spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон низоми давлатии IMEI-рамзҳо ҷорӣ шуд. Маънои онро шарҳ медиҳем

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ду сол қабл ҷиҳати воридоти рамзҳои-IMEI-и ҳамаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ Қарори дахлдор ба тасвиб расонида буд. Воқеан вориднамоии рамзҳои IMEI ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз 1-уми феврали соли 2023 мавриди амал қарор гирифт.

Алҳол дар бораи чигунагии ин Системаи давлатӣ, корҳои анҷомёфта ва маълумотнокии аҳолӣ аз ин Система шарҳ хоҳем дод.

Рамзи IMEI чист?

Ихтисори рамзи IMEI ҳамчун International mobile equipment identifier хонда мешавад, ки тарҷумааш “Рамзи муайянсозии ягонаи байналмилалӣ” мебошад.

Ин рақами силсилавиест, ки аз 15 рақам иборат буда, дар варақаи кафолатии дастгоҳ, зери аккумулятори баъзе дастгоҳҳо, дар қуттии телефон ва ё дигар дастгоҳе, ки SIM-корт қабул мекунад, нишон дода мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон ба сабти IMEI-кодҳо омодагӣ мегиранд. Ин бепул аст

Барои фаҳмидани рамзи IMEI-и дастгоҳи худ, Шумо бояд дархости * #06# рақамчинӣ намоед. Ин дастур барои телефонҳо аст ва муҳим нест, ки Шумо аз кадом оператори мобилӣ истифода мебаред. Он рамзи IMEI ё рамзҳои IMEI-и дастгоҳи Шуморо нишон медиҳад (агар он ба ду ё зиёда сим-корт корт хидматрасонӣ кунад).

Система метавонад, ки бо хоҳиши муштарӣ, рамзи IMEI-и телофони мобилии гумшуда ва дуздидашударо ба руйхати телефонҳои мобилии манъшуда ворид намояд ва ё ба рӯйхати сиёҳ илова намояд, то ки истифодаи онро аз ҷониби шахсони бегона пешгирӣ намояд.

Маҳз бо ёрии рамзҳои IMEI мақомоти милитсия далели гум шудани телефонро ба қайд гирифта, ба ҷустуҷӯи он машғул мешаванд.

Кадом дастгоҳҳо бояд ба махзан (база)-и рамзҳои IMEI ворид карда шаванд?

Ҳамаи дастгоҳҳои барқие, ки бо ёрии SIM-корт фаъолият мекунанд.

Ҷараёни воридкунии рамзҳои IMEI ба махзан чӣ гуна аст ва барои ин чӣ кор бояд кард?

Вориднамоии рамзҳои IMEI ба Системаи давлатии  муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ амалан аз 1 феврали соли 2023 оғоз ёфтааст.

Мувофиқи Қарори Ҳукумат, аз лаҳзаи ҷорӣ намудани Система воридкунии рамзҳои IMEI дар давоми 3 моҳ дар асоси таҷрибавӣ ба таври ройгон тариқи низоми автоматӣ бо роҳи пайвастшавӣ (фаъолкунӣ) ба шабакаҳои операторони алоқаи барқӣ амалӣ карда мешавад. Яъне, ҳамаи таҷҳизоте, ки бо симкорти операторони алоқаи мобилии маҳаллӣ кор мекунанд, ба таври автоматӣ ба маҳзани миллии рамзҳои IMEI ворид карда мешаванд.

Телефонҳое, ки бо ду ё зиёда аз он SIM-кортҳо кор карда метавонанд, шумораи дахлдори рамзҳои IMEI доранд ва мутаносибан барои ворид намудани ҳамаи рамзҳои IMEI ба Система, симкортро ба кортҷо (слоти) дар дастгоҳ мавҷудбуда, гузоштан зарур аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рамзи IMEI-и дастгоҳи мобилӣ ба махзан як маротиба ворид карда мешавад, воридкунии иловагӣ талаб карда намешавад, ҳатто дар ҳолати гузаштан аз сарҳад.

Бояд зикр кард, ки дар махзани миллӣ танҳо рамзи IMEI пайдо мешавад ва ҳеҷ гуна алоқамандӣ ба маълумоти шахсии шаҳрвандон вуҷуд нахоҳад дошт. Масалан, шаҳрвандоне, ки аллакай дастгоҳҳои мобилии фаъол доранд, ба Системаи давлатӣ ворид шуданро ҳатто пай намебаранд, он ба таври автоматӣ анҷом дода мешавад.

Санҷиши мақоми дастгоҳи мобилӣ дар махзани ягонаи миллӣ бо рақамчинии рақами *3366# дар дастгоҳи худ ё дар вебсайти www.imei.tj имконпазир аст.

