Рӯзи 5 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси сафорати Фаронса, вохӯрии Намояндаи Доимии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Қозидавлат Қоимдодов бо ҷаноби Эрик Любидел – кордори муваққатии Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қанотамандӣ баён намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ омодаанд ҷиҳати рушди барномаҳои дуҷониба дар самтҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод, аграрӣ ва коммуникатсия ҳамкориро давом диҳанд.
Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодов изҳор доштанд, ки Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд ҳар сол ба миқдори муайян барномаҳои гуногун аз ҷониби Агентиҳои он сармоягузорӣ мегарданд, ки онҳо низ ба пешбурди зиндагии мардум нигаронида шудаанд.
Ҷаноби Любидел қайд намуд, ки кишвараш аз фаъолият ва дастгирии самтҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон истиқбол намуда, омода аст фаъолияти онро дар доираи қобилиятҳои худ дастгирӣ намояд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ омодаанд чунин вохӯриҳо баргузор намуда, масъалаҳои ҳалталаб ва муҳимро баррасӣ намоянд.