Бар асари таъсири одамон ба табиат бисёре аз навъҳои ҳайвонот ва растаниҳо дар ҳоли нобудшавӣ қарор доранд.
Олимони тоҷик мегӯянд, шумори онҳо зиёда аз 250 навъи ҳайвонот ва ҳудуди 230 навъи растаниҳо мебошанд.
Чунин омилҳоро онҳо аз ҷумлаи сабабҳои камшавии ҳайвоноту наботот медонанд:
– Азхудкунии заминҳо бо мақсади корҳои кишоварзӣ;
– Васеъ шудани қаламрави чаронидани чорвои хонагӣ;
– Шикори ғайриқонунӣ;
– Тибби мардумӣ.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар як нишасти матбуотӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки ба далели аз байн рафтани баъзе намудҳои ҳайвонот ва баръакс, афзоиши теъдоди дигар, Китоби Сурхи Тоҷикистон аз нав нашр мешавад.
“Баъзе ҳайвонот пурра нест шуданд. Мо ният дорем, ки онҳоро аз китоб хориҷ кунем. Спршумори баъзе дигар, баръакс, афзуд. Онҳоро низ хориҷ карданием”, – изҳор дошта буд вай.
Дар бораи нашри сеюми китоб дар бораи ҳайвоноти нодири Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта маълум шуд. Ин масъала дар мизи корӣ бо иштироки олимон ва мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Акдемияи миллии илмҳои ҶТ ва намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута баррасӣ шуд.
Он замон иштирокчиёни мизи гирд тасмим гирифтанд, ки ба корҳои омӯзишу таҳияи нашри нави “Китоби сурхи Тоҷикистон” дар аввали соли 2023 оғоз бахшида, онро то охири сол ба охир расонанд.
“Айни замон таҳқиқот идома дошта, экспедитсияҳо гузаронида мешаванд. Масоили рушди ҳайвоноту наботот мавриди омӯзиш қарор гирифта, маводи илмӣ коркард мешавад”, – гуфтанд дар Кумита ва Академия.
Аввалин Китоби сурхи Тоҷикистон соли 1988 нашр шуда, дар он 162 навъи ҳавонот ва 226 навъи растаниҳо зикр шуда буданд. Соли 2015 нашри дуюми Китоби Сурх ба чоп расида, он 267 навъи растаниҳо ва 222 навъи ҳайвонотро дар бар мегирифт.
Тибқи маълумоти охирин, дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот ва ҳудуди 5 ҳазор навъи наботот зиндагӣ мекунанд. Макони зист в анашъунамои 80 фоизи тамоми намудҳои хайвонот ва наботот дар минтақаи кӯҳистон аст.