Агар телефонамро дар кишвари дигар харида бошаму онро дар Тоҷикистон истифода мебарам. Дар ин ҳолат чӣ?

Шурӯъ аз 1 май ҳамаи телефонҳои воридшаванда, бояд зимни воридшавӣ ба кишвар дар гузаргоҳҳои гумрукӣ аз барасмиятдарории гумрукӣ гузаронида шаванд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як шаҳрванд бо тартиби имтиёзнок ва пурра озод будан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, барои истифодаи шахсӣ метавонад ба кишвар ба маблағи на зиёдтар аз 2000 доллар молу амвол ворид намояд. Муқаррароти мазкур ба дастгоҳҳои мобилӣ низ дахл дорад. Агар арзиши дастгоҳҳои мобилӣ ё планшетҳои воридшаванда аз 2000 доллар зиёд, вале на бештар аз 5000 доллар бошад, барои чунин қисмати зиёдшавӣ тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ бо истифода аз меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба миқдори 20 фоизи арзиши гумрукии мол амалӣ мегардад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таъқиб тариқи телефони мобилӣ: оё метавон аз он халос шуд?

Ягона шарт ин аст, ки шаҳрвандоне, ки барои истифодаи шахсӣ бо худ дастгоҳҳои мобилӣ меоранд, бояд дар гузаргоҳҳои гумрукӣ эъломияи (декларатсия) шакли Т-6-ро пур намоянд. Ин имкон медиҳад, ки рамзи IMEI-и дастгоҳи мобилӣ ба махзани миллии рамзҳои IMEI комилан ройгон ворид карда шавад.

Барасмиятдарории гумрукии воридот бидуни пардохтҳои гумрукӣ тариқи зайл сурат мегирад:

1) Дар гузаргоҳи гумрукӣ шахси воқеӣ бояд варақаи эъломияи шакли T-6-ро хаттӣ пур кунад ва рамзи IMEI-и дастгоҳро ҳатман дар сутуни хусусиятҳои мол нишон диҳад.

2) Дар гузаргоҳи гумрукӣ шахси воқеӣ варақаи шакли Т-6-ро тавассути Wi-Fi, ки махсус барои ин кор фаъол аст, онлайн пур мекунад;

3) Бо скан кардани рамзи QR, ки дар гузаргоҳҳои гумрукӣ насб шудааст;

4) Тавассути портали www.imei.tj.

Дар ҳамаи ҳолатҳо майдонҳоро мебояд пур кард: Ному насаб, РМА, силсила ва рақами шиноснома, рақами телефон, рамзи IMEI дастгоҳи мобилӣ (ҳамаи рамзҳои IMEI-и дар дастгоҳи мобилӣ мавҷудбударо зикр кардан лозим аст), боркунии (загрузит) сурати саҳифаи аввали шиноснома, сурати саҳифаи шиноснома, ки дар он далели гузаштани сарҳади гумрукии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ё сурати чиптаи сафар (ба мошин, қатора ё ҳавопаймо савор шудан).

Муҳим аст! Агар шахси воқеӣ гузаштани расмиёти эъломияи шакли Т-6-ро фаромӯш карда бошад, пас ба ӯ зарурияти воридкунии рамзҳои IMEI-и дастгоҳи мобилӣ ва планшет бо пардохти гумрукӣ ба миён меояд.

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши барасмиятдарории гумрукӣ 15% ААИ аз арзиши умумии дастгоҳро ташкил медиҳад.

Ин тартиб танҳо ба телефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва дастгоҳҳои сайёр (аз ҷумла, КПК) дахл дорад, зеро ин дастгоҳҳо аз ҷумлаи таҷҳизоте мебошанд, ки бештар дуздида шуда ё тариқи қочоқ аз дигар кишварҳо ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ташаббуси муайянкунии дастгоҳҳои мобилӣ аз бисёр ҷиҳат самаранокии худро собит кардааст, аз ҷумла таъсири мусбат ба иқтисод, ҷамъоварии шаффофи андоз, коҳиши сатҳи ҷиноятҳо, қаноатмандии шаҳрвандон аз сифати дастгоҳҳо ва хизматрасонӣ.

Соҳибкороне, ки таҷҳизотҳои мобилӣ мефурӯшанд, бояд чӣ кор кунанд?

Ба Системаи давлатӣ вориднамоии рамзҳои IMEI-и дастгоҳҳои мобилии бо мақсадҳои тиҷоратӣ воридшуда, тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби шахсоне, ки дастгоҳҳои мобилиро ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намудаанд, амалӣ карда мешавад.

