spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нархи оби нӯшокӣ ва корез дар Хуҷанд боло меравад

Шурӯъ аз якуми майи соли ҷорӣ нархи оби нӯшокӣ дар Хуҷанд 20% боло бурда мешавад. Дар ин бора Абдуҳалим Нӯъмонов, сармуҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нархи 1 куб оби нушокӣ то 1 сомонию 44 дирам боло бурда хоҳад шуд. Ҳоли ҳозир нархи 1 куб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад.

Сабаби болоравии нархро Абдуҳалим Нӯъмонов ба болоравии нархи сӯзишорӣ ва нерӯи барқ рабт дод.

“Мо ба сӯзишворӣ ва барқ вобастагии зиёд дорем. Насосҳои калон дорем, ки қувваи зиёд мегиранд. Бинобар ин, вақте нархи сӯзишворӣ ва нерӯи барқ афзоиш меёбад, хароҷоти мо ҳам зиёд мешавад ва ин зарурати боло бурдани нархи хизматрасониро пеш меорад”, – афзуд ин муҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал”.

Қаблан иттило дода шуда буд, ки нархи оби корез низ дар ин шаҳр то 96 дирам афзоиш меёбад. Он қаблан 80 дирамро ташкил медод.

Гуфта мешавад, ки нархномаи мазкур бо мувофиқа ба Идораи зиддиинҳисорӣ дар назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки тарофаи истифодаи нерӯи барқ маротибаи охир тирамоҳи соли гузашта зиёд шуда буд.

Тибқи қарори охир нархи барқ барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва бахши комуналӣ аз 1-уми октябри соли 2022 ба андозаи 16,9% – аз 22,66 дирам барои 1 киловатт-соат то 26,51 дирам (2,6 сент) боло рафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...