Бо қарори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 апрел то 15 июн моҳидорӣ дар ҳамаи обанборҳои ҷумҳурӣ манъ карда мешавад.
Ин як чорабинии ҳамасола ҳангоми тухмгузорӣ барои нигоҳдорӣ ва афзоиши захираҳои моҳӣ мебошад.
Ба сохторҳои маҳаллии Кумита дар шаҳру навоҳӣ дастур дода шудааст, ки ҳар 15 рӯз дар бораи ҳолати захираҳори моҳӣ ва пешгирии моҳидории ғайриқонунӣ ҳисобот диҳанд.
Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи олами ҳайвонот барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 3 то 5, барои шахсони мансабдор – аз 10 то 15 ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки солҳои 90-уми садаи гузашта ва аввали солҳои 2000-ум бар асари моҳидории беназорат ба захираҳои моҳии Тоҷикистон зарари зиёд расонида шуд.
Пас аз солҳои 2010-ум вазъият тағйир ва рӯ ба беҳбудӣ оварда, захираҳои моҳии Тоҷикистон тадриҷан зиёд мешаванд.