Сановбар Холматова, номзади илми филология ва сарходими Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, дар моварои зодрӯзаш розҳои ногуфтаро ифшо намуд ва роҳи тайкардаашро нақл кард.
Ин мусоҳиба перомуни фазои илмӣ ва забоншиносии замони Шӯравӣ ва дирӯзу имрӯзи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ аст.
– Дар ибтидо мехостам дар бораи роҳи тайкардаи худ ҳарф мезадед…
– Донишҷӯи кафедраи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) будам, дар бораи дар оянда дар куҷо кор карданам фикр ҳам намекардам. Андешае ба сарам меомад, ки шояд дар мактаби миёна муаллимаи забони русӣ мешавам ва ба кӯдакон забони русиро меомӯзонам. Аммо ҳангоми таҳсил дар курси чорум ғайричашмдоштам муаллима Содиқова Наталя Александровна пешниҳод намуданд, ки дар мавзӯи “Табиат дар романи “Дони ором”-и М. Шолохов” кори курсӣ нависам. Пешниҳоди муаллима писандам омад, зеро дар он замон М. Шолохов нависандаи дӯстдоштаам буд.
Бояд гуфт, ки эҷодиёти М. Шолохов ҳамеша мавриди пазироии муҳаққиқони зиёде қарор мегирифт. Андешаҳои муҳаққиқон дар бораи асарҳои Шолохов яксон набуда, гоҳе зидди якдигаранд. Он замон дар ҷараёни фаъолияти илмӣ ҳич гумон намекардам, ки бо ин нависанда вомехӯрам. Чунин иттифоқ афтод, ки соли 1961 ҳангоме ки ДДТ-ро хатм мекардам, аз раёсати АИ ба раёсати донишгоҳ номаи дархост бо мазмуни ба Институти забон адабиёти ба номи Рӯдакӣ фиристодани яке аз хатмкунандагони факултаи филологияи рус омад. Раёсати факултаи филологияи рус ҳангоми тақсимоти хатмкунандагони факулта, дархости Институтро ба назар гирифта, маро ба Шуъбаи забони тоҷикии он фиристоданд. Он замон ҳамаи Шуъбаҳои забоншиносии академияҳои ҷумҳурияҳои собиқ Шӯравӣ аз рӯи нақшаи ягона ва ҳамоҳангӣ дар мавзӯи забон ва ҷомеа тадқиқот анҷом медоданд. Ба ман дар шуъбаи забони тоҷикӣ, ки дар он замон инсони донишманд, нексиришту некандеш Шавкат Ниёзӣ роҳбар буд, дастур дод, ки барномаҳои ҳизби коммунистии иттиҳоди Шӯравиро рӯнавис кунам, то инки дар оянда мувозинати байни забони модарӣ ва забонҳои дигарро муайян намоям. Ҳамзамон дақиқ намоям, ки иқтибосҳо ба забонҳои тоҷикӣ аз куҷо ворид шудаанд.
Ҳамин тавр ба муҳити илмӣ ворид шудам ва худро дар байни олимони бузурге чун Носирҷон Маъсумӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Муллоҷон Фозилов, олимони ҷавони он давра М. Шукуров, Р. Ҳодизода, Р. Амонов, Х. Отахонова, Л. Демидчик ва дигарон дарёфтам, ки пештар онҳоро танҳо аз рӯи навиштаҳояшон мешинохтам.
– Мавзӯи рисолаи илмиятон «Способы передачи русских префиксальных глаголов на таджикский язык» буд. Дар ин роҳ мушкилиҳо ҳам буданд ё ин кор бо ҳавасмандӣ пеш мерафт?
– Пас аз ду соли кориям Институт барои омӯзиши муқоисавии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар аспирантура ҷой ҷудо карданд, ки пас аз хатми он ба шуъбаи фарҳангнигорӣ ба кор оям, чун он ҳангом мураттаб намудани фарҳангҳои русӣ-тоҷикӣ бомаром идома дошт. Ва он гоҳ ҳарфи “П” ба анҷом мерасид (тарзҳои баёни феълҳои префиксдори русӣ ба забони тоҷикӣ) ва ҳарфи калон буд. Муддати се сол рисоларо навиштам, баррасӣ намудам ва онро соли 1969 дар Донишгоҳи давлатии Тошканд бомуваффақият дифоъ намудам.
– Чаро дифоъ он ҷо баргузор шуд, на дар шаҳри Душанбе?
– Дар охири солҳои 60 Шурои диссертатсионӣ аз рӯи фанҳои ҷамъиятшиносӣ ягона буд ва довталабон хеле зиёд буданд. Бинобар ин, лозим меомад, ки ба ҷумҳуриҳои дигаре, ки аз рӯи ихтисос Шӯрои дифоъ амал мекард, сафар намуда, рисолаи илмӣ дифоъ намоӣ.
