spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бозёфти нодир дар Ашт. Сангнигораҳои ёфтшуда аз чӣ ҳикоят мекунанд?

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар харсангҳои калон ва кӯҳсорони баланд як силсила сангнигораҳо ё петроглифҳо кашф шудаанд, ки онҳо аз ҳаёту ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии бошандагони қадими ин сарзамин шаҳодат медиҳанд. Сангнигораҳо барои бостоншиносон бозёфти нодир ба ҳисоб меравад, зеро онҳо бори аввал ба харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Дар ин бораи Бахтовар Темурзода, бостоншиноси тоҷик ба “Asia-Plus”хабар дод.

Ба иттилои ӯ, ин бозёфтҳо дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт 8 -уми апрели соли ҷорӣ ёфт шудааст. Дар умум, ин 16-умин минтақае дар ноҳияи Ашт ба ҳисоб меравад, ки дар он бозёфтҳои таърихӣ пайдо мегардад.

“Пештар ҳам бозёфтҳои таърихӣ ва кашфиётҳо дар ноҳияи Ашт аз ҷониби олимон ва бостоншиносони ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, аммо ин 16 минтақа дар харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон бори аввал ворид мешавад”-гуфт Бахтовар Темурзода.

Ба гуфтаи ин бостоншинос сангнигораҳо, ки аввалин намунаи санъат мебошад, барои дарки тафаккури инсонҳои қадим ва тасаввуроти онҳо маводи муҳим дониста мешавад. “Сангнигораҳои деҳаи Даҳана аз ҷиҳати фарогирии мазмуну мундариҷа гуногун буда, дар ҳазораи дуюми то милод саркарда, то миёнаҳои асри XIX тавассути ниёкони маънишиносу воқеъбини мо ҳаккокӣ шуда, анъанаҳои маданияти қавми саккоиҳоро ифода менамоянд. Дар сангнигораҳо аксаран нақшҳои ҳайвонҳои калон: уштуру асп, гову бузҳои кӯҳӣ, оҳую гӯсфандон, инчунин манзараи ҳарби шеру палангон, гирду сагон ва маъракаи шикори парандагон бо тамоми ҷузъиёташ таҷассум шудаанд”, -мегӯяд Бахтовар Темурзода.

Баъзе аз сангнигораҳо дар баландии 700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Дар аксҳои интишорнамудаи бостоншинос дидан мумкин аст, ки қисми зиёди сангнигораҳо бо усули техникаи хол-хол кашида шуда, бо ашёи оҳанӣ ва ё санг канда шудааст. Дарозии аксари нақшҳо 30- 45 см аст. Миқдори умумии сангнигораҳои деҳаи Даҳана  то ҳол аз ҷониби бостоншиносон ҳисоб карда нашудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ Аксҳо аз Бахтовар Темурзода (10)










Бахтовар Темурзода мегӯяд, ки ба андешаи бостоншиноси шодравон В. Ранов сангнигораҳои деҳаи Даҳана ба ҳазораи дуюми то милод тааллуқ дошта, ба қавми қадими чорводори “саккоиҳои он сӯи Суғд” мансуб аст. Дар натиҷаи корҳои бостоншиносӣ дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт то ҳол зиёда аз 2370 сангнигораҳо аккосӣ ва шуморагузорӣ карда шудааст.

“Баъди кашфи сангнигораҳо намояндаи ЮНЕСКО омада бозёфтҳоро аккосӣ карданд ва ба қайд гирифтанд. Қисмати дуюми бозёфтҳо бо сабаби боронгариҳои зиёд пурра кашф нашудаанд. Аз ин лиҳоз, баъди мусоид шудани ҳаво, ҳамаи бозёфтҳо ба ЮНЕСКО пешниҳод мегарданд”, – гуфт Бахтовар Темурзода.

Тибқи маълумотии оморӣ дар ноҳияи Ашт 270 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...