Барои ин ҳар шахс бо тариқи зерин расмиётро гузашта метавонад:

– Пур кардани эъломияи дахлдор дар гузаргоҳҳои гумрукӣ дар шакли хаттӣ бо зикр кардани рамзҳои IMEI-и ҳамаи дастгоҳҳо;

– Онлайн тариқи кабинети шахсӣ, пешакӣ гузаштани расмиёти бақайдгирии истифодабаранда дар сомонаи www.imei.tj ва боркунии файл дар шакли txt бо рамзҳои IMEI-и ҳамаи дастгоҳҳо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ворид намудани миқдори зиёди телефонҳо ба махзани миллии рамзҳои IMEI набояд мушкилоте ба миён орад, зеро раванди воридкунӣ автоматикунонида шудааст.

Дар Тоҷикистон қочоқи телефонҳо ва планшетҳо як мушкили бузургест, ки ба буҷети кишвар зарари зиёд мерасонад.

Ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2022 ба кишвар расман 64 ҳазору 130 адад дастгоҳи мобилӣ ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, дар кишвар тақрибан 12 млн рамзҳои IMEI мавҷуданд (Эзоҳ: ин шумораи умумии дастгоҳҳои мобилӣ нест, зеро як дастгоҳи мобилӣ метавонад ду ва зиёда рамзи IMEI дошта бошад).

Ҳамакнун воридкунандагони телефону планшетҳои мобилӣ бояд аз расмиёти гумрукӣ гузаранд, вагарна дастгоҳҳое, ки аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузаштаанд, дар шабакаҳои операторони мобилии маҳаллӣ фаъолият карда наметавонанд.

Хадамоти алоқа тавсия медиҳад, ки ҳангоми ба даст овардани таҷҳизоти мобилӣ ва планшетҳо, дар аввал мавҷуд будани рамзи IMEI ин дастгоҳро дар Системаи давлатӣ бо истифода аз рақамчинии фармоиши (*3366#) ё дар сомонаи www.imei.tj санҷидан лозим аст.

Сайёҳон ё хориҷиёне, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ доранд, бояд чӣ кор кунанд?

Агар воситаи мобилии меҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роуминг фаъолият дошта бошад, дар ин ҳолат дастгоҳи мобилии ӯ фаъолияташро идома медиҳад.  Инчунин шаҳрванди хориҷӣ дар давоми 30 рӯз имконияти истифодаи хизматрасониҳои алоқаи мобилиро бе заррурати гузаштани расмиёти воридсозии рамзи IMEI дастгоҳи мобилии худ дар маҳзани миллӣ доранд.

Аммо агар шаҳрванди хориҷӣ нияти будубоши бештар аз 30 рӯз дар қаламрави Тоҷикистонро дошта бошад, пас ӯ бояд дар сарҳад эъломияи шакли Т6-ро пур кунад. Агар вай онро пур накарда бошад ва аз сим-корти операторони алоқаи маҳаллӣ истифода кунад, пас ӯ бояд дар давоми 30 рӯз расмиёти ворид кардани рамзҳои IMEI ба Системаи давлатӣ анҷом диҳад.

Воридсозии рамзҳои IMEI барои чӣ лозим аст?

Таҷрибаи воридсозии маҳзани ягонаи рамзҳои IMEI дар Ӯзбекистон ва Казоқистон ҷорӣ шудааст. Озарбоҷон ва Туркия вориднамоии рамзҳои IMEI-ро ҳануз дар аввали соли 2020 оғоз намуда буданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Хавфи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ. Илоҷ чист? (Чандрасонаӣ)

Дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон таҷрибаи мазкур ба камшавии сатҳи дуздии телефонҳо оварда расонид. То соли 2018 бо 60 ҳазор адад будани ҳаҷми ҳамасолаи дуздии дастгоҳҳои мобилӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 5% дастгоҳҳои дуздидашударо ба соҳибонашон бармегардониданд. Қатъи хизматрасонии алоқаи мобилии дастгоҳҳои дуздидашуда ҳодисаҳои дуздии дастгоҳҳои мобилиро барои то сифр овардан мусоидат намуд.

Дуздии дастгоҳҳои мобилӣ бо мақсади фурӯши дубора ва истифодаи минбаъдаи дастгоҳи мобилӣ дар қаламрави Тоҷикистон ғайриимкон мегардад, зеро низом метавонад дастрасӣ ба шабакаҳои мобилиро барои ин дастгоҳ қатъ кунад ва он барои истифода тибқи таъинот комилан корношоям мегардад.

Инчунин, ҷорисозии махзани рамзҳо IMEI метавонад дастрасӣ ба ҳама телефонҳои қалбакиро қатъ кунад. Аксар вақт чунин дастгоҳҳо қалбакӣ буда, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд.

Бори дигар хотиррасон мекунем, ки санҷиши мақоми дастгоҳ бо ёрии барчинии дастури USSD (*3366#) ё дар сайти www.imei.tj имконпазир аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...