Дарҳол пас аз хатми аспирантура ва дифои рисола ба ҳайати раёсати Институт ба кор гирифтанд. Ҳафт сол дар самти мудирият кор кардам, аммо робитаамро бо шуъбаи фарҳангнигорӣ қатъ накардам. Ва фарҳанги калимаҳои ихтисории русӣ ба тоҷикиро тартиб дода, аз чоп баровардам, ки дар маҷаллаи “Масъалаҳои забоншиносӣ”, №6 тақризи хубе навиштанд. Маводи ин луғат баъдтар ҳамчун замима ба фарҳанги русӣ-тоҷикӣ (нашри 1985, Маскав) дохил шуд.
– Шумо бештар бо фарҳангнигорӣ, таҳриру тасҳеҳ ва таҳқиқи фарҳангҳо машғул шудед. Дар бораи раванди фаъолияти фарҳангнигориятон барои хонандагон нақл мекардед.
– Дар назари бисёриҳо мураттаб намудани фарҳангҳо гӯё кори мушкиле нест. Калимаро бармегузинӣ, бо забони дигар қиёс менамоӣ, аз забони гӯяндагон мисолҳо меороӣ ва фарҳанг омода мешавад. Ин тавр нест. Мураттаб сохтани фарҳанг як кори эҷодии идомадор ва ҳатто мушкил гуфтан мумкин аст. Агар гап сари фарҳанги якзабона равад, муаллиф бояд фонди луғавии ин забонро бо тамоми калимаҳои адабӣ ва шевагияш донад. Агар луғати дузабона ё сезабона тартиб дода шавад, бояд он забонҳоро бо мафҳумҳои муқоисавияш, ки дар асарҳои лексикографӣ оварда мешаванд, хуб донад. Ба ҷуз аз хуб донистани забон ба назарам бояд эҳсоси забонӣ низ дошта бошад, ки бидуни он тобишҳои маъноии борики калимаро дарк кардан имконнопазир аст. Агар дар бораи раванди тартибёбии луғат сухан ронем, он ба якчанд давраи дигар тақсим мешавад: дар аввал рӯйхати асарҳо тартиб дода мешавад (бадеӣ, илмӣ, илмӣ-оммавӣ, публитсистӣ ва ғайра, аломатҳое, ки аз он намуди луғат вобастааст: филологӣ, истилоҳот, соҳавӣ ва ғ. Бар замми ин луғатҳои мазкуре, ки нашр шудаанд, бояд истифода шаванд. Илова бар ин тасаввуроти комил дар бораи фарҳангнигории ҷаҳонӣ доштан лозим.
Бо як муаллиф кор кардан албатта осонтар аст. Аммо вақте ки якчанд нафар дар як вақт дар фарҳанг кор мекунанд, кор душвортар мешавад. Зеро ҳар як кадоми онҳо забондонии хос, зинаи гуногуни омодагӣ, пурдонӣ, фикру ақидаҳои баҳсбарангез, ки бо ёрии он тавсиф мекунанд ва дар ниҳоят шавқу рағбати хос доранд. Яке бо шевашиносӣ машғул мешавад (ҳамонҳое, ки дар диалект мавқеъ доранд), иқтибосҳои дигар аз забонҳои гуногун, дигар лексикаи китобӣ на ҳамавақт дар забони муосир истифода мешавад ва ба ин сабаб барои оммаи васеи аҳолӣ фаҳмо нест.
– Фарҳангнигорӣ мушкил аст ё таҳқиқу баррасии масъалаи илмӣ?
– Офаридани ҳар як асари илмӣ, хоҳ монографӣ ва хоҳ фарҳанг кори мушкил ва меҳнатталаб буда, аз муҳаққиқ донишмандӣ, устуворӣ, сабру таҳаммул ва қобилияти наҳаросидан аз нобаробариро талаб менамояд (ва ин гуна мушкилӣ метавонад дар ҳама гуна раванди эҷодӣ рух диҳад), ки муҳаққиқ бояд ноумед нашуда, худро гум накунад. Ҳам кори илмӣ ва ҳам фарҳангнигорӣ аз муаллиф масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Зеро ҳам асари илмӣ ва ҳам фарҳангҳо барои оммаи васеи хонандагон офарида мешаванд.
Ҳар як иштибоҳу хатоӣ ва хурдтарин беэътиноӣ, ки муаллиф ҳангоми таҳқиқ ва тартиб додани фарҳанг содир менамояд, боиси зарари калон мешавад. Хонанда ҳар чизи чопшударо чун қоида қабул мекунад ва ба он эътимод менамояд. Зеро пеш аз он ки мавод барои чоп ба нашриёт меравад, онро шумораи зиёди муаллифон, муҳаррирон, мусаҳҳеҳон, кормандони техникӣ ва дигарон аз назар мегузаронанд, мехонанд, пас ба чопи он тавсия медиҳанд. Бинобар ин дар назди ҳамаи мо масъулияти бузургу ҷиддӣ меистад. Асарҳои монографӣ, мақолаҳои таҳқиқотӣ, фарҳангҳо, маҷмӯаи мақола ва дигар маводи чопиро бояд беғалат, бо сифати баланд, бо далелҳои муътамади илмӣ ва бо забони равону сода бояд пешниҳоди мардум намоем. Аз ин рӯ, ман байни ин ду намуди фаъолияти илмӣ тафовути зиёд намебинам.
