spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шӯрои уламо: Қаллобон аз номи Саидмукаррам Абдуқодирзода сӯистифода мекунанд, бовар накунед

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз истифодаи номи Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтии Тоҷикистон аз сӯи қаллобон барои ба даст овардани даромади муфт дар фазои Интернет хабар дода, аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ба он бовар накунанд ва “фирефтаи найранги ашхоси қаллобу фиребгар нашаванд”.

Ин ниҳоди динии кишвар бо нашри як баёния гуфтааст, ки имрӯзҳо баъзе нафарони қаллоб дар фазои интернет бо мақсади ба даст овардани даромади муфт роҳу равишҳои нодуруст ва ғайришаръиро истифода мебаранд.

Ишораи Шӯрои уламои кишвар ба он аст, ки вақтҳои охир қаллобон бо танзими сохтакоронаи наворҳои баргирифта аз интернет ва сӯиистифода аз аксҳои чеҳраҳои маъруфу соҳибмақом аз иқдомҳои хайриявӣ хабар медиҳанд.

“Аз ҷумла, дар яке аз наворҳои қаллобон акси Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода истифода гардида, зоҳиран чунин вонамуд мегардад, ки гӯё амали ин тоифа аз тарафи Шӯрои уламо тасдиқ гардида бошад”, – омадааст дар баёнияи Шӯрои уламо.

Ин ниҳод, аз аҳолии кишвар хоҳиш кардааст, ки “фирефтаи найранги ашхоси қаллобу фиребгар нашаванд ва барои дастрас намудани маълумоти дақиқ роҷеъ ба ҳар гуна масоили мавриди назарашон ба сомонаи Шӯрои уламо муроҷиат намоянд”.

“Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, (аз хавфи) он ки ба нодонӣ қавмеро зарар расонед…” (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 6)”, – иқтибос овардааст Шӯрои уламо

Ёдовар мешавем, ки тайи чанд вақти охир, қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, “Гасзпромнефт” ва шахсиятҳое, чун шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар тариқи интернет бо баҳонаи иқдомҳои хайриявӣ сокинонро фиреб медиҳанд.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Фейк. Ҳушдори ВКД аз қаллобоне, ки бо истифода аз номи “Газпром” аҳолиро фиреб мекунанд

Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилои фейкие мечархад, ки гӯё бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия 12 ҳазору 130 рубли русӣ кумаки пулӣ дода мешавад.

Дастандаркорони ин фейк аз корбарон хоҳиш мекарданд, ки барои гирифтани маблағ 830 рубл (комисияи интиқол) пардохт карда, рақами корти бонкии худро ворид кунанд. Санҷиши мо маълум кард, ки ин иттилоъ фейк аст.

Дар робита ба ин, чанде пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо нашри як эълон ба аҳолӣ ҳушдор дод, ки ба навори тарғиботӣ оид ба ҷудо гардидани маблағ аз ҷониби ширкат ва шахсиятҳо тавассути интернет ба сокинони Тоҷикистон бовар накунанд.

Ба таъкиди ин ниҳод, чунин навор “аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ… дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук” ва “Инстаграм” нашру паҳн мешавад”. Вале то кунун дар бораи боздошти ягон нафаре бо иттиҳоми даст доштан дар сохтан ва паҳн кардани ин силсилаҳои қаллобӣ гузориш нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...