Аз 11 то 21 апрел дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал гузаронида мешавад.
Тавре ки АМИТ “Ховар” бо итсинод ба намояндаи шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд.
“Ярмаркаҳои доимамалкунанда ҳамарӯза дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт фаъолият мекунанд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешаванд.
Нархи маҳсулот дар ярмаркаҳо:
– картошка – аз 4 то 4,5 сомонӣ,
– пиёз – 5,5 сомонӣ,
– сабзӣ – 4 сомонӣ,
– равғани растанӣ – 18 сомонӣ,
– шакар – 9 сомонӣ,
– гӯшти гов – 55 сомонӣ,
– гӯшти гусфанд – 68 сомонӣ,
– биринҷ – 10 сомонӣ.