– Мехостам, ки дар бораи ин уҳдадориҳоятон ва муҳити илмии онвақтаи Институт суҳбат кунед.
– Воқеан 12 соли фаъолиятам дар Институт дар вазифаҳои котиби илмӣ ва муовини директор оид ба илм сипарӣ шудааст. Ҳоло аз сабаби синну сол ва саломатӣ дур шудаам, вале бо вуҷуди ин як фарқи ҷиддиро қайд кардан мехоҳам. Вақте ки ҷумҳуриямон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, Институт бо Академияи фанҳои иттиҳод (Институти шарқшиносӣ, Институти забоншиносӣ, Институти забони русӣ, Институти адабиёти ҷаҳон ба номи Горкий) факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград бо ҳамаи олимони кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ ҳамкориҳои судманди дуҷониба дошт. Олимони машҳур аз сартосари шӯравӣ ба Институти мо меомаданд. Онҳо ба кори илмии аспиранту докторантҳои мо роҳбарӣ мекарданд. Вале чизи аз ҳама муҳимме, ки дар хотирам мондааст, маърӯзаву суханрониҳои илмии онҳо дар ҷаласаҳои васеи Шурои олимони Институт ва суҳбату вохӯриҳои расмӣ ва ғайрирасмии онҳо бо кормандони илмии ин даргоҳ мебошад. Ин ҳол боис мешуд, ки кормандони ҷавон тадриҷан ба кори илму таҳқиқ ба таври ҷиддӣ ташвиқ мешуданд ва ба ин васила насли нисбатан калонсол ҳам дар бораи навгониҳои илми филология маълумот мегирифтанд. Ин як навъ мактаби омӯзиши илм буд, ки кормандони Институтро гирди ҳамоварда буд.
Вақте ки хатмкунандагони мактабҳои олӣ барои кор ба Институти мо меомаданд, давраи таҷрибаомӯзиро дар академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мегузаронданду, пас аз он бо диплом бармегаштанд. Ман метавонам номҳои зиёди чунин мутахассисонро бигирам, аммо бинобар сабаби тӯлонӣ шудани ин рӯйхат аз он худдорӣ менамоям.
– Имрӯз чӣ?
– Вақте ки сухан дар бораи фарҳангнигорӣ меравад, ман ҳамеша ин суханони ҷолиби олими машҳур Д. Лихачёв: “халқе ки фарҳангҳо намеофорад, маҳкум ба марги маънавист”, ба ёдам меояд. Хушбахтона, ин гуфтаи Лихачёв ба миллати мо дахл надорад, зеро фарҳангнигории мардуми мо таърихи дерина дорад. Фарҳангнигории давраи классикӣ дер боз ба тамоми ҷаҳон маъмул аст. Дар китобхонаҳои миллии ШМА, Англия, Германия, Эрон ва дигар кишварҳо дастнависҳои қадими фарҳангҳои форсии тоҷикӣ мавҷуданд. Фарҳангнигории муосири тоҷик низ дастовардҳои муносиб дорад. Аз ибтидои асри гузашта то имрӯз қариб 500 фарҳанги гуногун: фарҳангҳои якзабона, дузабона, сезабонаи филологӣ, фразеологӣ ва ғайра ба чоп расидаанд. Аммо ин номгӯй кифоя нест.
Акнун мехоҳам дар охир чанд сухан дар бораи вазъи забоншиносии Тоҷикистон гуфта бошам.
– Марҳамат…
– Имрӯз дар назди забоншиносони мо вазифаи хеле муҳим ва аввалиндараҷа, яъне офаридани грамматикаи нави забони тоҷикӣ истодааст. Зеро он китоби сеҷилдаи «Грамматикаи забони тоҷикӣ», ки хеле пештар таълиф ва сазовори мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино гардида буд, нодиру камёб шудааст ва пайдо кардани он хеле душвор шудааст.
Ғайр аз ин чунон ки ишора намудем, солҳои охир дар забони тоҷикӣ хусусан дар калима, овоз ва камтар дар синтаксис тағйироти муайяне ба амал омадааст. Бо назардошти ҳамаи ин дигаргуниҳои дар забон ба амал омада грамматикаи забони тоҷикиро бояд аз нав навишт. Бигзор ин грамматика дар ҳаҷми хурдтар ва бо шуморагони бештар ба чоп расад, то дастраси оммаи васеи мардум гардад ва барои фасоҳати баён ва ғаниву рангинии сухани соҳибзабонон мусоидат намояд. Ба мардум ифоданок ва босаводона сухан гуфтанро омӯзанд.
Ва аммо дар ниҳоят, ба назари ман мавзӯи асосии таҳқиқоти забоншиносони тоҷик бояд омӯзиши вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ бошад. Мо бояд забон ва фарҳанги худро ба таври ростину воқеӣ ҳифз намоем, на танҳо бо забон аз гузаштаи бузурги худ ифтихори дурӯғин дошта бошем, балки ифтихори ростин аз фарҳангу забони ғании худ намоем!