ба ин савол оддӣ аст, чун аксари онҳое, ки мо имрӯз ҳамчун шахсиятҳои бисёрфан ва донишманд мешиносем, шеър низ эҷод кардаанд. Мутассифона, бардошти мо аз онҳо танҳо ҳамин шеърашон асту онҳоро ҳамчун шоир мешиносем. Аз нав муаррифӣ намудани мутафаккирон ҳамчун донишманд ва бисёрфан шояд роҳи хубе дар эҷоди модели мувофиқ барои наврасон ва ҷавонон бошад. Барои мисол, агар силсилафилми босифати тасвирӣ дар бораи Абуалӣ ибни Сино эҷод шавад, зиндагиномаи ин олими тавоно ва ковишҳои илмии вай муаррифӣ гардад, бешубҳа баъди 20-30 соли баъди эҷоди ин силсилафилми тасвирӣ натиҷаҳои ҷиддие ба даст меоянд. Миллатҳои дигар чунин таҷрибаро доранд. Масалан, Отто фон Бисмарк баъди муттаҳид намудани Олмон ҳамчун канслер ба тамоми фабрикаҳои бозичасозии кишвараш дастур медиҳад, ки бештар киштиҳои баҳрӣ созанд. Он замон (дар нимаи дуюми асри ХIX) Олмон кишвари пуриқтидори Аврупо шуда буд, вале флот надошт. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Олмон дорои флоти пешрафтаи ҷаҳонӣ гардид ва аксари афсарони флотро кудаконе ташкил медоданд, ки аз хурди бо киштиҳои бачагона ба воя расиданд.

Ҳафтум, суҳбат перомуни баҳсҳои обӣ дар саросари ҷаҳон ва зарурату аҳамияти дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи оби Тоҷикистон бо шеваи нав ва дар иртибот бо омили ҷаҳонишавӣ буд, ки дар ин бора ба таври алоҳида менависам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...