Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтаст, тибқи ҳисобҳои пешакӣ моҳи Рамазони имсола 29 рӯзро ташкил дода, ба эҳтимоли зиёд, рӯзи ҷумъа, 21 апрел, Иди Рамазон таҷлил мешавад. Дар ин бора маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” – нашрияи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар медиҳад.
Баъди зуҳри имрӯз, 12-уми апрел, ин маҷалла навишт, ки “аввали ҳафтаи оянда ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо ҷиҳати муайян намудани рӯзи Иди Рамазон баргузор мегардад” ва рӯзи дақиқи таҷлили идро маълум мекунад.
Бояд гуфт, ки имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март оғоз гардида буд.
Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 32 ҳазор сомонӣ, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи авали моҳи апрел оғоз гардида буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».
Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.
Соли гузашта моҳи Рамазон 2-юми апрел оғоз гардида, 2-юми май Иди Рамазон таҷлили гардида буд.