Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, имсол ба 15 апрел рост меояд.
Консерти асосӣ ба ин муносибат дар толори “Кохи Суруш” соати 14:00 баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе. Дар ҳамин ҷо то оғози консерт маросими тақдими ҷоиза ва мукофтпулиҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад.
Дар барномаи консерт ҳунарнамоии сарояндагони маъруф ва дастаҳои рақсӣ, инчунин овозхонҳои писандидаи эстрада пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар Рӯзи пойтахт баргузории маъракаҳои тозакунии шаҳр, чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва фарҳангӣ дар боғҳо ва ҷашнвораи мактабҳои мусиқии кӯдакон ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, соати 8-и субҳи рӯзи 15 апрел дар Душанбе ниммарафони 13-ум оғоз мегардад. Дар он штироки варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Кения, Эфиопия ва дигар давлатҳо дар назар аст.
“Дар робита ба баргузории ниммарафон аз соати 8 қисмате аз роҳҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (роҳи бетонӣ) то гардиш ба Чорбоғ, хиёбони Рӯдакӣ то майдони Дӯстӣ (то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) баста мешаванд, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ. – Марафон то соати 11 идома меёбад. Аз ронандагон дархост мешавад, ки дар вақт аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд”.
Ниммарафон дар Душанбе аз соли 2010 баргузор мешавад. Соли 2013 Ниммарафони Душанбе ба тақвими бозиҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии марафонҳо ва давидан ба масофаҳои дароз дохил шуд. Масофаи он 21 километру 97,5 метрро ташкил медиҳад.
Ба ғолибони ниммарафон низ дар консерти дар боло зикршуда дар “Кохи Суруш” ҷоизаву мукофтпулиҳо тақдим мешаванд.