spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Барои дуову савоб. Марказе дар Хуҷанд 7 сол аст ба ниёзмандон либосу пойафзоли ройгон медиҳад

Маркази хайру эҳсон дар шаҳри Хуҷанд барои камбизоатону ниёзмандон либосҳои бачагона, занонаву мардона ва пойафзолро ройгон медиҳад. Ин марказ ҳатто барои ниёзмандони манотиқи Суғд низоми колорасонии бепулро низ ба роҳ мондааст.

Марказро Нӯъмон Ҳасанов, сокини шаҳри Хуҷанд ташкил кардааст. Ӯ мегӯяд, дар ин ҷо айни замон наздик 10 ҳазор либосҳои бачагона, занонаву мардона ва пойафзол ҳаст, ки ҳамаашон тоза ва қобили истифодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, “дар аввал теъдоди гирандагон назар ба саховатмандон бештар буд, ҳоло баръакс шудааст. Пештар барои як нафар танҳо гирифтани се адад либос иҷозат буд, ҳоло маҳдудият нест. Фақат мо мегӯем, ки бурда шустушӯ кунед ва нафурӯшед”.

“Дар муқоиса ба семоҳаи аввали соли гузашта, ҳоло миқдори гирандагон 6 маротиба зиёд шудааст. Мо аз ҳисоби зиёд будани либос як нафар шахси савобҷӯйро пайдор кардем, ки худашон нақлиёт ташкил намуда, либосҳоро ба деҳаҳои дурдаст бурда, тақсим мекунанд. То имрӯз ба ноҳияҳои Мастчоҳ қитъаи 1-ум, Айнӣ, Панҷакент, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ низ либосҳо равона кардем”, – мегӯяд Нӯъмон Ҳасанов.

Мавриди зикр аст, ки ба Маркази хайру эҳсон шаҳрвандон либос, ашёҳои рӯзгор, пойафзол ва дигар лавозимоте, ки зиёдатӣ асту истифода намебаранд, овада месупоранд. Шахсони ниёзманд бошанд, аз ин ҷо барои худ чизҳои даркориашонро ройгон мегиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нӯъмон Ҳасанов

“Мардум шарм надоранд”

Сӯҳроб Абдукаримов, устои сохтмон аст ва наздик як сол мешавад, ки аз ҳамин ҷо либосҳоро гирифта, ба ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла Ашт, Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ мебарад.

Ӯ мегӯяд, “дар ноҳияи Мастчоҳ замоне кор мекардам. Он ҷо савдогарон либосворӣ оварданд, вале  барои 1 ё 2 сомонӣ шуда, савдои фурӯшанда ва харидор намепухт, яъне мардум қимат гуфта намехариданд, тоҷир арзон додан намехост. Баъд ғояи ройгон оварда тақсим кардани либос аз Маркази хайру эҳсон пайдо шуд”.

“Албатта, мо ба бозор намебарем, то ки кори савдогаронро суст накунему ҷангҷол нашавад. Мо ба маҳаллаҳо мебарему ба сокинони ниёзманд ройгон медиҳем”, – таъкид мекунад Абдукаримов.

Сӯҳроб Абдукаримов ҳамин тавр меафзояд, ки “ин корро барои савоб анҷом медиҳам. Вақте ки мегӯянд, либосҳо ҷамъ шудааст, баъд мошин ташкил карда мебарам. Мардум бениҳоят хурсанд мешаванд, бисёр дуо мекунанд. Мардум изо накашанду шарм надоранд гуфта, ба телефон сабт намекунам. Он ҳолатро бинед, бисёр аҷоиб аст. Нав аз деҳаи Ятимҷуқа телефон карда хоҳиш намуданд, ки либос барем. Ҳоло ба он ҷо мебарем”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сӯҳроб Абдукаримов

Нӯъмон Ҳасанов мегӯяд, ки агар чунин иқдомҳоро мақомотии маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ кунанду ҳамин хел нуқта ташкил намоянд, бисёр кори хуб мешавад.

“Танҳо шахсеро ёфтан лозим аст, ки ба чунин корҳои хайр машғул шавад. Масалан, ман 7 сол мешавад, ки барои ин корам ягон хел музд намегирам, танҳо барои дуову савоб ва хайрот кор мекунам, ҳатто маблағи барқи ин ҷоро, ки мисли корхонаи тиҷоратӣ нархгузорӣ шудааст, аз ҳисоби худам медиҳам. Ин макон аз они як нафар хайрхоҳ аст. Мо  аз ягон нафар маблағи пулӣ қабул намекунем” – меафзояд номбурда.

Ӯ иброз медорад, ки саховатмандон метавонанд танҳо либос, пойафзол, асбобу анҷоми рӯзгор ва озуқа хайрот кунанд.

Ба таъкиди муассис, моҳи гузашта, як нафар 50 кг равған, 50 кг шакар, 100 кг орд оварданд. Мо ба ниёзмандоне, ки бениҳоят мӯҳтоҷанд, тақсим карда додем

“Мӯҳтоҷоне, ки либос харида наметонанд, ин ҷо ройгон мегиранд”

Сокини ноҳияи Восеъ Исломиддин Самадов бошад, яке аз онҳост, ки моҳе як маротиба омада либос мегирад. Ӯ 4 сол мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд ба мардикорӣ машғул аст.

“Ҳоло дар Хуҷанд барои манзили иҷора моҳе 300 сомонӣ маблағ медиҳам. Гоҳе кор ҳаст, гоҳе нест. Раҳмат ба он нафароне, ки чунин корро ташкил кардаанд. Худо хайрашона ба даргоҳаш қабул кунад”, – мегӯяд Исломиддин.

Элзира Сафарова дар ноҳияи Зафаробод зиндагӣ мекунад. Дар Хуҷанд аз ташкили чунин Марказ бохабар гаштааст. Вай низ барои гирифтани либос омадааст.

“Раҳмат ба одамоне, ки ҳамин корро ташкил кардаанд. Ман ҳам либос гирифтам, пеш аз ман низ одамон омада чизҳои даркориашонро гирифтанд. Шахсоне, ки либосҳои зиёдатӣ доранду истифода намебаранд, дар кӯча напартофта, ба ин ҷо оранд, кори хайру савоб мешавад. Одамоне, ки мӯҳтоҷанду либос харида наметонанд, омада мегиранд, савобаш мерасад”-илова кард Элзира.

Бояд гуфт, тавре ки масъулин иттилоъ медиҳанд, дар ин муддат беш аз 41 ҳазор ниёзмандон аз кӯмакҳои марказ баҳраманд гардидаанд. Миқдори саховатмандон бошанд, наздики 14 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар аввал масоҳати он 16 метри квадратӣ буд, ҳоло 200 метри квадратӣ аст. Айни замон Маркази хайру эҳсон дар маҳҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар назди масҷиди “Нури ислом”-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Ёдовар мешавем, ки аз таъсисёбии Маркази хайру эҳсон дар шаҳри Хуҷанд 7 сол пур шудааст. Аз ин Марказ асосан сокинони ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва гирду атрофи он омада, барои худ либосу ашёҳои зарурӣ мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...