Ба ҷавони тоҷик ва ҳамсараш, ки чанде пеш Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯро барои ифтор ба хонаашон даъват карда буданд, раводиди Ҳаҷи умра тақдим гардидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин ҷавон Асадулло Садриддинов, сокини ноҳияи Айнӣ буда, сафир, яке аз роҳбарони сандуқҳои кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон ва ҳайати ҳамроҳони онҳоро ба хонаи худ, барои ифтор (хӯроки шом) даъват кардааст. Сафир ва ҳамроҳони ӯ он рӯз аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, баъди тақсими кумакҳо ба манотиқи аз заминларза зарардида бармегаштанд.
“Меҳмонон ин даъватро пазируфта, дар хонаи Асадулло рӯзаашонро кушодаанд. Меҳмоннавозии ин ҷавон ончунон ба меҳмонон аз Арабистони Саудӣ хуш омад, ки сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки омодааст барои рафтани ӯ ба Ҳаҷҷи умра мусоидат кунад”, – гуфт манбаъ.
Раҳбари сандуқи кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон омодагии худро барои пардохти харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи Асадулло ва ҳамсараш баён доштааст.
Ёдовар мешавем, ки бо гузашти як ҳафта аз заминларзаи харобиовар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки хонаву иншооти зиёд зарар диданд, сафири Арабистони Саудӣ кумаки давлаташро якҷо бо ҳайати Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ба аҳолии зарардидаи ноҳия дастрас карда буданд.
Гуфта мешавад, ки кумаки давлати Арабистони Саудӣ аз се мошин, аз ҷумла бухорӣ (печ), болопушӣ пашмӣ (одеяло) ва ангишт иборат мебошад.